Аҳмади Ҷассос
Аҳмади Ҷассос | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | илоҳиётшинос, фақеҳ, муфассир, нависанда |
Таърихи таваллуд: | 917, 918 ё 917 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 981 ё 12 июн 981 |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом[1] ва суннӣ |
Фаъолияти динӣ |
|
Самти фаъолият: | илоҳиётшиносии исломӣ[d], фиқҳ ва тафсир |
Осор: |
Феҳрист
|
Вироиши Викидода |
Аҳмад ибни Алии Рози Ҷассос (ар. أحمد بن على الرازى الجصاص ҳамчунин маъруф ба Абубакри Ҷассос ар. أبو بكر الجصاص; то 918, Рай — 981, Бағдод) — фақеҳ, муҳаддис ва муфассири бузурги ҳанафӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]То бистсолагӣ дар зодгоҳаш таҳсил карда, соли 936/37 барои идомаи таҳсил ба Бағдод омад ва дар маҳзари дарси фақеҳи машҳури ҳанафӣ Абулҳасани Кархӣ ба касби илм пардохт. Пас аз сафарҳо ба баъзе шаҳрҳо барои такмили илм дубора ба Бағдод баргашт ва раёсати ҳалқаи дарси устодаш Кархиро то поёни умраш ба уҳда дошт. Дар бораи мақоми илмии вай уламои шарҳиҳолнигор назарҳои мутафовите доштаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Аҳмади Ҷассос осори илмии зиёде бар ҷой мондааст, ки машҳуртарини онҳо китоби тафсире бо номи «Аҳком-ул-Қуръон» мебошад. Таълифоти фиқҳии вай ғолибан ранги шарҳӣ бар мухтасарҳои бузургони мазҳаб, бавижа имом Муҳаммад ва имом Таҳовиро доранд, ба монанди «Шарҳи Ҷомеъ-ул-кабир», «Шарҳи Ҷомеъ-ус-сағир», «Шарҳи маносик»-и имом Муҳаммад, «Шарҳи Мухтасар»-и Таҳовӣ ва ғайра Аҳмади Ҷассос илова бар фиқҳ, дар илми усул низ аз донишмандони барҷаста ва саромади замони худ ба шумор меравад. Ӯ бо китоби «Аҳком-ул-Қуръон» ва «Ал-фусул фӣ-л-усул»-и худ ҳам дар фиқҳи исломӣ ва ҳам дар риштаи усул таъсири амиқе гузоштааст. Китоби «Аҳком-ул-Қуръон»-и вай яке аз муътамадтарин тафсирҳои ҷаҳони ислом дар шарҳи оятҳои аҳком ба шумор меравад. Дар бораи Ҷассос номида шудани вай гӯянд, ки он нисбат ба амали ҷаскорӣ (гачкорӣ ва ё гачпазӣ) аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991;
- Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.
- دانشنامۀ جهان اسلام. جلد ۳. تهران، ۲۰۰۴؛
- الموسوعة العربية العالمية. النسخة الالکترونية. الریاض، ۲۰۰۴؛
- خیرالدین الزرکلی. الاعلام. بیروت، ۲۰۰۵؛
- دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۲۰۰۶
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.