Роза Отунбоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Роза Отунбоева
Роза Исаковна Отунбаева
Roza Otunbayeva in 2011.jpg
парчам Президенти давраи гузаришии Ҷумҳурии Қирғизистон парчам
3 июли 2010 — 1 декабри 2011
Раиси ҳукумат худи ӯ
(2010)
Алмосбек Отамбоев
(2010—2011)
Пешгузашта Курмонбек Боқиев
Ҷонишин Алмосбек Отамбоев
парчам15-ум НахуствазирРаиси ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Қирғизистон парчам
7 апрел — 17 декабри 2010
Президент Қурмонбек Боқиев
худаш
Пешгузашта Дониёр Ҳусейнов
Ҷонишин Алмосбек Отамбоев
парчам Вакили Жогорку Кенеш
аз ҲСДҚ
парчам
декабри 2007 — майй 2010
Ёвари намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ оид ба ҳалкунии низоъ дар Гурҷистон/Абхозистон
майи 2002 — сентябрь 2004
парчам Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Британияи Кабир парчам
1997 — 2002
Президент Аскар Акаев
парчам Вазири корҳои хориҷии ҶҚ парчам
майи 1994 — 1997
Раиси ҳукумат Ҷумъагулов Апас
Президент Аскар Акаев
 — феврал
Раиси ҳукумат Турсунбек Чинбишев
Президент Аскар Акаев
Пешгузашта Аднон Қарабоев
Ҷонишин Муродбек Имоналиев
парчам Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар ИМА ва Канада парчам
майи 1994 — июли 1992
Президент Аскар Акаев

Таваллуд (23 август 1950
Ош, ҶШС Қирғизистон
Ном ҳангоми таваллуд қирғ. Роза Исаковна Отунбаева
Ҳизб беҳизб,
КПСС (то 1991)
Таҳсилот
Эътиқод Агноститсизм
Ҷоизаҳо
Ҷойҳои кор
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Роза Исаковна Отунбаева (23 август 1950, Ош, ҶШС Қирғизистон) — ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, сиёсатмадори Қирғизистон, собиқ Президенти Қирғизистон.

Зиндагинома[вироиш]

Роза Исаковна Отунбаева бо Барак Обама дар Ню-Йорк, сентябри соли 2010
Вохӯрии сарони давлатҳои ЕврАзЭс дар Қазоқистон (2010-07-05). Дар акс: аз чап ба рост Дабири кулли ЕврАзЭС Таир Мансуров, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Белоруссия Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Русия Дмитрий Медведев, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қирғизистон Роза Отунбаева

Роза Исаковна Отунбаева (23 августи соли 1950, дар ш. Ош, Қирғизистон)таваллуд шудааст.[1]. Ӯ дар оилаи нухбагони Қирғизистони Шӯравӣ ба дунё омадааст. Падари Отунбоева узви Додгоҳи Олӣ буд ва ӯ дар шароити нисбатан роҳат бузург шудааст. Мактабро дар ш. Ош хатм кардааст[2]. Соли 1972 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москваро (МГУ) хатм карда ба аспирантураи ҳамин Донишгоҳ дохил мешавад. Дар Олмон таҷрибаомӯзӣ кардааст.[3]. Ӯ дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ кор карда, инчунин ҳамчун сафири Дабири кулли СММ дар Гурҷистон адои вазифа намудааст. Ӯ дар баробари забонҳои русиву қирғизӣ бо забони англисӣ озод сӯҳбат мекунад ва зимни суханронӣ дар ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба тарҷумон ниёз надорад.

То расидан ба мақоми раисҷумҳур Роза Отунбоева дар аҳди ду президенти ахири кишвар, Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев, ба сифати вазири умури хориҷӣ ва сафири Қирғизистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир фаъолият карда буд. Аммо дар ҳар ду ҳукумат низ аз баҳри вазифа гузашт ва бо мухолифон пайваст. Ӯ баъди истеъфо аз мақоми дипломатӣ дар соли 2004 ҳамраиси ҷумбиши “Ота Ҷурт” ("Ватан") ва дар соли 2006 ҳамраиси ҳизби “Асаба” буд. Соли 2007 ҳамчун узви Ҳизби сотсиал-демократ намояндаи парлумон интихоб шуд.</ref>. Мактабро дар Ош хатм кардааст[3].

Президенти Қирғизистон[вироиш]

Дар натиҷаи тазоҳуроти зиддиҳукуматии Президент Қурмонбек Боқиев 7 апрели соли 2010 раиси Ҳукумати муваққати Қирғизистон шуд. Роза Отунбоева, нахустин раиси ҷумҳурии зан дар қаламрави Осиёи Марказӣ муддати якуним сол – аз моҳи маи соли 2010 то декабри соли 2011 президенти Қирғизистон буд.[4] Бузургтарин мушкиле, ки Отунбоева баъди расидан ба қудрат дошт, таҳкими суботу оромӣ дар кишвар ва ҷилавгирӣ аз суқути иқтисод буд. Ӯ зоҳиран, аз қавмпарастӣ ва фасодкорӣ орӣ аст, аз иллате, ки қариб ҳамаи раҳбарони минтақа ба он гирифтор шудаанд. Ӯ ба хотири ҳифзи пули давлат, бо ҳавопаймоҳои маъмулӣ ба хориҷа сафар мекард. Отунбоева ба хабарнигорони "Радиои Озодӣ" чунин гуфтааст.

«Мо моҳи ноябр (2011) интихоботи президентӣ баргузор мекунем, ман бояд аз ин мақоми раёсати ҷуҳмур канор биравам. Ман мехоҳам ин дафъа барои ин бахши ҷаҳон намунае бошам, ки аз мақом рафтан ва бо қудрат “падруд” гуфтан имкон дорад. Ин муҳимтарин амалест, ки бояд дар Осиёи Марказӣ анҷом шавад»

[3]. Моҳи декабри соли 2011, баъд аз интихоботи навбатӣ ба мансаби Президенти Қирғизистон аз мақомаш рафт ва ба ҷои ӯ дар курсии аввал дар ин кишвар президенти навинтихобшуда Алмосбек Отамбоев нишаст.

Фаъолияти ҷамъиятӣ[вироиш]

Ҳоло ин сиёсатмадори Қирғизистон раҳбарии Бунёди «Ташаббуси Роза Отунбоева»-ро ба ӯҳда дорад, ки бар сари мушкилоти иҷтимоии ҷомеа – кӯдакону занон тамаркуз кардааст.[4]

Оила[вироиш]

Аз шавҳараш ҷудо шудааст. Модари як духтар Карачач ва писар Атай мебошад.

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]