Jump to content

Аҳмади Касравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Касравӣ
Таърихи таваллуд: 29 сентябр 1890(1890-09-29)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 11 март 1946(1946-03-11)[3] (55 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, забоншинос, муаррих, рӯзноманигор, файласуф, илоҳиётшинос, ҳуқуқдон, қозӣ, cultural critic
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳмади Касравӣ (форсӣ: احمد کسروی‎) Сайид Аҳмади Ҳукмободии Табрезӣ (форсӣ: سیّد احمد حُکم‌آبادی تبریزی‎; 29 сентябр 1890[1][2], Табрез[3]11 март 1946[3], Теҳрон[3]) — таърихнигор, назарияпардоз, забоншинос, ҳуқуқдон ва мунаққиди эронии озаритабор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмади Касравӣ муҳассили мадрасаи Толибия ва мадрасаи амрикоии Табрез (American Memorial School in Tabriz) буд, ба омӯзиши илмҳои динӣ ва фалсафа, риёзӣ, таърих ва забон таваҷҷуҳ дошт. Соли 1916 ба Қафқоз сафар карда, ба демократҳои Озарбойҷон пайваст. Аҳмади Касравӣ баъди сафарҳои тӯлонӣ ва пажӯҳиш дар Мозандарон, Дамованд, Занҷон, Хузистон дар аҳди Паҳлавиён (1926-79) барои кор ба додгоҳи адлия ва ҷиноӣ ҷалб гардид. Сипас, аз кори додгоҳ дур шуда, дар шаҳрҳои Хуросон, ғарби Эрон (Ҳамадон, Қазвин ва ғ.) ба корҳои маъмурӣ машғул шуд. Аҳмади Касравӣ зимни сафарҳояш бо шахсиятҳои маъруфи замон ошно шуда, барои мубориза бар зидди боварҳои нодурусти динии мардум ва хурофот дар ҷомеа ҷунбиши сиёсӣ-иҷтимоии «покдинӣ»-ро бунёд гузошт. 11.3.1946 дар утоқи бозпурсии Кохи додгустарии Теҳрон аз ҷониби гурӯҳи «фидоиёни ислом» ба қатл расид. Аҳмади Касравӣ ҷонибдори ҷомеаи мутамаддини дунявӣ ва тақвияти ваҳдати миллии эрониён буд. Ба назари ӯ ихтилофоти мазҳабӣ, қавмӣ, забонӣ ва лаҳҷаӣ ваҳдати миллӣ ва якпорчагиро дар Эрон халалдор мекунанд. Муаллифи зиёда 70 китобу рисола. Дар миёни китобҳояш «Таърихи машрутияти Эрон» (1940-42) ва «Таърихи ҳаждаҳсолаи Озарбойҷон» (1934—1940), «Таърихи понсадсолаи Хузистон» (1933) ва «Озарӣ ё забони бостони Озарбойҷон» (1925), «Шиигарӣ» (1943) машҳур мебошанд. Аҳмади Касравӣ дар китобҳои «Баҳоигарӣ», «Суфигарӣ» ва «Ҳоҷиҳои анбордор чӣ дине доранд?» аз боварҳои баҳоӣ, тасаввуф, дар «Хароботгарӣ» аз ашъори Ҳофиз, Саъдӣ ва дигарон интиқод кардааст. Ӯ дар миёни шарқшиносон нахустин нафарест, ки дар бораи Темурмалик рисолаи илмӣ-пажӯҳишӣ таълиф намуда, ӯро ҳамчун қаҳрамони ҳақиқии Эрони Бузург муаррифӣ кардаааст. Назари таърихӣ-фалсафии Аҳмади Касравӣ дар бораи Темурмалик беназир аст.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 MAK (лаҳ.)
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 Deutsche Nationalbibliothek Record #11904336X // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.