Антонио Грамши
итол. Antonio Gramsci | |
Таърихи таваллуд | 22 январ 1891[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 27 апрел 1937[4][5][6][…] (46 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа[8], сиёсат[8], рӯзноманигории эътиқодӣ[d][8], адабиёт[8], илми иқтисод[8], нақди адабӣ[d][8] ва theatre criticism[d][8] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Анто́нио Гра́мши (итол. Antonio Gramsci ; 22 январ 1891[1][2][3][…], Алес (Италия)[2][7] — 27 апрел 1937[4][5][6][…], Рум[4][2][7]) — файласуфи итолиёӣ, рӯзноманигор ва ходими сиёсӣ; асосгузор ва роҳбари Ҳизби коммунистии Итолиё ва назарияпардози марксизм, яке аз асосгузорони неомарксизм.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Антонио Грамши мактаби ибтидоиро дар ш. Гиларсу хатм намуд. Дар синни 11-солагӣ ба сабаби камбизоатии оила дар хадамоти андозситонӣ ба кор даромада, ҳамзамон таҳсилро идома медод. Соли 1914 факултаи филологияи Донишгоҳи Туринро хатм кард. Соли 1915 узви фаъоли Ҳизби сотсиалистии Итолиё шуд ва ҳамзамон фаъолияти рӯзноманигориро низ оғоз кард. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон дар Турин муҳаррири ҳафтаномаи «Фарёди халқ» буд ва бо рӯзномаи туринии «Ба пеш» ҳамкорӣ дошт.
Августи 1917 дар ш. Турин, пас аз шӯриши зидди ҳарбиён, котиби Ҳизби сотсиалистии Турин интихоб шуд. Соли 1919 бо ҳамроҳии П. Толятти, У. Терагин ва дигар сотсиалистони ҷавон ҳафтаномаи «Тартиботи нав»-ро таъсис дод. Соли 1921 узви Ҳизби коммунистии навтаъсиси Итолиё шуд. Солҳои 1922-23 ба ҳайси вакили Ҳизби коммунистии Итолиё барои иштирок дар кори Кумитаи иҷроияи Коминтерн ба Маскав омад. 25 ноябри 1922 бо В. И. Ленин вохӯрд ва дар ҳамин сол бо Юлия Апполоновна Шухт (1896—1980) — духтари инқилобчӣ А. А. Шухт (дӯсти наздики Ленин) издивоҷ кард. Антонио Грамши соли 1924 ба Итолиё баргашт ва ҳамон сол бо ташаббуси ӯ газетаи Ҳизби коммунистии Итолиё «Унита» («Ягонагӣ») таъсис ёфт. Сарварии гурӯҳи коммунистонро дар парламенти Итолиё (1924-26) ба уҳда гирифта, аз минбари палатаи вакилон сиёсати фашизмро сахт танқид кард. Дар натиҷа 8 ноябри 1926 фашистон Антонио Грамши-ро барои фаъолияти инқилобиаш ба ҳабс гирифта, ба ҷазираи Устика бадарға карданд. Соли 1928 Антонио Грамши-ро ба муддати 20 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Дар натиҷаи афви умумӣ соли 1937 Антонио Грамши аз зиндон озод шуд, аммо пас аз якчанд рӯзи озодӣ аз сактаи мағзи сар аз олам даргузашт.
Антонио Грамши дар зиндон қариб се ҳазор саҳифа осори фалсафӣ-сиёсӣ («Дафтарҳои зиндон») навишт. Ӯ дар осораш, асосан, дар атрофи масъалаҳои рушди ҷамъият андешаронӣ кардааст. Яке аз муҳимтарин самтҳои андешаи Антонио Грамши назарияи ҳегемония (лидери идеологӣ) мебошад. Ӯ ҳегемонияро ҳолате мепиндорад, ки дар он дараҷаи кофии ризояти табақаҳои иҷтимоӣ ба даст меояд. Ҳегемония тавассути роҳандозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ҳизбҳо, иттифоқи касаба, муассисаҳои фарҳангию омӯзишӣ, васоити ахбори омма) амалӣ мешавад. Дар осори сиёсӣ-фалсафии худ Антонио Грамши марксизмро бисёр мӯшикофона таҳлилу баррасӣ намуда, онро «фалсафаи амалӣ» (praxis) меномад. Ӯ ба чунин хулоса расид, ки тавонмандии системаи буржуазӣ на фақат ба имконоти моддӣ, балки ба қудрати идеологӣ (фарҳангию ақлонӣ) низ асос меёбад. Аз ин рӯ, буржуазия пойдор буда, ҳоким боқӣ мондани он ҳам бе зулму ситам, маҷбурсозӣ ва ҳам ба лидери идеологӣ буданаш такя мекунад. Ба андешаи Антонио Грамши давлат дар дасти кадом синфе набошад, он дар болои ду наҳанг — қудрат ва ризоят ё водорсозӣ ва боваркунонӣ қарор дорад. Вазифаи муқаддаси зиёиёну хирадмандон дастовардҳои бузурги илму фарҳангро ба мардум расонидан ва сатҳи донишу биниши онҳоро баланд бардоштан мебошад. Антонио Грамши падидаи фашизм ва тоталитаризмро дар ду даҳсолаи аввали асри 20 натиҷаи ба буҳрони шадид гирифтор гардидани сохторҳои иҷтимоию сиёсии Итолиё ва Аврупо медонист.
Ба андешаи Антонио Грамши диктатураи сиёсӣ дар Аврупо аз он сабаб сар зад, ки синфи ҳоким боварию дастгирии гурӯҳҳои васеи иҷтимоиро аз даст дод. Авторитаризм як шакли «инқилоби ғайрифаъол» мебошад; ки дар он синфи ҳоким сохтори пӯсидаистодаи иҷтимоиро иваз накарда, кӯшиши гузаронидани азнавсозии иқтисодӣ менамояд.
Дар замони шӯравӣ назарияҳои Антонио Грамши оппортунистӣ маҳсуб мешуданд, ҳарчанд ӯ дар даврони Сталин файласуфи тавоно ва нобиғаи бузурги сиёсӣ ба шумор мерафт. Осори Антонио Грамши ва назарияҳову методологияи ӯ то ҳол дар Аврупову Амрико барои ҳалли бисёр ҳодисаву падидаҳои нав ба нави ҷомеаи муосир истифода мегарданд ва сарчашмаи илҳоми ҳазорон олимони ҷаҳон мебошанд. Баъзе асарҳои Антонио Грамши ба забони русӣ тарҷума шудаанд: Избранные произведения. Т. 1-3. М., 1957-59; «О литературе и искусстве». М., 1967; Избранные сочинения. М., 1980; «Формирование человека». М., 1983; «Тюремные тетради». Часть 1. М., 1991.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 http://www.antoniogramsci.com/ag_biografia01.htm
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ 3.0 3.1 BeWeB
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Грамши Антонио // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa486810/antonio-gramsci (порт.) — São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
- ↑ 6.0 6.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 7.4 7.5 Vacca G. Dizionario Biografico degli Italiani (итол.) — 2002. — Vol. 58.
- ↑ 8.0 8.1 8.2 8.3 8.4 8.5 8.6 Чешская национальная авторитетная база данных
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамши Антонио / У. Камолов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.