Асҳоби сабт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Асҳоби Сабт)

Асҳоби Сабт (арабӣ: أصحاب السَّبْت аз асҳоб ва сабт –исти­роҳат), тоифае аз банӣ Исроил, ки бар асоси гузориши қуръонӣ[1] дар шаҳри соҳилие зиндагӣ мекарданд ва ба шикори моҳӣ ва дарёгардӣ машғул буданд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Сабт, ки дар луғат ба маънои истироҳат кардан ва аз лиҳози истилоҳоти корбурдӣ ба маънои рӯзи шанбе – истироҳат аст, дар фарҳанги динии яҳуд аз рӯзҳои муқаддас ба шумор меравад, зеро Худо осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз биофарид ва рӯзи ҳафтум, ки рӯзи шанбе буд, бар асоси ривоятҳои динӣ-устуравии онҳо ба истироҳат пардохт (Сифри пайдоиш. 2: 1-3). Бинобар ин, ҳифзи қадосат ва аҳкоми динии рӯзи шанбе ба унвони рӯзи ҳафтум ва поёни ҳафта дар назди онҳо аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст. Бар асоси ривоятҳои динии яҳуд дар он рӯз, ки рӯзи истироҳати Яҳва – Худои банӣ Исроил аст, бар ҳар фарди яҳудӣ воҷиб аст, ки аз кору бори зиндагӣ даст кашад ва ба ибодат машғул шавад. (Сифри Хуруҷ. 20: 9, 10; Сифри Ловиён. 23: 1-3). Дар фасли «Сабт», ки бахше аз рисолаи «Идҳо»-ро дар Талмуд ташкил медиҳад, дар баёни аҳкоми ин рӯз омадааст, ки ҳама гуна кори дунявӣ, ба монанди тиҷорат, сайди моҳӣ ва ғайра ҳаром аст ва шахс бо риоя накардани он муҷозот мешавад. Бар пояи ривоятҳои исломӣ дар замони Довуди паёмбар (ъ) аз сӯи Худо ба мардуми шаҳри соҳилие фармон расид, ки рӯзҳои шанбе аз шикори моҳӣ худдорӣ намоянд. Онҳо диданд, ки дар рӯзҳои дигар моҳиён ба соҳил наздик намешаванд, вале рӯзи шанбе лабҳои соҳил пур аз моҳист. Ба фикри худ чорае андешиданд, ки ҳам зоҳиран амри Худо ба ҷой ояд ва ҳам моҳиён аз даст нараванд. Пас дар соҳил ҷӯйҳо ва ҳуфраҳое канданд ва рӯзи шанбе дами онро боз мекарданд ва ҳамин ки моҳиён ба даруни ҷӯйҳо ва ҳуфраҳо мегузаштанд, дарҳол пеши онро мебастанд ва рӯзи дигар – якшанбе онҳоро шикор мекарданд. Онҳое, ки дар баробари амри Худо ба чунин хилофкорие даст заданд, ҳам дар ривоятҳои исломӣ ва ҳам дар осори динии қавми яҳуд бо номи Асҳоби сабт шинохта мешаванд.

Ки дар рӯзи шанбе чу он моҳиён,
Бигаштанд наздики соҳил аён.
Ба ҷуз рӯзи шанбе ба рӯзи дигар,
Зи моҳӣ набуд дар он ҷо асар.
(Умеди Маҷд, Тарҷимаи манзуми Қуръон)

Уламо ва пешвоёни диниашон дар баробари ин амали онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд, қисме онҳоро аз ин кор наҳй карданд ва онро хилофи амри Худо донистанд ва гурӯҳе хомӯширо ихтиёр карданд. Чун он қавм аз анҷоми амри илоҳӣ сарпечиданд ва ба чунин тадбирҳое мутавассил шуданд, ба нафрини Худо (4: 47) ва азоби сахте аз сӯи Ӯ гирифтор шуданд–ҳамаро бӯзина ва хук гардонд. «Ва онҳоро аз (аҳли он) шаҳристоне бипурс, ки дар соҳили баҳр ҷойгир шуда буд, вақте дар рӯзи шанбе таҷовуз мекарданд. Зеро моҳиёни баҳрашон рӯзи шанбе шитобон меомаданд ва рӯзе, ки барояшон шанбе (ва истироҳат) набуд, ба сӯяшон намеоманд. Ҳамин тавр, онҳоро ба сабаби фисқ (нофармони)-ашон меозмудем. Ва ҳангоме гурӯҳе аз онҳо гуфт: Чаро қавмеро, ки Худо ҳалоккунанда ва ё сахт азобдиҳанда аст, панд медиҳед!? Гуфтанд: Маъзарате ба сӯи Парвардигоратон ва бошад, ки тақво намоянд! Пас чун пандеро, ки ба онҳо дода шуд, фаромӯш карданд, он касонеро, ки аз бадӣ наҳй мекарданд, наҷот додем ва онҳоеро, ки зулм намуданд, ба сабаби фисқашон ба азоби баде гирифтор сохтем. Ҳангоме аз наҳйи шуда сарпечиданд, ба онҳо гуфтем, ки маймунҳои навмеде бошед!». (7: 163-166).

Бипурс эй паямбар, зи қавми яҳуд,
Дар он қаря худ достонаш чӣ буд!?
Ки бар ҳукми таътили шанбе чаро
Намуданд зулму тааддӣ раво!?
Ҳар ончи бар онҳо бидодем панд,
Бибурданд аз ёду ғофил шуданд.
Бидодем Мо носиҳонро наҷот,
Чи дар даври дунё чи баъд аз ҳаёт.
Зи дастури Мо рӯй бартофтанд,
Ба ончи набоист биштофтанд.
Бигуфтем бӯзина бошеду хор,
Ҳама дур аз раҳмати Кирдигор!
(Умеди Маҷд, Тарҷимаи манзуми Қуръон)

Аз Ибни Аббос омадааст: «Он насли яҳудиёне, ки дар натиҷаи хилофкориашон ба маймунҳо ва хукҳо таб-дил дода шудаанд, ҳама ҳалок гардиданд ва аз онҳо ҳеч насле боқӣ намондааст». Ривоят шуда, ки аз Расули Худо (с) дар бораи маймунҳо ва хукҳои замони худ пурсида шуд, ки оё аз насли ҳамон яҳудиёни масхшуда мебошанд? Фармуд:«Не, Худованд барои ҳар қавме азоб фиристода бошад, онҳо (зуд) аз байн мераванд (яъне дар зарфи чанд рӯз ҳалок мегарданд). Он гоҳ фармуд:«Бӯзина ва хук аз ҳамон ибтидо дар ҷаҳон вуҷуд доштанд ва бо бӯзинаҳо ва хукҳое, ки дар натиҷаи масх шудани (гурӯҳе аз) яҳудиён ба вуҷуд омадаанд, ҳеч робитае надоранд». Дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки вақте аз Паёмбар (с) пурсида шуд: Оё маймунҳо ва хукҳои имрӯз аз насли одамони масхшуда мебошанд? Гуфт: «Худо барои ҳеч масхшудае (одами ба ҳайвон табдилшудае) насл ва бозмондае нагардонидааст. Маймунҳо ва хукҳо пеш аз он вуҷуд доштанд». Қаря ва ё шаҳристоне, ки ҳодисаи Асҳоби сабт дар он ҷо рӯй дода, на дар ривоятҳои динӣ ва на дар осори таърихӣ ба таври дақиқ зикр нашудааст. Вале назари баъзе таърихнигорон ва муфассирон, ба монанди Ибни Исҳоқ ва Ибни Касир бар онанд, ки ҳодисаи мазкур дар шаҳри Айла дар соҳили халиҷи Ақаба (Баҳри Сурх), ки дар миёнаи Мадян ва Тур воқеъ шуда, ба вуқӯъ омадааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қуръони Карим: Бақара (2: 65), Нисо (4: 47, 154), Аъ­роф (7: 163) ва Наҳл (16: 124) 

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011;
  • المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
  • تفسیرالقرانالعظیممسندًاعنرسولاللهوالصحابةوالتابعین. دمشق،۲۰۰۳؛
  • محمدعلئخالدی (سلطانالعلماء). تفسیرصفوةالعرفان. تهران،۲۰۰۷؛
  • آنهطوّاقآخوندیګلشاهی. تفسیرګلشاهی. تهران،۲۰۰۸؛
  • اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۹؛
  • مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]