Аскар Акаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аскар Акаевич Акаев
қирғ. Аскар Акаев
Акаев в августе 2016 году
Акаев в августе 2016 году
парчам
1-умин Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
27 октябри 1990 — 11 апрели 2005
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Қурмонбек Боқиев

Таваллуд 10 ноябр 1944(1944-11-10) (79 сол)
Падар Акай Токоев
Модар Асель Токоева
Ҳамсар Mayram Akayeva[d]
Фарзандон Aidar Akayev[d] ва Bermet Akayeva[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Эътиқод атеизм
Соядаст
Ҷоизаҳо
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Акаев Аскар(10 ноябр соли 1944 дар вилояти Чуйи Қиғизистон) — олим, доктори илмҳои техникӣ (1981), Президенти АИ ҶШС Қирғизистон (1989-1990). Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (1990-2005). Узви вобастаи АИ ҶШС Қирғизистон (1984, ихтисос- «механикаи дақиқ ва оптика»). Узви хориҷии Академияи илмҳои ҶТ (1997). (1996), узви ҳақиқии хориҷии Академияи илмҳои Русия (2006).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Акаев Аскар Институти механикаи дақиқ ва оптикаи Ленинградро хатм кардааст (1967). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: коркарди оптикаи иттилоот, назарияи техникаи ҳисоббарор ва радиофизикаи квантӣ, техникаи оптикаи ҳисоббарор. Мудири Шуъбаи илм ва маорифи КМ ҲК Қирғизистон (1986-1987), ноиби президенти АИ ҶШС Қирғизистон (1987-1989), президенти АИ ҶШС Қирғизистон (1989-1990), профессор, сарходими илмии Институти таҳқиқоти математикии системаи мураккаби ба номи И.Пригожини ДДМ ба номи М.В.Ломоносов (2005).[1]

Мукофот ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бо ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Достук» дараҷаи 1 (Қазоқистон) сарфароз гардидааст.
  • Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Қирғизистон (1977), ҷоизаи Фонди байналмилалии «Иттиҳод» (2005), ҷоизаи байналмилалии «Ҳофизи сулҳу некӣ» (Русия, 2000), ҷоизаи байналмилалии «Барои хидмат дар Иттиҳоди ҷаҳони туркзабон» (Туркия, 1999).
  • Бо медали Пушкин (Русия, 1999), ордени олии Донишгоҳи Сорбонна (Фаронса, 2003) ва ҷоизаҳои дигар тақдир шудааст.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]