Аммиаки беоб
Аммиаки беоб, NН3 — моеи беранг, бӯи аммиакро дорад.
Дар натиҷаи таҳти фишор то – 33,4°С хунук кардани аммиаки газшакл ҳосил мешавад. Ҳангоми то – 77,8°С хунук кардан ба аммиаки сахт табдил меёбад. Зичиаш 0,61 г/см3 (ҳангоми 20°С). Чун об молекулаҳои аммиаки беоб асосан аз ҳисоби бандҳои гидрогенӣ ассотсиатсия шудаанд. Дар об хуб ҳал мешавад. Ғилзати аммиаки беоб нисбат ба ғилзати об ҳафт маротиба кам аст. Аммиаки беоб барои бисёр моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ҳалкунандаи хуб аст. Mac., дар аммиаки беоб сулфур нағз ҳал мешавад. Аммиаки беоб ҷараёни электрро ниҳоят суст мегузаронад. Аммиаки беобро барои истеҳ соли нуриҳои нитрогендор ва аммононии суперфосфат истифода мебаранд. Нитрогени аммиаки беоб аз 82% зиёд буда, нисбат ба нитрогени нуриҳои дигар 40 – 50% арзон аст. Дар ҳар гуна хок ва чун ғизои рустаниҳо истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми кашондан, нигоҳ доштан ва корбасти аммиаки беоб ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ риоя бояд кард. Барои истифодаи он зарф, нақлиёт ва агрегатҳои махсус лозиманд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |