Jump to content

Арабҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бадавиён)
Арабҳо
Номи қавмии ҳозира ар. عرب
Шумора
  • 440 000 000 ± 10 000 000 тан[1]
Сукунат
Забон арабӣ
Дин ислом[2], масеҳият[3] ва устурашиносии араб[d]
Ҷузъе аз Semitic people[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Арабҳо́ (ар. عرب‎) — гурӯҳи халқҳои[4][5][6] қадимаи сомӣ.

Аҳолии асосии Алҷазоир, Баҳрайн, Миср, Ҷануби Саҳрои Кабир, Урдун, Ироқ, Яман, Қатар, Кувайт, Лубнон, Либиё, Мавритания, Марокаш, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Уммон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Сурия, Судон, Тунис (Ифриқия). Гурӯҳи алоҳидаи арабҳо дар мамлакатҳои Осиё (Афғонистон, Изроил, Индонезия, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон), Европаи Ғарбӣ, Америкаи Шимолию Ҷанубӣ, Африка ва Австралия зиндагӣ доранд. Хаташон ба асоси алифбои арабӣ шакл гирифтааст. Шумораи умумии аҳолии арабҳо дар ибтидои садаи XXI бештар аз 200 млн нафар буда (ба ҳисоби маъхазҳои дигар беш аз 300 млн), аз ин дар Осиё 70 млн нафар, Африка 125, 2 млн нафар, Ҷануби Европа 2,5 млн нафар ва Америкаи Шимолию Ҷанубӣ 1,2 млн нафар зиндагӣ мекунанд.

Аксари эътиқодмандони мусулмон суннимазҳабанд. Ҳамчунин ҷамоатҳои насронӣ – қибтиён дар Миср, православҳо дар Лубнон, Сурия, Урдун сукунат доранд. Ҳоло эътиқодмандони дину ойинҳои қадимӣ низ мавҷуданд. Аҷдоди арабҳо аҳолии нимҷазираи Арабистон будааст.

Гурӯҳи арабҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи принсипҳои маданӣ-хоҷагидорӣ арабҳо муқимӣ, ниммуқимӣ, кӯчманчӣ ва нимкӯчӣ мешаванд. Дар водиҳо кишоварзон – фаллоҳон ба киштукор машғуланд; ғалладонагиҳо, нахли хурмо, қаҳва ва дигар зироатҳои хӯрока мепарваранд. Аксари арабҳои кӯчӣ (бадавиҳои шутуркаш) ва нимкӯчманчиянд (шавиён – гӯсфандбонҳо). Дар миёнаҳои садаи XX иқтисодиёти бадавиён касод шуд ва бархе аз чорводорон ба саноат рӯ оварданд. Минбаъд дар аксари мамолики араб шаҳрсозӣ авҷ гирифта, истеҳсолоти саноатӣ рӯ ба тараққӣ мениҳад; истихроҷи нефту дигар канданиҳои фоиданок афзун мешавад. Моликияти оилавии хусусии бадавиён чорво, чарогоҳҳои ҷамоатӣ – қабилавӣ ва манбаъҳои оби ин минтақа аст. Асоси ташаккули авлодӣ – қабилавӣ гурӯҳи оилавӣ – хешутаборист, ки ба ҷамоати аз обои ягонаи падарӣ пайдошуда мансуб аст. Якчанд ҳамин навъи гурӯҳҳо қабилаеро бо сарварии шайх ташкил медиҳанд. Муносибатҳои ҷамъиятӣ тибқи қонунҳои муқаррарӣ ва шариат танзим мешаванд.

Либоси занони араб, асрҳои IV—VI.
Либоси мардони араб, асрҳои IV—VI.

Мутобиқи шариат мардон серзананд ва ин ҳолат маъмулан хоси оилаҳои сарватманд аст. Сарварии оила ба уҳдаи марди бузургсол ё соҳибэътибори хонадон вогузор аст. Бадавиҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд ва хаймаи калонтарин моли шайхҳои ҷамоат аст, ки дар пешгоҳ ҷойгир мешавад. Хонаҳои деҳқонон – фаллоҳон чоркунҷаи синҷии сутундор буда, бомашон ҳамвор аст. Вобаста ба маҳал масолеҳи сохтмонӣ аз хишти хом, хишти пухта, похса ва санг иборат мебошад. Чунин хонаҳо ҳуҷраҳои пеш – барои мардҳо ва ҳуҷраҳои дарун барои занонро доранд.

Арабҳои Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди Тоҷикистон арабҳо дар якчанд деҳаи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон, ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ва баъзе навоҳии дигар зиндагӣ доранд, ки аз зумраи қабилаи суриягӣ мебошанд. Онҳо забону урфу одати худро аз даст дода ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ такаллум мекунанд ва тарзи зиндагии комили тоҷикона доранд.

  1. https://web.archive.org/web/20210305122402/https://books.google.com/books?id=ZNoiieefqAcC&printsec
  2. AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1913.
  3. Bowden J. (unspecified title) (ингл.)OUP, 2005.
  4. Арабы — Толковый словарь Ожегова. С. И. Ожегов, Н. Ю. Шведова. 1949—1992.
  5. Арабы — статья из Большой Советской Энциклопедии — М.: Советская энциклопедия. 1969—1978.
  6. Энциклопедия «Народы мира». — ОЛМ А. — М, 2007. — С. 52. — 640 с. — ISBN 978-5-373-01057-3.
  • Гуго Винклер, Карл Нибур, Генрих Шурц, История человечество, С.-Пб., 1909;
  • Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат, М., 1966;
  • Марков Г. Е., Кочевники Азии: структура хозяйства и общественные организации, М., 1976.
  • Арабы // Энциклопедия «Кругосвет».
  • Арабы. Etnolog.ru. 17 феврали 2014 санҷида шуд.