Jump to content

Баркаган Зиновий Соломонович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баркаган Зиновий Соломонович
Таърихи таваллуд 25 апрел 1925(1925-04-25)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 декабр 2006(2006-12-27) (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Isidor Abramovich Oybin[d]
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ» Medal "For the Development of Virgin Lands"
Ҷоизаи давлатии СССР Honored Scientist of the RSFSR

Баркаган Зиновий Соломонович (25 апрели 1925, Одесса27 декабри 2006, Барнаул) — терапевт, доктори илми тиб (1965), профессор (1966), Корманди шоистаи илми Федератсияи Россия (1982), Дорандаи мукофоти давлатии ИҶШС (1987).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Донишкадаи тиббии шаҳри Одесса (1946) дар клиникаи терапияи госпиталӣ кор кардааст. Соли 1949 ба Тоҷикистон омада, дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба сифати ассистент, дотсент, мудири кафедраи касалиҳои дарунӣ ифои вазифа намудааст (1956). Баъди аз Тоҷикистон кӯч бастанаш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой ба сифати мудири кафедраи таълими бемориҳои дарунӣ (1956-97) заҳмат кашидааст. Самти фаъолияти илмии Б. ба тибби тропикӣ мансуб буда, с-ҳои дар Тоҷикистон буданаш оид ба ин масъала як силсила таҳқиқот анҷом додааст. Дар водии Вахш, дараҳои Анзобу Тагоб таҷрибаҳо гузаронда, роҳҳои безарар гардондани заҳри мор, каждуму ғунда, ҳазорпо ва дигар ҷонваронро муайян намуд. Муаллифи зиёда аз 500 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 15 монография. Зери роҳбарии Б. 27 нафар рисолаи докторӣ ва 76 нафар рисолаи номзади илмро ҳимоя кардаанд. Бо ордену медалҳо сарфароз гаштааст.

  • Опыт лечения фенамином крапивницы. Сталинабад, 1950;
  • Применение фенамина при бронхиальной астме. Сталинабад, 1951;
  • Болезнь Боткина. Сталинабад, 1959; Кровь и жизнь. Барнаул, 1969;
  • Геморрагические заболевания и синдромы. М., 1988.