Беназир Бҳутто

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Беназир Бҳутто
Беназир Бҳутто
Benazir Bhutto.jpg
Зодрӯз 21 июн, 1953
Зодгоҳ Қарочи, Синдҳ, Покистон
Даргузашт 27 декабр, 2007
Вазифа Сарвазири Покистон

Беназир Бҳутто (урду: بینظیر بهٹو Карачи, Покистон, 21 июни 1953, Равалпинди, Покистон, 27 декабри 2007), ходими давлатии Покистон. Духтари собиқ сарвазири Покистон Зулфиқор Алӣ Бҳутто (1971–1977). Соли 1973 Донишгоҳи Гарвард (ИМА) ва соли 1977 Донишгоҳи Оксфорд (Британияи Кабир)-ро хатм кардаст. Аз соли 1976 мушовири расмии падараш – Зулфиқор Алӣ Бҳутто буд ва баъди табаддулот (1979) маҳбус гардид. Солҳои 1984–86 дар Британияи Кабир зиндагӣ мекард. Баъди ба ватан баргаштан роҳбари мухолифин ва раиси Ҳиз­би халқии Покистон интихоб мешавад. Дар интихоботи парламентии соли 1988 дар таърихи мусулмонони дунё бори аввал зан Сарвазири мамлакат интихоб мешавад. Бо иттиҳоми ришваситонӣ (1990) аз иҷрои вазифаҳои давлатӣ сабукдӯш гардид. Октябри 1993 аз сари нав сарвазири мамлакат интихоб мешавад. Беназир Бҳутто барои доир намудани ислоҳоти демократӣ дар мамлакат ба муқобилияти сахти ҳаракатҳои тундгароёнаи динӣ ва ақидаҳои кӯҳнапарастонаи ҳарбӣ дучор шуд. Ноябри соли 1996 дигарбора аз нав ба ришваситонӣ муттаҳам шуда, маҷбуран ба истеъфо рафт. Солҳои 1999–2007 дар Британияи Кабир ва Аморати Муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекард. Октябри 2007 Беназир Бҳутто ба ватан баргашта, хост дар интихоботи парламентии соли 2008 иштирок кунад ва сарвазири мамлакат гардад. Ба истиқболи Беназир Бҳутто дар шаҳри Карочӣ митинг баргузор шуда, дар он амали террористӣ содир гардид, ки дар натиҷаи он зиёда аз 140 нафар ҳалок ва беш аз 500 нафар захмдор шуданд. 3 ноябри 2007 Президент Парвиз Мушарраф дар мамлакат ҳолати фавқулодаро ҷорӣ намуд. Мухолифони ҳукумат ва беназир бҳутто муқобили ҳолати фавқулода буданд ва тарафдоронашонро ба митинги оммавӣ даъват намуда, хостори истеъфои Президент Парвиз Мушарраф шуданд ва дар натиҷа Беназир Бҳутто ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. 19 декабри 2007 Парвиз Мушарраф интихоботи президентиро 8 январи 2008 эълон кард.
27 декабри 2007 Беназир Бҳутто дар зодгоҳаш шаҳри Равалпиндӣ дар митинги оммавӣ дар як амали террористӣ ва сӯиқасд захмдор шуда, дар беморхона ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад: