Jump to content

Баҳси корбар:Ромин Рахматшоев

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, Ромин Рахматшоев!

Дӯстмурод Саид (talk) 06:04، 23 Июн 2017 (UTC).

Мақолаи бесарчашма

[вироиши манбаъ]

Ромини гиромӣ! Лутфан, мақолаи сохтаатонро бо сарчашмаҳои муътабар асоснок намоед, дар ҳоли риоят нашудани талаботи википедиа он метавонад ҳазф шавад. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 06:05، 23 Июн 2017 (UTC)

Аз сомонаҳо истифода баред

[вироиши манбаъ]

Барои саҳми хешро дар ВП зиёд намудан якчанд маслиҳат ба корбари ҷавон Ромин Рахматшоев


Чӣ кор бояд кард:

  1. Ҷустуҷӯ (поиск) дар сомонаҳои тоҷикзабон дар бораи шахси интихобгардида Масалан: варзишгар ё футболбоз бошад, сомонаҳои Варзиш, Футбол ва диг.;
  2. Аввал, барои муаррифии шахсият аз Шаблон:Шахсият, Шаблон:Варзишгар, Шаблон:Олим, Шаблон:Адиб шурӯъ кунед ва қисматҳояшро пурра гузоред. (аз намунаҳои мақолаҳои ВП русӣ ё англисӣ зиндагиномаи шахси интихобшударо тарҷума кунед);
  3. Бидонед::мақолаҳои бе манбаъ (сарчашмаи боэътимод) вироишнамуда яъне (бе номи саҳифа дар сомонаи интернетӣ, ё ин ки – иқтибосе аз адабиёт бо ишораи ному насаби муаллиф, номи мақолаи китоб (маҷалла ва диг), шаҳр, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.) ҳатман пок (ҳазф) карда мешаванд; (аз намунаҳои мақолаҳои ВП русӣ ё англисӣ сарчашмаро нусха намуда гузоред);
  4. Дар охири мақола ҳатман ба кадом гурӯҳи мавзуотӣ таалуқ доштани мақоларо гузоред. Нигаред: ба зергурӯҳҳои ба мазмуни мақолаатон монанд (дар поварақи мақолаҳои ВП одатан навишта мешавад).

Дар Википедиа мақолаҳои нимколаи кутоҳ хеле зиёданд, онҳоро аз забони русӣ тарҷума кардан лозим аст. Масалан, агар мухлиси футболбозони беҳтарини ҷаҳон бошед ба мақолаҳои - Лионел Месси, Зайниддин Зидон ва Криштиану Роналду ва диг. футболбозони номдор, клубҳои Лигаи чемпионҳои Аврупо вироишро давом диҳед, барои тоҷикзабонон саҳми арзанда мешавад. Барои муаррифии онҳо аз Шаблон:Футболбоз шурӯъ кунед ва қисматҳояшро пурра гузоред. (аз намунаҳои мақолаҳои ВП русӣ ё англисӣ зиндагиномаи шахси интихобшударо тарҷума кунед)

Мухлиси кинои амрикоӣ бошед ба ин номинтсияҳо Гурӯҳ:Номинатсияҳои ҷоизаи «Оскар»,

Ҳунарпешаҳои барҷастаи Амрико:

ва Гурӯҳ:Номинатсияҳои Глобуси тиллоӣ иловаҳо ворид кунед. Барои муаррифии шахсият аз Шаблон:Шахсият, шурӯъ кунед ва қисматҳояшро пурра гузоред.--Шухрат Саъдиев (talk) 15:55، 8 Апрел 2017 (UTC) ва боз кори оддитарин ва дар тақвими ВПғи тоҷикӣ зарур:

Монанди Тақвими мардумии 1-30 июн 2017, ки ман илова кардаам, метавонед соли Мурғро нусха намуда дар диг моҳҳо гузоред, саҳми аввали арзанда барои ВП тоҷикӣ мешавад Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 07:00، 1 Июл 2017 (UTC)

Қолббандии мақолот

[вироиши манбаъ]

Муҳтарам Корбар:Ромин Рахматшоев! Ташаккур барои вироишот ва саҳмгузориатон дар Википедияи Тоҷикӣ. Аммо, лутфан ба қолаббандии мақолот аҳамияти ҷиддӣ бидиҳед. Шаблонҳо, гурӯҳҳо ва интервики гузоштан дар саҳифаҳоро фаромӯш насозед! Аз ин пас мақолаҳоятонро ба мисли мақолаҳои Лутфӣ Саид ва Эммонуил Муллоқандов‎, ки ислоҳашон кардаам эҷод намоед. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 09:57، 24 октябри 2017 (UTC)

Корбарӣ гиромӣ. Ташаккур барои пайвандҳои youtube.com доир ба Аъзам Камолов ва диг., ки мақолаҳои ВК-ро бо сарчашмаҳои нав пурмуҳтаво гардондааст. Аммо, мақолаи Аъзам Камолов аз ҷиҳати таҳрири имлои тоҷикӣ ба охир расонида нашудааст.Таҳрири мақоларо ба охир расонидан зарур аст. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 14:46، 28 октябри 2017 (UTC)

Нананвиштани номҳо бо щарфҳои баланд!

[вироиши манбаъ]

Барои саҳматон ташаккур! Аммо лутфан, номҳоро бо ҲАРФИ КАЛОН ба таври пурра нанвисед! Мақолаҳои пештаратонро ислоҳ кардам, мисли ҳамон кор кунед! --Дӯстмурод Саид (talk) 13:27، 4 январи 2018 (UTC)