Ноҷии Боло
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Мирзо Ризо |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3430 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Ноҷии Боло — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Ноҷии Боло то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 15 км. Аҳолиаш — 3998 нафар (2020[1]; 3430 нафар – 2017)[2], тоҷикон.
Ном
[вироиш | вироиши манбаъ]Калимаи «Ноҷӣ» аз вожаи суғдӣ буда, маънояш Ноҷӣ (Новжи): нов-гузаргоҳи об, дараи обдор гуфтан аст[3].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҷи дар роҳи корвонгузар бунёд ёфта, тоҷирон ҳангоми аз ин мавзеъ гузаштан дар Ноҷи як-ду шаб истироҳат карда, баъд ба сафарашон идома медоданд. Чанд тан ҷавонмардони ғаюри деҳа корвониёнро то ҷойҳои бехавф ҳамроҳӣ мекарданд. Савдогарон дар замонҳои нотинҷ аз ҳамлаю ғорат наҷот меёфтанд. Мумкин номи «Ноҷӣ» ба «Наҷот» ягон алоқамандӣ дошта бошад. Таърихи 800 сола дорад. Мардуми таҳҷоии деҳа аввалҳои садаи XII аз мавзеи Даҳбеди Самарқанд муҳоҷир шуда омадаанд. Қадимӣ будани деҳаро кофтукови бостоншиносии солҳои 90-уми садаи XX гузаронидаи АИ ҶТ дар Ноҷи собит месозад. Роҳи қадимаи абрешим аз Ноҷи мегузашт. Масҷиди мобайнии Ноҷи ссоли 1928 аз маҷмӯаи меъмории қалъаи «Насрулло»-и арки Ҳисор аз тарафи Ҳоҷӣ Турсун харида оварда бунёд карда шудааст. Мардуми Ноҷи дар хоҷагии «Москва» (ҳоло хоҷагиҳои «Баракат» ва «Баракати Чорводор») кор мекунанд ва ба боғдорию зироатпарварӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд[4].
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар деҳа мактаби миёна, масҷиди ҷомеъ, 2 масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ, маркази фарҳангӣ, нонвойхона, 7 мағозаю дӯкон ва осиёби барқӣ мавҷуд аст[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ С. Садриддин. Номи диёр — таърихи диёр. — Душанбе, 2000.
- ↑ 4.0 4.1 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 427