Jump to content

Шариф Баротов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баротов Шариф)
Шариф Баротов
Шариф Баротов
Таърихи таваллуд 15 июн 1933(1933-06-15)
Зодгоҳ деҳаи Ноҷии ноҳияи Ҳисор
Таърихи даргузашт 23 феврал 2005(2005-02-23) (71 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология

Шариф Баротов (15 июни 1933, деҳаи Ноҷии ноҳияи Ҳисор23 феврали 2005, Душанбе) — биолог, доктори илмҳои биология (1994), Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ (1996).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи УДТ (1959). Ходими хурд (1959-70), калон (1970-81) ва пешбари илмӣ (1994—2002), мудири шуъбаи паразитологияи Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ (2002-05). Муаллифи 106 мақолаи илмӣ ва 3 монография. Б. оид ба касалиҳои чорво, усулҳои мубориза бо хармагасу ғурмагасҳо, ки ба чорводорӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд, пажӯҳишҳо анҷом додааст. Дар робита ба моҳиҳои ҷумҳурӣ низ таълифот дорад. Тавсияю пешниҳодҳои Б. оид ба пешгирии касалиҳои сироятии чорво дар вазорату корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

  • Касалии пӯст ва мубориза бо он. Д., 1965;
  • Хармагаси зери пӯсти чорвои калони шохдор дар Тоҷикистон. Д., 1972;
  • Ҳодисаҳои сирояти одам бо хармагаси зери пӯст. Д., 1977;
  • Морфологияи кирми хармагас// Биология Армении. 1980, № 3.