Jump to content

Аспи тоҷикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аспи тоҷикӣ — зоти аспҳои маҳаллии саворӣ. Тӯ­ли 50 сол дар натиҷаи ҷуфт кардани аспҳои англисӣ, ара­бӣ ва лақайӣ ба вуҷуд оварда шуда, 27 декабри 2002 аз назорати давлатӣ гузаштааст.

Аспи тоҷикӣ, аспи пурқувват буда, қаду басташ зебост. Сари қоқина, чашмони калон, гардани дароз, тахтапушту сағрии хурд, синаи фарох ва пойҳои дарози сермушак дорад. Аксар абраш-ҷеран, адҳам-тӯруқ, ашҳаб, баъзан сиёҳмушкин-сиёҳтӯруқ, саманди ёлудумсиёҳ, саманди язидӣ ва малларанг мешавад. Ҷуссааш аз аспи арабӣ, хусусан аз аспи лақайӣ калон, вале аз аспи англисӣ каме хурд аст. Қади нарёнаш 156—157 (даври синааш 173, банди пояш 18,2), модиёнаш 148—150 (даври синааш 173, банди пояш 18,2) см. Суръати дави рекордиаш: 1000 метр дар 1 дақиқа 6,4 сония; 1200 метр дар 1 дақиқа 17 сония; 1600 метр дар 1 дақиқа 47,2 сония; 1800 метр дар 1 дақиқа 58,8 сония; 2000 метр дар 2 дақиқа 14 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 40,7 сония; 3000 метр дар 3 дақиқа 27,6 сония; 3200 метр дар 3 дақиқа 27,6 сония; 3600 метр дар 3 дақиқа 43,1 сония; 4000 метр дар 4 дақиқа 49 сония; 7000 метр дар 8 дақиқа 46,4 соли Суръати дави аспи тоҷикӣ аз суръати дави аспи лақайӣ ва баъзе зотҳои дигар аспҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон ва Қафқоз беҳтар аст.

Савораҳои тоҷик аз соли 1958 бо аспи тоҷикӣ дар мусобиқаҳои умумииттифоқии хоҷагиҳо ва заводҳои асппарварӣ иштирок карда, 19 маротиба ғолиби Мукофоти ба номи Тоҷикистон, 7 маротиба ғолиби мукофоти ба номи Озарбойҷон, 14 маротиба чемпиони бузкашӣ (аз 20 мусобиқа), 8 маротиба ғолиби чавгонбозӣ ва ғайра гардидаанд. Аспи тоҷикӣ дар мусобиқаҳои умумииттифоқии VI-VIII-и савораҳо низ иштирок кардааст. Ба аспҳои беҳтарин аттестати дараҷаҳои I ва II-и Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС дода шудааст. Соли (2010) дар ҷумҳурӣ 40 ҳазор сар аспи тоҷикӣ парвариш меёфт.

Мувофиқи қарори Ҳукумати ҶТ № 262 аз 19 июни 2000 «Оид ба заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарва­рӣ» парваришу такмили аспи тоҷикӣ ба уҳдаи 23 хоҷагии асппарварии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ гузошта шудааст. Онҳо дорои 6 заводи асппарварӣ, 1 хоҷагии зотпарварӣ, 9 фермаи зотпарварии давлатӣ ва байнихоҷагӣ, 3 хоҷагии фермерӣ ва ғайра мебошанд. Саршумори нисбатан пурбаҳои аспҳо дар 4 заводи асосӣ — «Асппарвар»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Доштмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, «Хуросон» ва «Рахш»-и ноҳияи Хуросон гирд оварда шудаанд. Дар ҳамаи хоҷагиҳои зотпарварӣ барои гузаштан аз апробатсияи давлатӣ 7884 сар аспи тоҷикӣ тайёр карда шуда буд.


  • Мамин Н. О., Шоев С. Х. Рабочие качества Таджикской группы. Повышение продуктивности животноводства в Таджикистане // Труды ТСХИ.Душанбе, 1985;
  • Мамин Н. О. (ва дигарон). Таджикская верховая порода подготовлена к апробации // Коневодство и конный спорт. 2001, № 4;
  • Шамсиев А. Г., Мамин Н. О. Аспи зоти тоҷикӣ. Душанбе, 2003.


  1. АСПИ ЗОТИ ТОҶИКӢ Бойгонӣ шудааст 5 май 2016  сол.
  2. Дар Вахш аспи тоҷикӣ мепарваранд(пайванди дастнорас)