Амр ибни Лайс
Малики Сиистон
|
|
---|---|
879 — 900 | |
Пешгузашта | Яъқуб ибни Лайс |
Ҷонишин | Тоҳир ибни Муҳаммад |
|
|
Таваллуд | номаълум |
Даргузашт |
901[1] |
Дудмон | Саффориён |
Амр ибни Лайси Саффорӣ (форсӣ: عمرو لیث صفاری; номаълум — 901[1], Бағдод) — фармондеҳи сипоҳи Хуросон, дувумин амири силсилаи Саффориён (879—901) ва бародари бунёнгузори сулола Яъқуби Лайс.
Ҳукмронӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Амр пас аз марги бародараш Яъқуби Лайс ҷонишини ӯ шуд. Вай барои қувват ёфтани давлати Саффориён, бар хилофи бародараш Яъқуби Лайс, саъй кард бо халифаи аббосӣ Мӯътамид иртиботи хубе дошта бошад. Ба ин манзур ба ӯ тобеъ шуд. Халифа аз ин иқдоми Амри Лайс хушҳол шуд ва ҳокимии Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристону Систон ва ҳатто Ироқи Аҷамро ба ӯ дод. Амр уҳдадор шуд, ки ҳар сол ба халифа 20 ҳазор дирҳам хироҷ супорад. Амр дар ин солҳо бо шӯришҳои дохилӣ мувоҷеҳ шуд. Дар ин давра амир Исмоили Сомонӣ — волии Бухоро Хоразмро ба тасарруфи худ даровард ва асоси воқеии давлати сомониёнро бино гузошт. Сипоҳи Амр аз Исмоили Сомонӣ шикаст хӯрд ва худ низ асир гардид (900—901). Аммо амир Исмоил бо ӯ ба нармӣ бархӯрд кард ва ӯро ба Самарқанд фиристод. Мӯътазиди аббосӣ аз ин огоҳ шуда тақозои ирсоли Амрро кард. Амр бо амри халифа муддате дар Бағдод зиндонӣ буд. Кишвари Хуросон ба ҳайати давлати Сомониён ҳамроҳ гардид[2]. Пас аз қатли Амр давлати Саффориён дигар он қудрати собиқро наёфт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Амру (рус.) // Энциклопедический лексикон — СПб.: 1835. — Т. 2. — С. 142.
- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — С. 99.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амр ибни Лайс // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Бартольд В. В. Амр б. Лейс // Бартольд В. В. Сочинения. — М.: Наука, 1971. — Т. VII: Работы по исторической географии и истории Ирана. — С. 484.
- Pages using the JsonConfig extension
- Ашхосе, ки таърихи таваллудашон оварда нашудааст
- Даргузаштагони соли 901
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Саффориён
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)