Алоуддин Баҳоуддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алоуддин Баҳоуддинов
Баҳоуддинов Алоуддин Маҳмудович
Таърихи таваллуд 5 декабр 1911(1911-12-05)
Зодгоҳ ноҳияи Сиёб, Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 23 феврал 1970(1970-02-23) (58 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин Институти ҳизбии назди КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, филиали Институти марксизм-ленинизми назди КМ ҲКИШ, Академия илмҳои ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Академияи педагогии Самарқанд
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»

Алоуддин Баҳоуддинов (5 декабр 1911, Самарқанд, Вилояти Самарқанд, Русияи подшоҳӣ23 феврал 1970, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — файласуф, академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1953), доктори илмҳои фалсафа (1951), профессор (1952), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1961), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Алоуддин Баҳоуддинов соли 1931 Академияи омӯзгории шаҳри Самарқандро тамом карда, таҳсилро солҳои 1931—1934 дар аспирантураи академияи мазкур давом дод. Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқанд кори илмӣ мебурд. Солҳои 1928—1930 муаллими Академияи омӯзгории шаҳри Самарқанд, 1931—1934 дотсенти кафедраи психологияи академияи мазкур буд. Соли 1934 ӯ вазифаи муовини раиси Шӯрои Комисарони халқии ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Солҳои 1941—1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст. Солҳои 1946—1950 дар Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1936—1940 ва 1946—1951 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко дарс дода, солҳои 1951—1959 мудири Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон ва дар як вақт солҳои 1955—1962 вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба уҳда дошт. Солҳои 1961—1970 Алоуддин Баҳоуддинов директори Институти ҳизбии назди КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва филиали Институти марксизм-ленинизми назди КМ ҲКИШ буд. Ҳамзамон соли 1957 дар мактаби олии ҳизбии назди КМ Ҳизби меҳнаткашони Виетнам материализми диалектикӣ ва таърихиро дарс додааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Алоуддин Баҳоуддинов барои тадқиқоти илмии «Ақидаҳои фалсафии Ибни Сино» ба унвони номзади илми фалсафа (1948) ва барои рисолаи илмии «Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX» ба унвони доктори илми фалсафа (1951) мушарраф шудааст. Асарҳои асосии ӯ ба таърихи фалсафа ва афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик бахшида шудаанд. Муаллифи асари «Доир ба масъалаи муттаҳидии миллати тоҷик» (1957), «Очеркҳои таърихи фалсафаи тоҷик» (1961). Яке аз муаллифони «Очеркҳои таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон» (Душанбе, 1964, 1969) ва «Таърихи ташкилотҳои коммунистии Осиёи Миёна» (Тошкент, 1967). Тарҷума ва нашри асари Ибни Сино «Донишнома» ба забони русӣ саҳми босазои ӯст. Дар илм ӯ доир ба таҳлили ақидаҳои фалсафа ва иҷтимоии мутафаккирон Ибни Рушд, Ибни Боҷа, Ибни Халдун, инчунин фалсафаи ихвонуссафо асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Тадқ. фалсафа ва афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар асрҳои XIX—XX, ақоиди фалсафи-иҷтимоиӣ асосгузори маорифпарварӣ Аҳмади Дониш, ҳамзамонон ва паӣравони ӯ — Шоҳин, Асирӣ, Сиддиқӣ, Айнӣ ва диг.

Сафарҳои илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Алоуддин Баҳоуддинов иштирокчии Конгресси IV умумиҷаҳонии сотсиологҳо дар Италия (1957), сардори ҳайати вакилони файласуфони шӯравӣ дар конгресси сотсиологҳои Ҳиндустон ва Покистон (1963). Дар Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҳизби меҳнаткашони Ветнам аз материализми диалектикӣ ва таърихӣ дарс гуфтааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Материалҳо аз фанни педагогика. — Сталинобод, 1940;
  • Материалы по педагогике. — Сталинабад, 1940;
  • Философские взгляды Авиценны в его книге «Дониш-намэ». — М., 1947;
  • Сиасет-намэ. Книга о правлении вазира XІ столетия Низам ал-Мулька. — М., 1949;
  • Из истории общественно-политической мысли таджикского народа второй половины XІX и начала XX вв: Дисс…доктора философ. наук. — М., 1950;
  • Развитие столицы Таджикской ССР. — Сталинабад, 1952 (соавтор);
  • Ибни Сина. Даниш-намэ. Книга знания. Перевод и предисловие. — Сталинабад, 1957;
  • К вопросу о консолидации таджикской нации. — Сталинабад, 1957;
  • Основы диалектического материализма. — Ханой, 1958 (на вьетнамском языке);
  • Марҳалаҳои асосии таърихи тараққиёти фалсафа. — Сталинобод, 1959;
  • Очерки по истории таджикской философии. — Сталинабад, 1961;
  • Роль русского рабочего класса в исторических судьбах таджикского народа. — Д., 1967 (соавтор);
  • Избранные произведение. — Д., 1980;
  • Очерки по истории таджикской философии. — Д., 2011.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Орденҳои Ленин (1945),
  • Байрақи Сурхи Меҳнат (1948),
  • Нишони Фахрӣ (1956),
  • Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1961)
  • Ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино (1967).
  • медалу ифтихорномахо мукофотонида шудааст.

Некдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба номи ӯ Пажуҳишгоҳи фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Алоутдин Махмудович Богоутдинов. Библиография. — Д., 1961, (нашри 2-юм 1971);
  • Богоутдинов Алоуддин Махмудович. Материалы к библиографии ученых Таджикистана. — Д., 1981;
  • Олимов К. Машъали роҳи хирад. — Д., 2011; А. М. Богоутдинов-основатель нового исследования философия. — Д., 2011.
  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с.33-34
  • Энсиклопелияи советии ҶШС Тоҷикистон. Ҷилди 2. — Душанбе, 1989.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]