Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
кӯтоҳ: ВКХ ҶТ | |
Иттилооти куллӣ | |
Кишвар | |
Қаламрави додрасӣ | Тоҷикистон |
пешинаи |
Комиссариати халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Роҳбарӣ | |
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Вазири масъул | Сироҷиддин Аслов |
Вебгоҳ | mfa.tj |
Вазорáти корҳóи хориҷи́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ намуда, ба фаъолияти ниҳодҳои хадамоти дипломатӣ ва консулгарӣ роҳбарӣ мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ниҳоди корҳои хориҷии Тоҷикистони Шуравӣ дар асоси Қонун «Дар бораи ташкил додани Комиссариати халқии корҳои хориҷии иттифоқӣ-ҷумҳуриявӣ» (12.05.1944) таъсис дода шуда, ҳамагӣ 11 нафар корманд дошт. Дар тӯли 65 сол номи ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон 5 бор тағйир ёфт: Комиссариати халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (12.05.1944–06.1946), Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (06.1946–31.08.1991), Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31.08.1991–10.01.1992), Вазорати робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10.01.1992–20. 07.1992). Аз 20.07.1992 – Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
То солҳои 1946–1989 роҳбарии ниҳоди мазкурро ҳамзамон раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ва муовинони раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ба уҳда доштанд. Вазифаву салоҳиятҳо ва сохтори идоравии он ҳамчун зерсохтори Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС маҳдуд буданд.
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Тӯли солҳои истиқлолият сохтори вазорат такмил дода ёфта, айни ҳол (2022) дастгоҳи марказии вазорат иборат аст:
- Роҳбарият (вазир, муовини якуми вазир ва чор муовин);
- Гурӯҳи сафирони супоришҳои махсус;
- Сарраёсати консулӣ;
- Раёсати кадрҳо;
- Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка;
- Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо;
- Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором;
- Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- Раёсати таҳқиқоти стратегӣ;
- Раёсати созмонҳои байналмилалӣ;
- Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ;
- Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ;
- Раёсати ташрифоти давлатӣ;
- Раёсати иттилоот ва матбуот;
- Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ;
- Раёсати молиявӣ;
- Раёсати корҳо;
- Шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО;
- Шуъбаи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ;
- Шуъбаи Созмони ҳамкории Шанхай;
- Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
- Шуъбаи тарҷума;
- Шуъбаи сохтмон;
- КВД «Тоҷикдипсервис» назди ВКХ ҶТ;
Вазифаҳо ва самтҳои фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Вазорат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, барои баланд гардонидани саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд; стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад; роҷеъ ба масъалаҳои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси таҳлили ахбори вобаста ба маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо омода ва манзур менамояд.
Вазорат лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, оид ба бастан, иҷро намудан, қатъ кардан ва боздоштани амали шартномаҳо таклифҳо омода ва пешниҳод менамояд; бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтушунидҳо анҷом медиҳад; ҷиҳати иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати умумӣ бурда, дар тайёр намудани таклифҳо оид ба мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо уҳдадориҳои байналмилалӣ иштирок менамояд. Вазорат дар таҳияи сиёсат ва чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудофиа ва амният, ҳамчунин густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва молиявӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар шаклҳои алоқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок менамояд; иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти СММ, САҲА, ИДМ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, конференсияҳо, форумҳо таъмин намуда, баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмин менамояд.
Вазорат таъминоти ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воситаҳои ахбори умуми давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд; барои паҳн намудани ахбор дар хориҷи кишвар оид ба сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар мусоидат менамояд; дар таъмини маросими ташрифотӣ ҳангоми мубодилаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ иштирок намуда, ҳамчунин аз болои иҷрои имтиёз ва масуниятҳои дипломатӣ ва консулӣ назорат мебарад; ба амалӣ намудани робитаҳои байнипарламентӣ ва дигар робитаҳои хориҷии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти консулиро ташкил намуда, бо тартиби муқарраргардида хидматрасонии консулӣ, ахборӣ-машваратӣ ва дигар намуди хидматрасониҳоро анҷом медиҳад; дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанонеро, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, таъмин менамояд; ҳуҷҷатҳои шиносномавӣ – раводидиро ба расмият медарорад; имзоҳои шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳуҷҷатҳое, ки барои фиристодан ба хориҷи кишвар муайян шудаанд, тасдиқ менамояд ва таъйид намудани ҳуҷҷатҳои хориҷиро ба амал мебарорад.
Дастовардҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дастоварди нодиртарини миллат дар даврони истиқлолият ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Сафоратҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон фақат дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Намояндагии ваколатдори кишварро таъсис дода буд, ки баъдан 18 декабри 1993 ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия табдил дода шуд. 18 январи 1994 нахустин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари давлати хориҷӣ эътимоднома супорид. Ҳоло (2022) дар кишварҳои хориҷӣ 29 намояндагии дипломатии Тоҷикистон, инчунин намояндагиҳои доимии ҷумҳурӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ амал мекунанд, инчунин 5 консулгарии генералӣ ва 3 консулгарии кишвар дар хориҷа фаъолият доранд. Соли 1993 дар Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд ва соли 1994 дар Олмон нахустин сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ба фаъолият оғоз намуд. Соли 1995 дар Эрон ва Туркия, 1997 дар Хитой, Австрия, Беларус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон моҳи январи 2002 дар Кобул ба фаъолият шурӯъ намуда, худи ҳамон сол сафоратҳои Тоҷикистон дар ИМА ва Белгия (ҳамзамон намояндагӣ дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупо) ба кор оғоз намуданд. Солҳои 2003–2005 сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Покистон таъсис ёфтанд. Баъдан соли 2007 дар Миср, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, соли 2008 дар Британияи Кабир, Озарбойҷон, Украина, Швейтсария (ҳамзамон намояндагӣ дар шуъбаи СММ) ва Амороти Муттаҳидаи Араб сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохтанд. Ҳамзамон консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфаи Русия, Алмаатои Қазоқистон, Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Истанбули Туркия, Мазори Шариф, Қундуз ва Файзободи Афғонистон ҷойгир шудаанд.
То имрӯз 181 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо онҳо муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Ҳоло дар Душанбе сафоратҳои 21 кишвари хориҷӣ фаъолият намуда, 65 давлати дигар сафирони ғайримуқими худро дар Тоҷикистон таъйин кардаанд, инчунин намояндагиҳои аксари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) моҳияту мундариҷа ва дурнамои сиёсати хориҷии кишвар, роҳу василаҳо ва усулҳои амалисозии он ба таври мушаххас инъикос карда шудаанд. Дар он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна ва бисёрсамтае, ки дар асоси эҳтироми мутақобила ва риояи манфиатҳои миллӣ амалӣ мегардад, муайян карда шудааст. Соли 2003 дар асоси санади барномавии мазкур дар муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» эълом гардид. Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои боз» мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард.
Сиёсати иқтисодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд. Ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ, тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводди мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.
Тоҷикистон бунёнгузори форматҳои нави муколама дар доираи кишварҳои форсизабон (сегонаи Тоҷикистон – Афғонистон‒Эрон) ва кишварҳои «Чаҳоргонаи Душанбе» (Тоҷикистон – Русия‒Афғонистон – Покистон) мебошад. «Соли байналмилалии оби тоза» (2003); Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005–2015); «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (2013); Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) ташаббусҳои роҳбарияти ҶумҳурииТоҷикистон дар соҳаи об мебошанд, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таркибаи воқеӣ мукаммал намуд. Ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии чунин технологияҳои нави гуфтушунидро тақозо мекунад, ки онҳо тавонанд ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи самараноки захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд.
Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО
[вироиш | вироиши манбаъ]Пойтахти Тоҷикистон ‒ шаҳри Душанбе ба ҳайси «Шаҳри сулҳ» сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид (2002); «Шашмақом» ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд (2003); бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мусаввараҳои Мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд (2010); бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО «Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир» ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид (2013); дар шаҳри Порис дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт (2013); бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии «60-солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонид (2013); дар шаҳри Порис дар рафти иҷлосияи 37-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо ҶИЭ), 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014–2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд (2013).
Интишорот
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти нашриётии Вазорат хусусан аз соли 2006 вусъат пайдо кард; нашри фаслномаи иттилоотии «Дипломатия Таджикистана» ташкил карда, он аз соли 2007 ба солнома табдил дода шуд. Силсилаи китобҳо дар мавзӯи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Рыночная экономика и международное сотрудничество» (2006), «Тоҷикистон – САҲА: муколама ва ҳамкорӣ» (2009, бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ), «Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» (2009, 2012, дар ду ҷилд, бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ), «Многовекторная дипломатия Таджикистана» (2010), «Хазинаи тилоии тоҷикон» (2010–2013, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, хитойӣ, туркӣ), «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлол» (2011, бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ), «Таджикистан в системе обеспечения региональной безо пасности ОБСЕ» (2011) ба нашр расонида шуданд. Соли 2011 дар назди Вазорат маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ» таъсис дода шуд.
Роҳбарони собиқи вазорат
[вироиш | вироиши манбаъ]Роҳбарони ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон: Алӣ Аҳмадов (29.7.1944–6.1946), Ҷаббор Расулов (22.7.1946–3.1955), Турсун Улҷабоев (29.3.1955–25.5.3.1956), Н. Додхудоев (25.5. 1956–12.4.1961), А. Қаҳҳоров (19.6.1961–20.7.1973), Раҳмон Набиев (20.7.1973–9.12.1981), Р. Юсуфбеков (9.12.1981–5.1984), У. Усмонов (30.5.1984–11.1989), Л. Қаюмов (7. 11.1989–11.5.1992), Х. Холиқназаров (11.5.1992–11.1992), Р. Олимов (11.8.1992–27.12.1994), Талбак Назаров (28.12.1994–30.11.2006), Ҳамрохон Зарифӣ (1.12.2006‒29.11.2013), Сироҷиддин Муҳриддин (аз 29.11.2013)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- mfa.tj — вебгоҳи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)(англ.)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.