Jump to content

Устура

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Асотир (миф))
Нақши барҷастаи эломӣ: Дар ин тасвир зане бо пойҳои шабеҳ ба думи моҳӣ морҳое дар даст дорад. Думи моҳӣ зоҳиран аз мазоҳири асотирии эламиён буда ва хате дар нақшҳои давраи Ҳахоманишӣ ба вижа дар Посоргот нишонаҳои он дида мешавад.
Нақши барҷастаи эломӣ: Дар ин тасвир зане бо пойҳои шабеҳ ба думи моҳӣ морҳое дар даст дорад. Думи моҳӣ зоҳиран аз мазоҳири асотирии эламиён буда ва хате дар нақшҳои давраи Ҳахоманишӣ ба вижа дар Посоргот нишонаҳои он дида мешавад.

Устура (ар. اسطوره‎; ба шакли ҷамъ асотир ар. اساطیر‎) — қиссаҳо ва ҳикоятҳои бозмонда аз даврони бостон дар бораи худоён, қаҳрамонон ва ба вуҷуд омадани ашё ва ҳаводис.

Устура ва афсона

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асотир бо ривоят, афсона ва дин иртибот дорад. Ривоят он осори эҷоди мардумиро мегӯянд, ки бо воқеоти таърихӣ пайвандӣ доранд, масалан, бунёди шаҳрҳо (Фив, Рим, Раҳо, Гундишопур), ҷангҳо, ашхоси таърихӣ ва ғайра Мавзӯи асотир ба маънои аслии калима на шахсияту воқеаҳои таърихӣ, балки падидаҳои табиатанд. Вале дар рафти инкишофи асотир чунин сарҳадгузорӣ на ҳамеша риоя шудааст. Масалан, устураи сафари Аргонавтҳо, Тӯфони Нӯҳ эҳтимол заминаи таърихӣ доранд ва аз ҳамин сабаб дар адабиёт баъзан бо асотиру афсонаву ривоят омехта мешаванд.

Ҳаддгузории асотир бо афсона боз ҳам душвортар аст. Баъзе муҳаққиқон барғалат асотирро бо афсона омехта мекунанд. Умумияти устураву афсона дар он аст, ки дар ҳар ду таҷассуми падидаҳои олам ё хосияти инсонӣ ҷой доранд. Ҳам дар асотир ва ҳам дар афсона падидаҳои олам, ҳайвонот, ашё ҳамчун инсон тасвир мешаванд ва мисли инсон рафтор мекунанд. Вале асотир аз афсона тафовути ҷиддӣ дорад. Аввал ин ки дар асотир одамон ба воқеият, ҳақиқати чизе ки нақл мешавад, бовар доранд. Ғайр аз ин, афсона бар хилофи асотир бо маросим ва парастиш иртибот надорад. Дуюм, хусусияти фарқкунандаи асотир аз афсона ҷиҳати ташреҳи (этиологӣ)-и асотир аст. Афсона барои вақтхушӣ, ё барои панду насиҳат нақл мешавад, вале чизеро таъбир намекунад. асотир баръакс, бо воқеияти муҳит дар тамос аст ва онро шарҳ медиҳад.

Муносибати асотир бо дин низ масъалаи ҷолиб аст. Баъзе му­ҳаққиқон асотирро дини қадим, баъзеи дигар ҷаҳонбинии содае медонанд, ки дин аз он мазмун мегирад ва худи асотир гӯё тасаввуроти динӣ буда, яке аз унсурҳои дин аст (асотир Б. Ранович). Аммо аз охири Асотир 19 асотир ва дин на танҳо ҷудо, балки аксаран ба ҳам муқобил гузошта мешуданд. Кӯшишҳое буданд, ки мехостанд динро аз унсурҳои афсонаомез ҳифз намоянд. Аз ин назар асотир на дин асту на манбаи дин, балки фалсафа ва бофтаи бадеист, ки дар давраҳои аввалияи тафаккури инсонӣ ташаккул ёфтааст. Ҳам асотир, ҳам дину афсона бо тахайюлот (фантазия) иртибот доранд ва дар ҳамин замина бо ҳам мувофиқанд. Аммо дин ба фавқуттабиёт ва парастиш пайваст аст, дар асотир масоили фавқуттабиӣ ва парастиш ҷой надоранд.

Дигар хусусияти тахайюлу таҷассуми асотир, ки онро аз дину афсона ҷудо мекунад, замони асотирист. Дар ҳар асотир ҳаводиси асотирӣ аз вақти ташаккули ин ё он устура бо фосилаи азими замонӣ ҷудо мешаванд. Дар айни ҳол дар зинаи баландтари ташаккул асотир ба такомули аҳкоми динӣ (дар будоия, масеҳият, ислом) мусоидат менамояд. Ҷанбаи асосии асотир (ҷанбаи этиологӣ) ташреҳи падидаҳои воқеияти атроф аст. Яъне, мавзӯи асосии асотир таъбиру тафсири табиат аст. Дар фалсафаи Юнони Қадим низ масъалаи табиат ва таъбири он мавзӯи асосист. Бесабаб нест, ки фалсафаи ибтидоии Юнонро фалсафаи табиат (ё натурфалсафа) меноманд.

Аз сабаби гуногунии мазмуну мавзӯи асотири халқҳои олам таснифу тақсимбандии он хеле душвор аст. Дар замони ҳозири муҳаққиқон аз ҳама қадиму маъмултар асотири роҷеъ ба ҳайвонотро донистаанд. Тасаввури аз ҳайвонот берун омадани пешиниён дар байни аксари қабоили қадим маъмул буд. Аз тарафи дигар, воқеияти зиндагӣ, шикор, вобастагӣ ба олами ҳайвонот инсони ибтидоиро маҷбур месохт, ки сарнасли худро аз ин ё он ҳайвон донад.

Гурӯҳи дигари асотир бо падидаҳои самовӣ иртибот доштанд – Офтоб, Моҳ, ахтарон ва ғайра Масалан, дар монавия, Офтобу Моҳ дар таркиби олам ва сууди табақаҳои мухталифи ҷомеаи монавӣ ба афлок мақоми хосса доранд.

Дар зинаи баландтари таърихӣ ва ташаккули тафаккури инсонӣ сотири инсоншиносӣ пайдо шудаанд. Асотири пайдоиши олам, худоҳо ва одамон барои аксари халқҳо хоссанд. Аксаран асотир аз гузаштаи дури таърихӣ нақлу ривоят мекунад. Вале ривоёти асотирии оқибати оламу инсон, марг, охират (асотири эсхатологӣ) ба оянда нигаронда шуда, дар асотири майя, астека, маздоияи ибтидоӣ, яҳудия, масеҳият («Апокалипсис»), ислом, асотири Скандинавия ва ғайра мушоҳида мешаванд. Яъне, асотир эҷоди тахайюли мардумист, ки дар худ таъбири воқеияти олами ҳақиқиро таҷассум менамояд. Асотир ба воситаи кунҷковӣ ва ҳисси табиии донишпажӯҳии ақли инсон ташаккул ёфтааст.

Аммо саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна дар шуури инсон зарурати ковиш, ҷустуҷӯ ва ташреҳи падидаҳои атроф ба миён меояд? Такяву ҳавола кардан ба хосияти кунҷковии ҳар як инсон ва хиради ӯ кофӣ нест. Ҳарчанд ин сифат ба инсон хос аст, лекин воқеоти таърихӣ нишон медиҳанд, ки он дар шароити мухталифи таърихӣ ба тарзи дигар зуҳур мекунад. Чизе, ки метавонад рағбати одамони нисбатан бомаърифатро биёрад, барои одамони каммаърифат бетафовут аст. Омӯзиши амиқи асотири халқҳои гуногун нишон медиҳад, ки кунҷковии одамон бештар ба он ашёву падидаҳоест, ки бо фаъолияти кории онҳо иртибот доранд. Яъне, инкишофи кунҷковии маънавӣ ба инкишофи истеҳсолоти моддӣ вобаста аст.

Асотир чун бофтаи хаёлӣ пайдоиш ва моҳияти ашёи табиат ва ҳаёти иҷтимоиро, аксаран, бо роҳи ба онҳо нисбат додани мафҳум ва хусусиятҳои инсонӣ, яъне ташхисонидан шарҳ медиҳад ва инъикос менамояд. Барои мардуми ҷамъияти ибтидоӣ, ки дар он гурӯҳ авлод, хешу табор дар як ҷо ҷамъ меомаданд, танҳо муносибатҳои иҷтимоии авлодӣ наздик ва фаҳмо буд. Онҳо ин гуна муносибатҳоро ба ҳама чизҳои атроф, ҳодисаву воқеаҳои табиат ва ҷамъият татбиқ менамуданд. Замин, осмон, олами наботот ва ҳайвонот аз тарафи онҳо дар муносибатҳои авлоди ҷондор, боақлу хирад ва ба якдигар хешу наздик тасаввур ва эътироф мешуданд. али пайдоиши худ асотир берабту парешон ва бе тартиби муайян дар мазмуну мундариҷа ва сужет буд. Махсусан, дар давраи модаршоҳӣ образҳои асотирӣ шаклҳои гуногун дошта, аз қабили ҷондорҳои сесару чорсар, саддаступой, бадқаҳру золим ба вуҷуд омадаанд ва шумораи онҳо хеле зиёд аст. Вале, баъдан, дар давраи падаршоҳӣ образҳои асотирии мутаносиб, муназзам ва мураттаб ба вуҷуд омаданд. Дар давраи падаршоҳӣ тасаввурот дар бораи қаҳрамононе пайдо шуда, ташаккул ёфт, ки бар қувваҳои табиии мағлубиятнопазир пирӯзӣ меёбанд, ҳаёти иҷтимоиро муташаккил ва онро аз қувваҳои марговари табиат ва ҳуҷуми қабилаҳои бегона ҳифз менамоянд.

Асотири бештар тараққикарда ва мураттабу муназзами дунё асотири Юнони Қадим мебошад. Дар ин асотир вобаста ба мавзӯъҳои гуногун образҳои маълуму машҳур ба вуҷуд омадаанд. Асотири Юнони Қадим дар адабиёту санъат, меъморӣ ва дигарон соҳаҳои маданияти Юнони Қадим зуҳур кардааст ва намунаҳои он то рӯзгори мо боқӣ мондаанд.

Асотири эронӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Набарди Исфандиёр бо гургҳо дар ҷараёни ҳафт хон. Исфандиёр шоҳаншоҳи Каёнӣ ҳаст, ки ба ривояте дорои руинтанӣ буда.
Набарди Исфандиёр бо гургҳо дар ҷараёни ҳафт хон. Исфандиёр шоҳаншоҳи Каёнӣ ҳаст, ки ба ривояте дорои руинтанӣ буда.

Асотири эронӣ – асотире, ки халқҳои эронинажод, аз ҷумла ниёгони халқи тоҷик офаридаанд, таърихи бостонӣ доранд. Нахустин ишораҳо ба образҳои асотирии мардуми ҳиндуэронӣ (ориёиён) дар катибаву санадҳои шумерии асотир 18 ва асотир 14 то милод ба назар мерасанд. Инчунин аксар асотири гуногунмавзӯъ ва образҳои асотирии муштараки мардуми ҳиндуэронӣ дар осори қадими забони санскрит – «Ведаҳо» мавҷуданд, ки миёнаи ҳазораи 2 то милод мураттаб гардидаанд. Ҳаракати қабилаҳои ориёӣ ҳам тақрибан дар ҳамин давра оғоз ёфт ва онҳо дар Осиёи Марказӣ (Эронзамин ва дигарон ҷойҳо) маскан гирифтанд. Давраи ташаккули бештари асотири ақвоми эронинажод ба асотирҳои 7 – 6 то м. рост меояд. Манбаъҳои асосии асотири эронӣ Авесто, катибаҳои Ҳахоманишиён, осори адабиёти паҳлавӣ, таърихҳо ба забони арабӣ ва форсии дарӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва осори дар пайравии он навишташуда («Гаршоспнома», «Барзунома», «Озарбарзиннома», «Бонугушаспнома» ва ғайра), достонҳо («Искандарнома», «Вис ва Ромин» ва ғайра) мебошанд. Асотири эронӣ бо дини зардуштӣ робитаи мустаҳкам дошт ва аксар сужету образҳои асотирии он хусусияти динӣ касб намудаанд. Дар таъсири санавияти зардуштия асотири эронӣ муборизаи қувваҳои Неку Бад мушоҳида мешавад. Дар асотир зиддиятҳои мазҳабӣ, қабилавӣ, зиддияти кӯчиёну бумиён, ҷангҳои Пешдодиёну Каёниён бо турониён бо сарварии Афросиёб тазодди қувваҳои табиат – борону хушксолӣ, гармии тобистону сардии зимистон, тазодди фаслҳои сол, махлуқоти неку бад ва ғайра инъикос ёфтаанд. Сарвари қувваҳои нек Аҳура Маздо, қувваҳои бад Аҳриман мебошад. Эзадони нек Митра, Аредвисура Аноҳито, Тиштрйа, Апам Напат (эзади об), Рашн, Сурӯш, Ҳаома ва ғайра алайҳи эзадони бад Апаоша, Аешма (эзади хашму ғазаб) ва ғайра мубориза мебаранд. Дар асотири эронӣ офариниш (махлуқот)-и неку бад мавқеи муҳим доранд. Саг, барзагов, модагов, гӯсфанд, асп, шутур, аз парандагон – хурӯс, симурғ, шоҳин ва ғайра офаридаҳои нек; гург, мор, аждаҳо ва ғайра мавҷудоти бад ба шумор мераванд.

Тасаввуроти асотирии космогонӣ ва антропологӣ (оид ба пай­доиши оламу одам)-и ниёгони халқи тоҷик дар давраҳои қадим пайдо шуда, дар оғози асрҳои миёна ташаккули бештар ёфта, торафт мураккабтар гардидааст. Дар ин бобат якчанд устура вуҷуд доранд, ки маъмултаринашон пайдоиши нахустин ҷуфти инсонӣ аз ҷасади Каюмарс ва барзагови ӯ мебошад. Каюмарс ва барзагови ӯ дар ду соҳили дарёи афсонавии Даитйа мезистанд. Аҳриман бо лашкариёни худ онҳоро нобуд кард. Аз ҷасади Каюмарс ду бутта ба мисли ревоҷ сабз шуд. Онҳо Машйо ва Машйонак (Марйо ва Марйонак, Малҳйо ва Малҳйонак ва ғайра) ном гирифтанд ва мувофиқи тасаввуроти қадими эро­ниён сарнасли инсоният мебошанд. Аз ҷасади гов филиззот, ҳар гуна гиёҳу рустаниҳо, дарёҳо ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Мувофиқи тасаввуроти асотирии эрониёни қадим, ки дар Авесто сабт аст, дунё ба ҳафт иқлим тақсим мешавад ва Аирйана-Ваеҷа – кишвари ориёниён дар марказ ҷой гирифтааст. Рӯди Воурукаша (фарохканор) дар марзи ин кишвар ҷорист.

Тасаввуроти эсхатологӣ (оид ба биҳишт, дӯзах, охират)-и эрониёни қадим эсхатологияи дини зардуштӣ мебошад. Мувофиқи он, равони мардум пас аз марг ба биҳишт ё дӯзах меравад. Барои ба дӯзах ё биҳишт рафтани мурдагон Митра, Рашн ва Сурӯш довар таъйин шудаанд. Онҳо гунаҳкор ё бегуноҳ будани мардумро муайян мекунанд. Мардум бояд аз болои пули Чинвот, ки чун мӯй борик аст, бигузаранд. Танҳо бегуноҳон аз он гузашта метавонанд. Тасвири дӯзаху биҳишт дар асари паҳлавии «Ардавирофнома» омадааст.

Оид ба «асри тилоӣ», ҳодисаи табиии ба Тӯфони Нӯҳ монанд (ниг. Вари Ҷамкард) ва дигарон мавзӯъҳо дар байни ниёгони халқи тоҷик асотир ба вуҷуд омадаанд.
Пас аз зуҳури ислом ва паҳн шудани он дар Эронзамин асотири мусулмонӣ интишор ёфт ва он ҷои баъзе тасаввуроти асотирии эрониёнро гирифт. Баъзе образҳои асотирии эронӣ ба таъсири ислом дучор гардида, мазмуну мундариҷа ва сужети нав пайдо карданд. Масалан, ба ҷои мурғони шоҳин ва ҳумо мурғи анқо машҳур шуд. Ба ҷои офариниш (махлуқот)-и бади қадимии эронӣ ҷинну аҷина, албастӣ, ғӯл (ғӯли биёбонӣ) ва ғайра маъмул гардиданд. Тасаввурот оид ба пайдоиши олам ва одам низ тағйир ёфт.

Асотир аз оғози пайдоиши худ ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии инсони ҷамъияти ибтидоиро ифода карда, хусусияти маърифатӣ дошт. Аз асотир дар осори санъати рассомӣ, меъморӣ ва махсусан адабиёти бадеӣ фаровон истифода шудааст. Аксар муҷассамаҳои осори санъати рассомии Эрону Юнон ва кишварҳои Аврупо аз замонҳои қадим то имрӯз дар асоси асотир эҷод гардидаанд.

Асарҳои ҲомерИллиада», «Одиссея»), Гесиод, Пиндар, Эсхил, Еврипид ва дигарон муаллифони Юнону Руми Қадим дар заминаи асотири юнонӣ навишта шудаанд. Адибони Аврупои Ғарбӣ Ч. Диккенс, Э. Золя, Т. Манн, Гёте, Шеллинг, Ф. Кафка, Ж. П. Сартр, Ҷ. Ҷойс, Ҷ. Апдайк, У. Фолкнер, Гарсиа Маркес ва дигарон дар осори худ аз асотири Юнони Қадим ва халқҳои дигари олам истифода бурдаанд. Дар осори таърихӣ ба забонҳои арабӣ ва форсии дарӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигарон асарҳо асотир ва чеҳраҳои асотирӣ бо табдили шакл (трансформатсия) ба кор бурда шудаанд.
Дар эҷодиёти шоирону нависандагони халқҳои собиқ шӯравӣ М. А. Булгаков, Ч. Айтматов, О. Сулаймонов, асотир Ким, Т. Пӯлодов, Г. Матевосян, О. Чиладзе (асараш оид ба аргонавтҳо), Ю. Марсинкявичус, асотир А. Вознесенский, Ю. П. Кузнетсов ва дигарон мавзӯъ ва чеҳраҳои асотирии миллӣ ва асотири умумиҷаҳонӣ мавҷуданд.

Симоҳои асотирӣ ва мавзӯъҳои асотирӣ дар осори манзуму мансури адибони тоҷик асотир Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ (шеъри «Користон», силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома»), Сорбон, Афардӣ, Баҳманёр ва дигарон ба назар мерасанд.