Башшор ибни Бурд
Таърихи таваллуд: | 714[1][2] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 784[1][2] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | арабӣ |
Башшор ибни Бурд (форсӣ: بشار ابن برد; 714, Басра — 784) — шоири ва адиби эронитабори арабизабони давраҳои Уммавиён ва Аббосиён.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Башшор аслан аз Тахористон буд. Бобо ва падари ӯро арабҳо асир гирифта, ба Басра бурданд. Баъзе тазкиранигорон иттилоъ додаанд, ки ӯ нобинои модарзод буд, дигарон гуфтаанд, ки дар тифлӣ бар асари беморие аз басират маҳрум шуд. Ин иллати ҷисмонӣ ба рӯҳияи Башшор ва муносибати ӯ ба одаму олам таъсир гузошта, дар ашъораш низ зоҳир шудааст.[3]
Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои адабӣ Башшор шоири муқтадир буда, дар аксар анвои назми арабӣ шеър гуфтааст, вале бештар бо шеърҳои ишқӣ ва ҳаҷвиаш шуҳратёр гардида буд. Ӯ инчунин рисолаҳо (номаҳо)-и мансур, ашъори муздавиҷа (шеър дар навъи маснавӣ ба забонҳои арабӣ ва форсӣ) доштааст, вале онҳо дарёфт нагардидаанд. Солҳои 50 садаи XX дар Тунис девони нопурраи ашъори Башшор ба даст омад, ки он шомили тақрибан 7 ҳазор байт мебошад. Башшор аз эронинажод будани худ ифтихор дошт, бо таассуби хос Эрон ва гузаштаи таърихии онро бар Араби даврони худаш зид мегузошт. Дар чанде аз шеърҳояш афкори зиддиарабӣ ва зиддихилофатии халқҳои эронӣ таҷассуми бадеӣ ёфтаанд, ӯ бад-ин васила анъанаҳои наз-ми шуубияро идома додааст.
Бар замми ин дар баъзе шеърҳояш баъзе муқаррароти исломро мавриди тамасхур қарор дода, расму ойини зардуштиро мадҳ кардааст. Ҳамин гуна андешаҳои иҷтимоию сиёсиаш боиси он гаштанд, ки ӯ ба куфру зиндиқа муттаҳам гардид ва ба амри халифа Маҳдӣ ба қатл расонида шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://librarycatalog.usj.edu.lb/cgi-bin/koha/opac-authoritiesdetail.pl?authid=151179
- ↑ 2.0 2.1 https://librarycatalog.usj.edu.lb/cgi-bin/koha/opac-authoritiesdetail.pl?authid=356731
- ↑ Esat Ayyıldız, Abbâsî Dönemi Şairi Beşşâr b. Burd'un Uzun Manzumeleri, Filoloji Alanında Araştırma ve Değerlendirmeler, Ankara: Gece Kitaplığı, 2021, c. 2, s.27-58.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Башшор ибни Бурд / Н. Зоҳидов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Хана ал-Фахури, История арабской литературы. Т. 1. М., 1959;
- Фильштинский И. М.. История арабской литературы. М., 1985;
- Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. Д., 2007.
- Esat Ayyıldız, Abbâsî Dönemi Şairi Beşşâr b. Burd'un Uzun Manzumeleri, Filoloji Alanında Araştırma ve Değerlendirmeler, Ankara: Gece Kitaplığı, 2021, c. 2, s.27-58.