Jump to content

Бемориҳои касбӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бемориҳои касбӣ — касалиҳое, ки сирфан ё асосан дар натиҷаи ба организм таъсир расондани шароити номувофиқи кор ва зиёни касбӣ пайдо мешаванд.

Бемориҳои касбӣ дар натиҷаи таъсири омилҳои физикавӣ, кимиёӣ ва биологӣ сар мезананд. Масалан, ҳангоми кор дар шароити фишори баланди атмосферӣ ва риоя накардани қоидаҳои гузариш аз муҳити фишори баланд ба муътадил бемории пастфишорӣ рух менамояд; шавқун ва навасон (вибратсия)-и доимӣ дар истеҳсолот боиси гӯшвазнинӣ ва бемории навасонӣ мегардад; дар натиҷаи муддати дароз фурӯ бурдани гарду чанг пневмокониоз ё дигар бемориҳои шуш ба вуҷуд меоянд; тамос бо моддаҳои радиоактив ва зери таъсири радиатсияи ионофар бемории шуоӣ инкишоф меёбад; моддаҳои кимиёӣ, масалан, заҳрҳои саноатӣ (сурб, симоб, арсен, анилин ва ҳосилаҳои он, пайвастҳои фосфор, бензин, бензол ва ғайра) муҷиби заҳролудии организм ва баъзе касалиҳои пӯст мегарданд ва ғайра. Шахсоне, ки бо беморон ё ашёи сироятёфта, инчунин бо ҳайвони касал сарукор доранд, ба бемориҳои сироятӣ (брутселлёз, сӯхтанӣ) ва ғайра гирифтор мешаванд.

Такмили технология, муҷаҳҳаз гардондани истеҳсо­лот, ташкили дурусти меҳнату истироҳат, рӯзи кӯтоҳи кор дар истеҳсолоти зарарнок, ғизои шифоӣ (наҳории гарм, шир ё дигар маҳсулоти ширӣ, витаминҳо) ва ғайра боиси коҳиш ёфтани бемориҳои касбӣ мегарданд. Дар сурати риоя кардани тадбирҳои пешгирӣ ва бехатарии кор бемориҳои касбӣ рӯй намедиҳанд.