Барқчӣ (бошгоҳи футбол)
| Номи пурра | Бошгоҳи футболи «Барқчӣ» Ҳисор | ||
| Лақаб | Барқчиён
Ҳисориён | ||
| Таъсис | 2006 | ||
|---|---|---|---|
| Майдон | |||
| Ғунҷоиш | 20 000 | ||
| Молик | |||
| Президент | Каримов Улуғбек | ||
| Мураббӣ | |||
| Капитан | |||
| Буҷет | |||
| Мусобиқа | Лигаи олии футболи Тоҷикистон | ||
| 2024 | 9 | ||
| |||
Барқчӣ — бошгоҳи футболи тоҷик аз шаҳри Ҳисор, ки маркази маъмурии ноҳияи Ҳисор ба ҳайати Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шомил аст.
То оғози соли 2015 ин бошгоҳ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Иштирокчии Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки дар ҷамъбасти мавсими соли 2024, зинаи 8-умро ишғол кард.
Финалисти Ҷоми Тоҷикистон-2008, барандаи Лигаи якуми Тоҷикистон дар соли 2006.
Ин даста ҳоло бозиҳои хонагии худро дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор, ки 20 ҳазор тамошобинро дар бар мегирад, мегузаронад. Дар солҳои 2007-2014 ин бошгоҳ дар шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Помир, ки 24 000 тамошобинро дар бар мегирад, меҳмононро қабул кардааст.
Айни ҳол дастаи футболи "Барқчӣ" дар Лигаи олӣ баромад мекунад.[1]
Таърихи бошгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2006 дар Душанбе бошгоҳи футбол бо номи «Энергетик» таъсис ёфт. Худи ҳамон сол ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон ва роҳхат ба Лигаи олии кишвар гардид. Баъдан ба бошгоҳ Тоҳир Муъминов ҳамчун бозигар-мураббӣ роҳбарӣ мекард.
Соли 2007 дар мавсими дебюти худ дар сатҳи олӣ «Энергетик» дар байни 11 даста ҷои 9-умро гирифт. Соли 2008 ӯ ҷои панҷумро ишғол кард ва дар Ҷоми Тоҷикистон ба финал баромад ва аз тими Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Дар мавсимҳои 2009 ва 2010 дар чемпионат боз панҷум ва соли 2011 чорумро ишғол карданд. Дар 2 соли минбаъда бошгоҳ дар зинаи охирини ҷадвал қарор гирифт. Ва дар мавсими соли 2014 ба далели мушкилоти молӣ 6 давр қабл аз анҷоми он аз чемпионат даст кашид ва дар натиҷа ҳафтум боқӣ монд.
«Энергетик» пеш аз оғози мавсими оянда сарпарасти нав пайдо кард — ба ҷои шабакаи барқи Душанбе ба ширкати миллии энергетикии «Барқи тоҷик» табдил ёфт. Дар пайи ин муомила бошгоҳ ба шарафи соҳиби наваш - "Барқи тоҷик" ном гирифт ва аз Душанбе ба шаҳри Ҳисор, ки дар 20-километрии ғарби Душанбе воқеъ аст, кӯчид. Аз соли 2016 ин маҳфил “Барқчӣ” ном гирифт.
Таърихи тағир додани номҳо
| Мавсим | Ном |
|---|---|
| 2006—2014 | «Энергетик» Душанбе |
| 2015 | «Барқи Тоҷик» Ҳисор |
| 2016—то ҳол | «Барқчӣ» Ҳисор |
Таърихи ҳунарнамоӣ
| Мавсим | Лига | Мавқеъ | Ҷоми Тоҷикистон |
|---|---|---|---|
| 2006 | Лигаи якум | 1 | Иштирок надошт |
| 2007 | Лигаи олӣ | 9 | 1/4 ниҳоӣ |
| 2008 | Лигаи олӣ | 5 | Иштирокчии финал |
| 2009 | Лигаи олӣ | 5 | 1/2 ниҳоӣ |
| 2010 | Лигаи олӣ | 5 | 1/4 ниҳоӣ |
| 2011 | Лигаи олӣ | 4 | 1/4 ниҳоӣ |
| 2012 | Лигаи олӣ | 10 | 1/2 ниҳоӣ |
| 2013 | Лигаи олӣ | 8 | 1/4 ниҳоӣ |
| 2014 | Лигаи олӣ | 7 | 1/8 ниҳоӣ |
| 2015 | Лигаи олӣ | 7 | 1/4 ниҳоӣ |
| 2016 | Лигаи олӣ | 4 | 1/4 ниҳоӣ |
| 2017 | Лигаи олӣ | 5 | 1/2 ниҳоӣ |
| 2018 | Лигаи олӣ | 8 | 1/4 ниҳоӣ |
| 2023 | 3 | ||
| 2024 | Лигаи олӣ | 9 |
Бозигарони шинохта
[вироиш | вироиши манбаъ]
Тоҳир Муъминов
Суҳроб Ҳамидов
Дилшод Восиев
Аҳтам Назаров
Далер Шарипов
Александр Франк
Алиа Силла
Хуршед Маҳмудов
Соҳиб Саванқулов
Дастовардҳо
- Ҷоми Тоҷикистон:
Финалист (1): 2008
- Лигаи якум:
Мураббиён
[вироиш | вироиши манбаъ]| Мавсим | Мураббӣ |
|---|---|
| 2006—2008 | |
| 2009 | |
| 2009—2010 | |
| 2011 | |
| 2011 | |
| 2012 | |
| 2013 | |
| 2013 | |
| 2014—2015 | |
| 2016 | |
| 2017 | |
| 2017 - 2019 | |
| 2020 | |
| 2021 | |
| 2022 | |
| 2023 | |
| 2024 - то ҳол |
Ҳайати кунунии даста
Ба ҳолати 22 апрели соли 2025
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Футбольная лига Таджикистана(рус.). Футбольная лига Таджикистана. 22 апрели 2025 санҷида шуд.