Барух Бенасерраф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бенасерраф, Барух)
Барух Бенасерраф
англ. Baruj Benacerraf
Таърихи таваллуд 29 октябр 1920(1920-10-29)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 август 2011(2011-08-02)[4][5][1][…] (90 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Иммунология
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Барух Бенасерраф (инглисӣ: Baruj Benacerraf; 29 октябри 1920, Каракас, Венесуэла — 2 августи 2011, Бостон) — духтур-иммунологи амрикоӣ.

Хатмкардаи Донишгоҳи Колумбия (1942) ва коллеҷи тиббии Вирҷиния (1946). Баъди хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ (1946-48) корманди Институти нейрологияи Донишгоҳи Колумбия (1948-49), духтури госпитали Брессеи Париж (1949-55) буд. Соли 1956 ба ИМА баргашта, дар мактаби тиббии Донишгоҳи Ню-Йорк оид ба механизми ҳасоссияти баланди ҳуҷайравӣ ва хилтӣ тадқиқот анҷом дод. Барои кашфи мутобиқати гистологии генҳое, ки масъули шинохти моддаҳои ғайр ва инкишофи ҷавоби масунӣ мебошанд, сазовори Ҷоизаи Нобел гардид (1980; ҳамроҳи Жан Досс ва Ҷорҷ Снелл).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]