Шариф Баротов
Jump to navigation
Jump to search
Шариф Баротов | |
---|---|
Шариф Баротов | |
Таърихи таваллуд: | 15 июн 1933 (87 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Ноҷии ноҳияи Ҳисор |
Маҳалли даргузашт: | |
Фазои илмӣ: | биология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Шариф Баротов (15 июни 1933, деҳаи Ноҷии ноҳияи Ҳисор — 23 феврали 2005, Душанбе) — биолог, доктори илмҳои биология (1994), Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ (1996).
Зиндагинома[вироиш]
Хатмкардаи УДТ (1959). Ходими хурд (1959-70), калон (1970-81) ва пешбари илмӣ (1994—2002), мудири шуъбаи паразитологияи Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ (2002-05). Муаллифи 106 мақолаи илмӣ ва 3 монография. Б. оид ба касалиҳои чорво, усулҳои мубориза бо хармагасу ғурмагасҳо, ки ба чорводорӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд, пажӯҳишҳо анҷом додааст. Дар робита ба моҳиҳои ҷумҳурӣ низ таълифот дорад. Тавсияю пешниҳодҳои Б. оид ба пешгирии касалиҳои сироятии чорво дар вазорату корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Осор[вироиш]
- Касалии пӯст ва мубориза бо он. Д., 1965;
- Хармагаси зери пӯсти чорвои калони шохдор дар Тоҷикистон. Д., 1972;
- Ҳодисаҳои сирояти одам бо хармагаси зери пӯст. Д., 1977;
- Морфологияи кирми хармагас// Биология Армении. 1980, № 3.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Баротов Шариф / С. Ғафурова // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |
Гурӯҳҳо:
- Зодагони 15 июн
- Зодагони соли 1933
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ҳисор
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми биология
- Мақолаҳои бо шаблон-қуттиҳои беном
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Биологони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон