Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гоҳшумории эронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Тақвими Эронӣ)
 
Моҳи хуршедӣ Давра (тақрибан)
Фарвардин21 март — 20 апрел
Урдибиҳишт21 апрел — 21 май
Хурдод22 май — 21 июн
Тир22 июн — 22 июл
Мурдод23 июл — 22 август
Шаҳривар23 август — 22 сентябр
Меҳр23 сентябр — 22 октябр
Обон23 октябр — 21 ноябр
Озар22 ноябр — 21 декабр
Дай22 декабр — 20 январ
Баҳман21 январ — 19 феврал
Исфанд20 феврал — 20 март

Гоҳшумори эронӣ (порсӣ: گاهشماری ایرانی ), тақвими эронӣ (порсӣ: تقویم ایرانی ) ё гоҳшумори ҳиҷри хуршедӣ (порсӣ: گاهشماری هجری خورشیدی ) — як гоҳшумории хуршедӣ аст ки дар Эрон ва Афғонистон корбурд дорад.[1]

Мувофиқат ба гоҳшумории мелодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ситорача фарорасии Наврӯз, ки мувофиқи гоҳшумории мелодӣ ба 20 март мувофиқ меояд ишорат шудааст. Дар солҳои дигар Наврӯз — 21 март оғоз меёбад[2].

Гоҳшумори григорӣСоли ҳиҷрии шамсӣ
1999-20001378
2000-20011379*
2001-20021380
2002-20031381
2003-20041382
2004-20051383*
2005-20061384
2006-20071385
2007-20081386
2008-20091387*
2009-20101388
2010-20111389
2011-20121390
2012-20131391*
2013-20141392
2014-20151393
2015-20161394
2016-20171395*
2017-20181396
2018-20191397
2019-20201398
2020-20211399*
2021-20221400

Моҳҳои хуршедӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зи фарвардин чу бигзаштӣ, маҳи урдибиҳишт ояд,
Бимон хурдод ва тир онгоҳ мурдодат ҳамеояд,
Пас аз шаҳривару меҳру обону озару дай дон,
Ки бар баҳман ҷуз исфандормуз, моҳе наяфзояд.

Абунасри Фароҳӣ

Рӯзҳои ҳафта

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибтидои ҳафта дар Эрон аз рӯзи шанбе оғоз ёфта бо ҷумъа — рӯзи истироҳат ба охир мерасад.

Рӯзи Ҷумъа — (форсӣ: جمعه) дар Эрон бинобар гузаронидани маросими Намози ҷумъа рӯзи истироҳат аст.

  1. Гоҳшумори дар Эрон Википедиаи Форсӣ, дастрасӣ 22 март 2013
  2. Persian calendar by Holger Oertel. 25 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 июли 2012.