Тоҳир Муъминов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Тоҳирҷон Муъминов
Иттилооти умумӣ
Номи пурра Тоҳирҷон Раҳматҷонович Муъминов
Таваллуд 6 август 1970(1970-08-06) (53 сол)
Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ Парчами СССР Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Қад 176 см
Вазн 73 кг
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ маснад анҷом ёфт
Маснад
Маснади бошгоҳӣ*
1990—1991 Парчами Тоҷикистон «Вахш» 51 (3)
1992 Парчами Тоҷикистон «Соҳибкор» ? (?)
1993—1995 Парчами Тоҷикистон «Помир» ? (?)
1996—2002 Парчами Ӯзбекистон «Андиҷон» 185 (33)
2003 Парчами Тоҷикистон «Фаррух» (м.б.) ? (?)
2004 Парчами Тоҷикистон «Хуҷанд» ? (?)
2005 Парчами Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ» ? (?)
Мунтахаби миллӣ**
1993—2003 Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон 31 (13)
Маснади мураббигӣ
2005—2007 Парчами Тоҷикистон «Энергетик»
2008 Парчами Тоҷикистон «Вахш» (и.в.)
2010-2012 Парчами Тоҷикистон «Хайр»
2013 Парчами Тоҷикистон «Энергетик»
2014 Парчами Тоҷикистон «Вахш» (даври 1-ум)
2014 Парчами Тоҷикистон «Хайр» (даври 2-юм)
2015 Парчами Тоҷикистон «Равшан»
2016-2018 Парчами Тоҷикистон КМВА «Помир»
2019 Парчами Тоҷикистон «Истаравшан»
2020-2021 Парчами Тоҷикистон «Файзканд»
Медалҳои байналмилалӣ
Биринҷӣ Ҷоми ЭКО, Эрон 1993

* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад.

** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ.

Тоҳирҷон Муъминов (Тоҳирҷон Раҳматҷонович Муъминов; зод. 6 августи соли 1970, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — футболбози тоҷик, сармураббӣ. Дорои иҷозатномаи дараҷаи «А»-и КФО.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумот — олӣ, соли 1991 Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Калининро хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҳир Муъминов аз синни 10-солагӣ ба машқу тамрини футбол машғул шудааст. Фаъолияти касбии худро дар бошгоҳи «Вахш» оғоз намуда, солҳои 1990—1991 дар Лигаи дуюм бозӣ намудааст. Соли 1992-ро дар ҳайати дастаи «Соҳибкор»-и шаҳри Душанбе сипарӣ намуда, дар мавсими оянда ба ҳайати «Помир» шомил мешавад. Дар дастаи дуюминбора таъсисёфтаи «Помир» аз соли 1993 то 1995 бозӣ карда, солҳои 1993/94 2 карат соҳиби медали нуқра ва соли 1995 қаҳрамони Лигаи Олии Чемпионати Тоҷикистон шудааст.

Соли 1996 пас аз дубора пош хӯрдани «Помир», ӯ ба дастаи «Андиҷон»-и ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашта, то соли 2002 шарафи ин дастаро дар Суперлигаи Ӯзбекистон ҳимоя намудааст.

Соли 2003 ба Ватан баргашта, дар дастаи «Фаррух»-и шаҳри Ҳисор ба ҳайси бозигар-мураббӣ таъйин мешавад. Мавсими 2004 дар дастаи «Хуҷанд» як даври чемпионатро гузарондааст. Соли 2005 дар охирин мавсими фаъолияти футболбозии худ Тоҳирҷон Муъминов дар тими «Регар-ТадАЗ» (як даври чемпионат) бозӣ карда, ҷоизадори Ҷоми КФО шудааст.

Расман бозии нахусти худро дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон санаи 6-уми июни 1993 муқобили тими миллии Озарбойҷон дар шаҳри Теҳрон дар доираи Ҷоми ЭКО-1993 баргузор намудааст. Аввалин ва дуюмин голи худро бо пероҳани тими миллӣ 7-уми июни 1993 ба дарвозаи тими миллии Қазоқистон U-21 (3:0) задааст. Бозии охирини худро дар ҳайати тими яккачини кишвар дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2006, 30-юми ноябри 2003 зидди тими мунтахаби Бангладеш (2:0) доир намудааст. Аз соли 1998 то 2002 вазифаи капитани тими миллиро ба ӯҳда дошт.

Дар тӯли фаъолият Тоҳирҷон Муъминов ҳамчун футболбози ҳирфаӣ дар чемпионатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 90 гол задааст.

Фаъолияти мураббигарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин таҷрибаи Тоҳир Муъминов ба ҳайси мураббӣ-бозигар дар тими «Фаррух»-и Ҳисор иттифоқ афтода буд. Баъди овехтани кафшҳои футболбозӣ ӯ масъулияти сармураббии бошгоҳи «Энергетик»-и шаҳри Душанберо ба ӯҳда гирифт. Аз моҳи сентябр то охири соли 2008 масъулияти иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими «Вахш»-и Қурғонтеппаро ба дӯш дошт[1]. Солҳои 2010—2012 Муъминов дар вазифаи сармураббии дастаи "Хайр-и Ваҳдат фаъолият намуд[2]. Моҳи августи 2012 дубора ба симмати сармураббӣ ба дастаи «Энергетик» баргашт[3] ва 18-уми августи соли 2013 баъди бохти дуюм дар бозии ҷавобӣ аз бошгоҳи «Регар-ТадАЗ» (0:2 ва 1:2) дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба истеъфо равон карда шуд[4].

Дар гузариши зимистонаи соли 2014 бинобар сабаби таъйин шудани Салоҳиддин Ғафуров ба вазифаи директори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол, бошгоҳи «Вахш» сармураббии ҷадид Тоҳир Муъминовро ба даста даъват намуд[5]. Баъди анҷоми даври аввали чемпионати Тоҷикистон Тоҳир Муъминов бо бошгоҳи «Хайр» шартнома баст[6]. Дар бозии даври 18-ум дастаи «Хайр» дар майдонаш тими «КМВА-Помир»-ро қабул намуд. Ягона голи бозиро Баҳодур Шарипов дар дақиқаи 89-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра зада, «Хайр»-ро ҷоизадори медалҳои нуқраи Лигаи Олӣ кард[7]. Дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 15-уми августи соли 2015 тими «Хайр» дастаи «Саройкамар» аз Лигаи якумро дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе пазируфт. Ғайричашмдошт футболбозони «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ баъди бохти бозии аввал (2:1) дар бозии ҷавобӣ бо маҳорати волои хуб бошгоҳи «Хайр»-ро бо ҳисоби (2:0) шикаст дода, аз идомаи мусобиқа маҳрум намуданд[8]. Новобаста дар сегонаи беҳтарин ҷой доштани «Хайр» дар чемпионати кишвар ин бохт сабаб шуд, ки роҳбари дастаи «Хайр» Қутбиддин Хайров сармураббии тим Тоҳир Муъминовро аз вазифа озод намояд[9]. Мутахассиси саршинос муддати тӯлонӣ бекор намонд, зеро рӯзи 6-уми августи соли 2015 роҳбарияти «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб эълон шудани ӯро ҳамчун сармураббии даста тасдиқ кард[10]. Он замон бошгоҳи «Равшан» баъди 10 давр бо 17 хол дар ҷойи панҷуми ҷадвали Лигаи Олӣ қарор дошт. Дар анҷоми мавсим даста бо ҳидояти Муъминов дар сегонаи ҷадвал қарор гирифта, ба медалҳои биринҷии Лигаи Олии чемпионати Тоҷикистон мушарраф гардид[11].

Қабл аз оғози мавсими нав бинобар сабаби иваз шудани роҳбарият, сармураббии тим Тоҳир Муъминов бо тими «Равшан» қатъи ҳамкорӣ кард. Бошгоҳи КМВА «Помир» дар интиҳои қисмати даври якуми чемпионат барои натиҷаҳои номуносиб шартномаро бо сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов бекор кард ва дар даври дуюм ин вазифаро ба Муъминов супурд[12][13].

Ифтихорот[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба унвони футболбоз[вироиш | вироиши манбаъ]

«Тими миллии Тоҷикистон»

  • (1993) — Ҷоизадори медали биринҷии Ҷоми ЭКО-1993

«Помир»

  • (1993) — Ҷоизадори медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон
  • (1994) — Ҷоизадори медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон
  • (1995) — Қаҳрамони Тоҷикистон

«Регар-ТадАЗ»

  • (2005) — Ҷоизадори Ҷоми КФО (AFC)

Ба унвони сармураббӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Хайр» Ваҳдат

  • (2014) — Мақоми 2 дар Лигаи Олӣ[14]

«Равшан» Кӯлоб

  • (2015) — Мақоми 3 дар Лигаи Олӣ[15]

КМВА «Помир» Душанбе

  • (2017) — Мақоми 3 дар Лигаи Олӣ

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Тохир Муминов назначен и. о. главного тренера команды «Вахш»(пайванди дастнорас — таърих). 9 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 апрели 2013.
  2. Дебютант высшей лиги вахдатский «Хайр» объявил о назначении старшим тренером клуба Тохира Муминова(пайванди дастнорас — таърих). 9 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 апрели 2013.
  3. Тохир Муминов — в «Энергетике»(пайванди дастнорас — таърих).
  4. Главный тренер «Энергетика» Тохир Муминов отправлен в отставку(пайванди дастнорас — таърих). 17 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июни 2020.
  5. В тренерском штабе кургантюбинского «Вахша» произошли большие изменения. Avesta.Tj. www.avesta.tj. 21 феврали 2014 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  6. Тохир Муминов вернулся в футбольном клуб «Хайр». ozodi.org. www.ozodi.org. 21 октябри 2014 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  7. «Хайру» — «серебро», а «Далерону» — «бронза». fckhayr.wordpress.com. fckhayr.wordpress.com. 22 ноябри 2014 санҷида шуд.
  8. «САРОЙКАМАР» СЕНСАЦИОННО ВЫБИЛ «ХАЙР» ИЗ РОЗЫГРЫША КУБКА ТАДЖИКИСТАНА. fft.tj. fft.tj. 5 августи 2015 санҷида шуд.
  9. ТОХИР МУМИНОВ УВОЛЕН С ПОСТА ГЛАВНОГО ТРЕНЕРА «ХАЙРА». fft.tj. fft.tj. 5 августи 2015 санҷида шуд.
  10. ТОХИР МУМИНОВ ВОЗГЛАВИЛ КУЛЯБСКИЙ «РАВШАН». fft.tj. fft.tj. 6 августи 2015 санҷида шуд.
  11. "Равшан" завоевал бронзовые медали чемпионата Таджикистана. sputniknews.ru. sputniknews.ru. 23 ноябри 2015 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  12. ТОХИР МУМИНОВ – НОВЫЙ ГЛАВНЫЙ ТРЕНЕР ЦСКА «ПАМИР». fft.tj. fft.tj. 19 июли 2016 санҷида шуд.
  13. Рахматулло Фузайлов отправлен в отставку с поста главного тренера ЦСКА «Памир». avesta.tj. avesta.tj. 20 июли 2016 санҷида шуд.
  14. «Хайру» — «серебро», а «Далерону» — «бронза». fckhayr.wordpress.com. fckhayr.wordpress.com. 22 ноябри 2014 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  15. "Равшан" завоевал бронзовые медали чемпионата Таджикистана. sputniknews.ru. sputniknews.ru. 23 ноябри 2015 санҷида шуд. (пайванди дастнорас)

[1].

  1. ФУТБОЛ. Беҳтарин бозингар ва мураббии моҳи апрел дар Лигаи олӣ муайян шуданд(пайванди дастнорас — таърих).