Jump to content

Баҳман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баҳманмоҳ)
<< Баҳман >>
Ш Я Д С Ч П А
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 20 22 23 24 25 26
27 28 29 30
1403 хуршедӣ
 
Моҳи хуршедӣ Давра (тақрибан)
Фарвардин 21 март — 20 апрел
Урдибиҳишт 21 апрел — 21 май
Хурдод 22 май — 21 июн
Тир 22 июн — 22 июл
Мурдод 23 июл — 22 август
Шаҳривар 23 август — 22 сентябр
Меҳр 23 сентябр — 22 октябр
Обон 23 октябр — 21 ноябр
Озар 22 ноябр — 21 декабр
Дей 22 декабр — 20 январ
Баҳман 21 январ — 19 феврал
Исфанд 20 феврал — 20 март
بَهمَن

Баҳман (форсӣ: بهمن‎ аз паҳлави vahuman — нексиришт, фаришта) ё Далв (порсӣ: دلو ) — моҳи 11-ум дар Тақвими Эронӣ ва 30 Рӯз аст.

Баҳманрӯз, рӯзи тақвими офтобӣ — хуршедии авестоӣ ва номи моҳи 11-уми сол. Ориёиҳо рӯзи ҷуфт шудани моҳу рӯзро ҷашн мегирифтанд. Ба иттилои Абурайҳони Берунӣ дар Суғд дар ин рӯз зардуштиён хӯроке аз ҷамъи донаҳои зироат дар дегҳо мепухтанд ва баҳмани сафед, ки махсуси амшоспандон аст, бо шири соф мехӯрданд ва муътақид буданд, ки ҳофизаро қавӣ менамояд. Дар Хуросон, дар ин рӯз дар дегҳо аз донаҳои зироат ва гӯшт хӯрок мепазанд ва гулҳои ёсумани сурху зард чида, ба сайри саҳро мебароянд ва хурсандӣ мекунанд.