Осиф Алӣ Зардорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Осиф Алӣ Зардорӣ
урду: آصف علی زرداری
Asif Ali Zardari - 2009.jpg
Таваллуд 26 июл 1955(1955-07-26)[1][2] (66 сол)
Ҳамсар Беназир Бҳутто
Фарзандон Bilawal Bhutto Zardari[d] ва Bakhtawar Zardari Bhutto[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод шиъа
Ҷоизаҳо
Order of State of Republic of Turkey Ордени Исмоили Сомонӣ
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Осиф Алӣ Зардорӣ (урду: آصف علی زرداری синдӣ: آصف علي زرداري ; насл. 26 июли 1955) — сиёсатмадори покистонӣ, ҳамраиси Ҳизби халқии Покистон ; Президенти Покистон аз 9 сентябри соли 2008 то 8 сентябри соли 2013. Шахси дуюм дар Покистон аз ҷиҳати сарват.

Ҳаёт пеш аз интихобот[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар вилояти Синд дар оилаи сарватманд таваллуд шудааст. Зодаи қабилаи Зардорӣ, яке аз зерқабилаи балуҷиён, ки дар вилояти Синд зиндагӣ мекунанд, вале ҳамчун Синдҳӣ пазируфта мешавад[3]. Ӯ дар Британияи Кабир таҳсил кардааст. Аз соли 1987 ӯ бо Беназир Бҳутто издивоҷ кардааст (ки ду маротиба дар солҳои 1988-90 ва 1993-96 сарвазири Покистон буд), соҳиби се фарзанд аст.

Соли 1990 бо иттиҳоми фасод боздошт ва ду соли зиндонро сипарӣ кард. Аз соли 1993 то соли 1996 дар вазифаи вазири муҳити зист ва ҳамзамон солҳои 1995—1996 Вазири сармоягузорӣ буд. Соли 1996 ӯ бо як қатор иттиҳомҳо, аз ҷумла гирифтани ришва (ба муҳлати 5 сол зиндон ва ҷарима маҳкум шуд), инчунин ба куштори бародар Бҳутто, ки як сол пеш рух дода буд боздошт шуд. (айбнома дар баҳори соли 2008 лағв карда шуд). Дар соли 1999 вай инчунин ба кумак ба мафияи маводи мухаддир айбдор карда шуд. Ба гуфтаи Бҳутто, Зардорӣ ба шиканҷа гирифтор шудааст. Моҳи ноябри соли 2004 ӯ аз маҳбас ба ивази гарав озод шуд ва ба зудӣ ба Иёлоти Муттаҳида рафт, аммо пас аз як сол, ин дафъа барои робитааш ба тақаллуби маълумоти даромад, ба ҳабс гирифта шуд. Танҳо дар поёни ҳукуматдории Мушарраф Зардорӣ тавонист озодона дар Покистон бимонад.

Пас аз марги Беназир Бҳутто (2007), ӯ ва писараш Билавал ҳамраисҳои Ҳизби халқии Покистон шуданд. Вақте ки Мушарраф дар моҳи августи соли 2008 истеъфо дод, Зардорӣ яке аз номзадҳои асосии мансаби президентӣ шуд, бо вуҷуди онки нисбати ӯ шубҳа аз иштирок дар фасод ва қочоқи маводи мухаддир айбдор гардида буд, (Швейтсария ба талаботи худ нисбат ба ӯ аллакай дар давоми маъракаи интихоботӣ даст кашид[4]), равобит бо Иёлоти Муттаҳида ва мушкилоти равонӣ мавҷуд буд[5][6][7].

Президенти кишвар[вироиш | вироиши манбаъ]

9 сентябри соли 2008 Зардорӣ чун президенти ёздахум савганд ёд кард. Оғози ҳукмронии ӯ бо як ҳамлаи ҳавоии «зидтеррористии» ИМА оғоз шуда буд, ки боиси марги ғайринизомиён гардид ва аз ҷониби як қатор раҳбарони покистонӣ " забткории хориҷӣ " номида шуд. Дар нахустин паёми худ ба порлумон, пас аз ду ҳафта, Зардорӣ артиши Амрикоро маҳкум кард ва ҳамчунин пешниҳод кард, ки салоҳиятҳои раисиҷумҳурро ба таври қобили мулоҳиза маҳдуд карда, гузариш ба ҷумҳурии парлумониро таъмин кунад.

Дар охири худи хамон сол дар Шарқи Наздик хавфи террористй тезу тунд шуд. Дар ҳоле ки бомбгузории меҳмонхона дар Исломобод як сӯиқасд ба ҷони Зардорӣ будааст, хадамоти истихборотии Покистон ба маблағгузории ҳамла ба Мумбай гумонбар шуданд. Бо вуҷуди ин, Зардорӣ расман аз иртибот бо террористон даст кашид ва ба Ҳиндустон ваъда дод, ки дар тафтишот, ки президентро ба хашми Ал-Қоида овард, кумак хоҳад кард.

Дар соли 2009 ба ҳукумати Зардорӣ алакай низоъҳои сиёсии дохилӣ таҳдид карда буд. Навоз Шариф, нахуствазири пешин, аз нокомии раисиҷумҳур дар мавриди барқарории чанд додрасе, ки пешгузаштааш барканор карда буд, истифода кард, тавре ки ӯ қабл аз интихобот ваъда дода буд. Аммо тазоҳуроти тарафдорони Навоз Шариф дар Карочӣ ва Лоҳур пахш карда шуд ва худи Навоз Шариф низ аз ҳаққи ишғоли мансабҳои интихобӣ манъ шуд. Дар охир хукумат розй шуд, ки раисси Суди Олиро ба Ифтихор Муҳаммад Чоудри баргардонад.

Соли 2011 террористи маъруф Усома бин Лоден аз ҷониби амрикоиҳо дар Покистон кушта шуд. Пас аз он муносибатҳои ду кишвар бад шуд[8]. Онҳо ҳамчунин аз тахриби гузаргоҳи Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон осеб диданд[9].

Мӯҳлати ваколати Осиф Алӣ Зардорӣ, намояндаи ҲХП дар интихоботи майи соли 2013, ба поён расид 8 сентябр. Дар робита ба шикасти Ҳизби халқии Покистон, ӯ қаблан эълон кард, ки аз ширкат дар интихоботи навбатии президентӣ даст мекашад (дар интихобот Мамнун Ҳусейн бурд кард, ва 9 сентябри соли 2013 ба иҷрои мансаби Президенти Покистон шурӯъ кард.).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]