Jump to content

Алӣ Аҳ­мадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алӣ Аҳ­мадов
Аҳ­мадов Алӣ Алиевич
29 июли 1944 — июни 1946
Ҷонишин Ҷаббор Расулов

Таваллуд 16 (29) январ 1911
Даргузашт 11 феврал 1971(1971-02-11) (60 сол)
Фаъолият дипломат
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурх ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Алӣ Алиевич Аҳмадов (16 [29] январ 1911, Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон11 феврал 1971, Душанбе) — арбоби давлатии шӯравӣ ва тоҷик, Комиссари халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1944—1946).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Алӣ Аҳмадов 16 январи соли 1911 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи мӯзадӯз таваллуд шудааст. Дар шаҳри Самарқанд мактаби дусолаи русии маҳаллӣ ва сипас техникумро бомуваффақият хатм кард. Соли 1935 бошад дар Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкант таҳсилро ба анҷом расонд. Алӣ Аҳмадов забонҳои инглисӣ ва арабиро хуб медонист.

  • 1930—1935 — донишҷӯи Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкант;
  • 1935—1940 — кор дар вазифаҳои мухталиф дар соҳаи хоҷагии оби вилояти Ленинобод, то вазифаи сардори хоҷагии оби вилоят, сипас роҳбари қисми тоҷикистонии сохтмони Канали калони Фарғона;
  • 1940—1944 — Комиссари халқии хоҷагии оби ҶСШ Тоҷикистон;
  • 1944—1946 — Комиссари халқии корҳои хориҷии ҶСШ Тоҷикистон[1].

Сипас дар вазифаҳои муовини вазири хоҷагии оби ҷумҳурӣ, омӯзгори Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд, сарвари Институти масъалаҳои оби Тоҷикистон кор кард.

Дар оғози солҳои 60-ум мушовири масъалаҳои обёрӣ дар Афғонистон буд. Баъди бозгашт аз Афғонистон дар вазифаи сардори шуъбаи равобити берунии «Средазсовнархоз» дар шаҳри Тошканд кор кард.

То бознишастагӣ муовини роҳбари иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» буд.

Рутбаи дипломатиаш — Сафири Фавқулода ва Мухтор, бо унвони «Ирригатори хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» мушарраф гардида буд.

Роҷеъ ба масъалаҳои обёрӣ ва хоҷагии об беш аз 60 асари илмӣ ба чоп расонидааст.

Алӣ Аҳмадов 11 феврали соли 1971 даргузашт.

  1. Вазирони корҳои хориҷӣ. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.