Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алоуддин
форсӣ: علاءالدين محمد‎ - Абдулфатҳ Муҳаммад ибни Текеш ибни Эл-Арслон Хоразмшоҳ
1200 — 1220
Пешгузашта Алоуддин Текеш
Ҷонишин Ҷалолуддин Мангубердӣ

Таваллуд 1169
Даргузашт декабри 1220 ё 1220[1]
Дудмон Хоразмшоҳиён
Падар Алоуддин Текеш
Модар Terken Khatun[d]
Ҳамсар Ay-Chichek[d]
Фарзандон Ҷалолуддин Мангубердӣ
Эътиқод суннӣ ва ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алоуддин (форсӣ: علاءالدين محمد‎; Абдулфатҳ Муҳаммад ибни Текеш ибни Эл-Арслон Хоразмшоҳ (Муҳаммади Хоразмшоҳ); ? — 1219) — ҳаштумин шоҳи Хоразм аз силсилаи хоразмшоҳони ануштегинӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои ҳукуматаш (1200—1220). Алоуддин фарзанди Текеш буд, ки насаб аз қипчоқиён дошт. Алоуддин лақаби «Қутбиддин» ва баъдҳо «Искандари сонӣ»-ро ба худ гирифт. Вай баъзе шоҳзодагонро саркӯб намуда пас аз муборизаҳои муҳимтарин бахшҳои Хуросонро ба тасарруфоти худ даровард. Соли 1201 Ғиёсиддини Ғурӣ бархе аз навоҳии Хуросон (Марв, Насо, Балх, Сарахс ва Абевард)-ро фатҳ кард ва сипас Нишопурро ба муҳосира гирифт. Алоуддин алайҳи Ғиёсиддин равон шуд ва Ҳиротро ба муҳосира гирифт, вале натавонист муваффақ шавад, ночор ба Марв баргашт ва пас аз ду моҳ Нишопурро ишғол кард. Сипас Сарахс ҳам ба воситаи хоразмшоҳон тасарруф шуд. Дар ин миён Ғиёсиддин даргузашт (янв. 1203) ва Алоуддин Ҳиротро соҳиб шуд (1204). Пас аз ин Бодғис низ тобеи Алоуддин шуд. Алоуддин алайҳи ғуриён лашкар кашид ва Марврудро дубора ба тасарруфи худ даровард. Дар ин байн Шиҳобиддини Ғурӣ даргузашт (1206), давлати Ғуриён пош хӯрд ва навоҳии дигари Хуросон, ки таҳти ҳокимияти Ғуриён буданд, ба Алоуддин таслим шуданд.

Ҳокими Самарқанд ва Бухоро Усмон аз Алоуддин барои ҷанги зидди қарахониён кумак хост, вале дар ҷанг Алоуддин шикаст хӯрд ва ба асорати қарохониён афтод. Овозаи шикасти Алоуддин ба тамоми Хуросон паҳн шуд ва волиёни навоҳӣ сарпечӣ кардан гирифтанд. Алоуддин бо мушкилоти бисёре тавонист дубора Хуросонро фатҳ кунад (1206 — 08). Соли 1207 байни сипоҳиёни Алоуддин ва қарахониён набарди сахте рух дод ва Алоуддин ғолиб шуд. Тамоми шаҳру вилоёти Мовароуннаҳр ба тасарруфи Алоуддин даромад ва хоразмшоҳ лақаби «Искандари сонӣ»-ро бар худ гирифт. Ҳамин тавр, Алоуддин пас аз нобуд сохтани давлати Ғуриён ва Қарахониён мулкҳои Мозандарон, Кирмон, Систон ва атрофи ин манотиқро то соҳилҳои дарёи Уммон ба қаламрави худ даровард. Пас аз ин, хост то аз халифаи аббосӣ Носируддин таъйиди ҳукумат бигирад, чун то ин замон хутба ба номи Оли Буя хонда мешуд. Аммо халифа дархости ӯро рад намуд. Алоуддин соли 1218 бо мақсади барандохтани халифа ба сӯи Ироқ лашкар кашид ва озими Бағдод шуд, вале бар асари сармои шадид ногузир ба Хоразм баргашт.

Дар Нишопур фармон дод, ки номи халифаро дар хутба ҳазф кунанд. Дар ин ҳангом дар ноҳияҳои марзӣ аз ҷониби шарқ қабилаҳои найманҳо бо сарварии Кучлукхон таҳдид оғоз карданд ва Алоуддин онҳоро шикаст дод. Ба ин тартиб хоразмшоҳиён фармонравои давлатдорие шуданд, ки аз марзҳои Ҳинд то саросари Осиёи Хурд густурда буд ва дар шим. шарқ то марзи Чин расид. Чоч ва Фарғона низ тобеи Алоуддин шуданд. Аммо ин пирӯзии султон Алоуддин дере напойид. Тирамоҳи 1219 Чингизхон ба Мовароуннаҳр ҳамла кард ва Алоуддин ба ҷониби Баҳри Каспий (Хазар) гурехт. Чингизхон сипаҳсолорони варзидаи хеш Субетой Баҳодур ва Ҷебенӯйинро ба таъқиби султон фиристод. Саранҷом Алоуддин дар ҷазира Ошур — Одаи кунунӣ, дар халиҷи Астаробод (1219) даргузашт. Тибқи дастури писараш Ҷалолуддин ҷасади Алоуддинро ба қалъаи Ардахон интиқол доданд. Аммо пас аз тасарруфи ин қалъа ба воситаи муғулон, колбуди султон Алоуддин ба Қароқурум интиқол дода ва бо дас тури ӯктойқоон дар ҳузури ашрофи муғул сӯзонда шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]