Асҳоби Ҳадис
Асҳо́би Ҳади́с (арабӣ: اصحاب حدییث) гурӯҳи донишмандони исломӣ дар садаҳои аввали ҳиҷрӣ, ки аҳодиси Расули Акрам (с)-ро муҳимтарин марҷаи маорифи динӣ ва аҳкому шароити ислом медонистанд. Онҳо ҳамчунин барои посух гуфтан ба масъалаҳои инфиродию иҷтимоӣ меъёри амал қарор додани Қуръону суннатро пешниҳод менамуданд. Истилоҳи Ҳадис аз ҳамон оғози ислом ба суханони паёмбари акрам (с) итлоқ мешуд ва танҳо шомили гуфтори ӯ буд, вале дар истилоҳи шаръ он се бахш: гуфтор (ақвол), рафтор (афъол) ва тақрироти он Ҳазрат (с)-ро фаро мегирад. Пас корбурди истилоҳии калимаи ҳадис муродифи «суннат» аст. Аммо истилоҳи Асҳоби Ҳадис хеле баъдтар дар даврони ташаккули фиқҳи исломӣ ва пайдоиши нахустин мактабҳои он ба вуҷуд омадааст. Дар рӯзгори насли дуюми тобеин ҳамзамон бо густариши доманаи футӯҳоти исломӣ ва пайдоиши масоили тозаи иҷтимоӣ ҳаллу фасли масоили фиқҳӣ аҳаммияти хосса пайдо карданд ва Асҳоби Ҳадис дар қиболи Асҳоби райъ амал мекард.
Асҳоби Ҳадис ғолибан аз фақеҳони суннимазҳаби мактаби Ҳиҷоз буданд, ки фиқҳи исломиро бар мабнои Қуръону суннат асос гузоштаанд. Ба он тарафдорони Молик ибни Анас, Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ, Суфёни Саврӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал, Довуд ибни Алӣ ибни Муҳаммади Исфаҳонӣ – қариб аксари муассисони мазҳабҳои суннӣ дохил мешуданд. Намояндагони Асҳоби Ҳадис дар сарзаминҳои гуногуни қаламрави кишвари ислом сукунат доштанд, вале сарзамини Ҳиҷоз, бахусус ш. Мадина ҷойгоҳи аслии онҳо ба шумор мерафт. Ҳамчунин Муслим ибни Холиди Зангӣ, Суфён ибни Абдуллоҳ ибни Зубайри Ҳумайдӣ дар Макка, Омири Шаъбӣ дар Куфа, Ибни Сирин дар Басра, Имом Авзоӣ дар Шом ва Лайс ибни Саъд дар Миср аз машҳуртарин донишмандони Асҳоби Ҳадис ба шумор мерафтанд. Ибни Саъд феҳристи ҷомеъ аз муҳаддисони Хуросонро ироа намудааст, ки байни онҳо Асҳоби Ҳадис зиёд буданд. Дар асри сеюми ҳиҷрӣ барои намояндагони мактаби Асҳоби Ҳадис унвони ифтихорӣ маҳсуб мешуд. Ибни Надим дар «ал-Феҳрист» гурӯҳе аз «фақеҳони асҳоби ҳадис» ба мисли Суфёни Саврӣ, имом Авзоӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал ва Исҳоқ ибни Роҳвайҳро номбар намудааст. Дар Ироқ, ки маҳалли инкишофи афкору андеша ва фақеҳони Асҳоби райъ ба шумор мерафт, барҷастатарин намояндагони Асҳоби Ҳадис ба монанди имом Аҳмади Ҳанбал ва Исҳоқ ибни Роҳвайҳ, Суфёни Саврӣ ва дигарон низ ба камол расидаанд.
Асҳоби Ҳадис ба баъзе аз ҳокимони Умавӣ хусумат доштанд ва онҳоро барои ба таълимоти рошидӣ ба бидъат роҳ додан маҳкум менамуданд. Аз ин рӯ, мегуфтанд, ки фақат Қуръон ва Суннат дар ҳалли масоили иҷтимоию шаръӣ ва ҳуқуқӣ мақоми ҳалкунанда доранд. Онҳо ҳар гуна қиёс ва райъро қисман рад намуда, бештар муътақид бар он буданд, ки ба доштани мустанади ривоӣ барои аҳкоми шаръӣ ба истиноди фикрӣ пардохтан нашояд. Вале ин ақидаи онҳо ва пойбандии шадид ба далелҳои зоҳирӣ дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва кашмакашҳои қавмию мазҳабӣ чандон ба манзалаи қонун дарнаёмад. Асҳоби раъй бо муносибати ақлгароёна дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии аҳди аввали ислом барои худ роҳ кушод.
Андешаҳои фиқҳии саҳобагон ва назароти тобеин дар ташаккули усули фиқҳии Асҳоби Ҳадис ҷойгоҳи махсус дошт. Мадина ба унвони ҳиҷратгоҳи паёмбари акрам (с) ва зистгоҳи аксари саҳобагон дар назди бисёре аз тобеин хостгоҳи аслии донишҳои динӣ шинохта мешуд. Зуҳури шахсияти Шофеӣ шароити илмӣ ва фазои фарҳангиро то андозае барои тақвияти таълимоти Асҳоби Ҳадис мусоидтар кард, шароити мувофиқро барои шахсиятҳои баъдии ин раванд, ба монанди Аҳмад ибни Ҳанбал, Исҳоқ ибни Роҳивайҳ ва дигарон фароҳам овард.
Бо зуҳури имом Аҳмад мактаби Асҳоби Ҳадис ба авҷи такомули худ расид ва ӯ тавонист барои ҳамеша низоми фиқҳии қонунманде барои ҷомеа пешкаш намояд. Равиши назарии вай бештар бар асл қарор додани суннат ва тарки раъй ва қиёс, ҷуз дар мавридҳои зарурӣ, такя мекард ва дурӣ аз тарҳи масоили тақдирӣ низ мабнои талошҳои фиқҳии ӯро ташкил медод. Гузашта аз ин, дар ҷаҳони ислом дар садаи IX муҷтаҳидони дигаре вуҷуд доштанд, ки аксарашон аз ҳеч яке аз мактабҳои машҳури фиқҳии аҳли суннат пайравӣ намекарданд. Исҳоқ ибни Роҳивайҳ ва имом Бухорӣ дар Хуросон, Бақӣ ибни Махлад дар Андалус аз ҷумлаи онҳо буданд.
Дар садаҳои се ва чори ҳиҷрӣ тарзи нигариши маҳфилҳои Асҳоби Ҳадис дар Хуросон бештар дар ростои андешаҳои Исҳоқ ибни Роҳвайҳ буда ва шахсиятҳое аз шогирдонаш, ба монанди имом Бухорӣ ва имом Тирмизӣ ба таври куллӣ дар зери таъсири андешаҳои вай қарор доштаанд. Ҳамин таъсири андешаҳои ӯ дар шахсияти шогирдонаш сабаб гардида, ки китобҳояшонро ба равиши ҳадисӣ-фиқҳӣ таълиф намоянд ва ё аҳодиси Пайғамбар (с)-ро бар асоси бобҳои фиқҳ тадвин кунанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Энсиклопедияи исломӣ [THEENCYCLOPAEDIAOFISLAM]. Таҳти моддаи [AHLAL - HADITH]. Ҷ. 1. Лейден, 1913;
- Ислам: Энциклопедический словарь.Москва, 1991;
- . دائرةالمعارفبزرگاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛
- لغتنامۀدهخدا. تهران،روایتچهارم.