Бешаи палангон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Беш аз 5000 намуди паррандагон зимистонро дар ин мамнӯъгоҳ мегузаронанд[1]

Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон» — яке аз Мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49 700 га ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи табии «Бешаи палангон» бо қарори Комисариати халқии кищоварзии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст.

Маскан[вироиш]

Мамнуъгоҳи дар ҳудуди имрўза ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ аст ва яке аз ҷойҳои тамошобоби Минтақаи сайёҳии водии Вахш мебошад. Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» - ро туғайзор ташкил медиҳад. Аз ҳайвоноти нодир гавазни бухороӣ боқӣ мондааст, паланги туронӣ нест шудааст.[2]

Таърих[вироиш]

Мамнуъгоҳи бо қарори комиссариати Шӯрои халқии ҶШС Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис ёфтааст. Мамнуъгоҳи бо мақсади муҳофизати комплекси биёбону туғайзор, набототу ҳайвоноти нодири он таъсис ёфта, масоҳати умумии он зиёда аз 50 000 га мебошад, ки аз ин шумора 14500 га ҷангалпўш, 10700 га марғзор, 4030 га кӯлҳо, 22173 га-ро биёбон ташкил медиҳад.[3]

Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхўрони даранда – паланги тӯронӣ «Бешаи палангон» номгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ин намуди ҳайвони ширхўр то солҳои 50-уми асри гузашта дучор мешуд. Олими рус Р.Л. Потапов дар асари худ «Тигровая балка» чандин ҳодисаҳои вохўрии одамонро бо палангҳо ёдрас шудааст. Вуҷуди паланги тӯронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рўйи Замин нест шудааст.

Мамнуъгоҳ манзараҳои гуногуни табиӣ дорад, аз як тараф минтақаи биёбон, аз тарафи дигар минтақаи туғайзор, кӯлҳои сершумори мамнуъгоҳро иҳота намудаанд, ки ба табиати он боз ҳам зебоӣ ва гуногунрангӣ мебахшад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, инчунин, поёноби дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Айни ҳол дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 20 кўл боқӣ мондааст. Кўлҳои мамнуъгоҳ макони зисти обсабзаҳо, содатаринҳо, харчангҳо, гамбускони обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кӯлҳои мамнуъгоҳ айни ҳол 16 намуди моҳӣ зист мекунанд, ки баъзеи онҳо намудҳои эндемикӣ, яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта мебошанд.

То солҳои 90 - уми асри гузашта аз намудҳои эндемикӣ дар кӯлҳои мамнуъгоҳ белбинии калони амударёӣ ва белбинии хурди амударёӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин намуди моҳӣ аҳамияти калони зоогеографӣ дорад, чунки ғайр аз поёноби дарёи Вахш (ҳавзаи Аму) авлодҳои наздики белбиниҳо дар дарёи Миссисипии Амрико ва Янтзии Чин дучор мешаванду тамом. Айни ҳол дар кӯлҳо намудҳои нодир ва камшумори моҳиҳо, ба монанди муйлабмоҳии аралӣ, симмоҳӣ, муйлабмоҳии туркистонӣ, сихболмоҳӣ ва жерехи тос дучор мешаванд. Инчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ 2 намуди обхокӣ қурбоқаи кӯлӣ ва ғуки сабз дучор мешаванд, ки миқдоран хеле зиёд мебошанд. Ҳамчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ мори обӣ ва яке аз ширхўрони муътодони акклиматизатсияшуда нутрия (қундузи обӣ) дучор мешавад. Ватани аслии нутрияАмерикаи Ҷанубӣ мебошад. Ба Тоҷикистон ин намуди ширхӯри хояндаро соли 1949 аз хоҷагии нутрияпарварии Кюрдамири Озарбойҷон овардаанд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ солҳои 70-уми асри гузашта хоҷагии нутрияпарварӣ мавҷуд буд ва мӯйинаи ин намуди ширхӯр дар саноати сабук васеъ истифода мешуд.

Кўлҳои мамнуъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони минтақаҳои сард мебошад. Бо фарорасии фасли зимистон ба кўлҳои мамнуъгоҳ баъзе намуди парандагон аз Сибири Русия, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Чин кўчиш намуда, то фарорасии фасли гармо дар он ҷой боқӣ мемонанд. Дар қисмати нимбиёбон ва туғайзори мамнуъгоҳ аз намояндагони синфи хазандагон сангпушти осиёимиёнагӣ, геккони шонаангушт, лундасараки регӣ, куброи осиёимиёнагӣ, гурза ва дигар намудҳои нодир вомехўранд.[4]

Яке аз калонтари калтакалосҳои замони муосир сусмори хокистаранг (эчкамар) дар минтақаи биёбони мамнӯъгоҳ дучор мешаванд, ки онро «тимсоҳи биёбон» низ меноманд. Экоситемаҳои мамнуъгоҳ макони зисти доимии парандагони муқимӣ буда, барои зимистонгузаронии парандагони кӯчӣ низ шароити мусоид дорад. Бо кўшишу заҳмати масъулини мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори парандагони нодир соли 2012 парваришгоҳи махсусе сохта шудааст, ки дар он тазарф, кабк, дуғдоғ парвариш карда мешавад.

Аз намояндагони синфи ширхўрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ, ғизол, гурбаи қамишзор, кафтор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана, ҷайраи ҳиндӣ ва ғайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхӯрони мамнуъгоҳ ин гавазни бухороӣ мебошад, ки дар туғайзорҳои мамнуъгоҳ паҳн шудааст.

Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1993-ум саршумори ин намуд аз сабаби шикори ғайриқонунӣ коҳиш ёфта буд. Лекин бо саъю кўшиши кормандони мамнуъгоҳ солҳои охир саршумори ин намуд рў ба афзоиш овард ва тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳ 250 гавазни бухороӣ вомехўрад.

Аз ҳайвоноти бесутунмуҳра дар ҳудуди мамнуъгоҳ намояндагони содатаринҳо, исфанҷҳо, гидраҳо, кирмҳо, нармтанҳо, тортанакшаклон ва ҳашаротҳо васеъ паҳн шудаанд. Аз ҳама сершумортарин гурўҳи ҳайвоноти мамнуъгоҳ ин ҳашаротҳо мебошанд, ки ҳаёташон бо дарахту буттаҳои мамнуъгоҳ зич алоқаманд аст. Аз ҳашаротҳо дар мамнуъгоҳ сўзанаки кириченко, сўзанаки императорӣ, гаҳвораҷунбони дарахтӣ, амблитесписи мишенко, мантиси саркалон, кирминаи қирмизии талхак, ганданафасаки тўронӣ, чўбхўраки қиррамўйлаб, махаон, шапалаки сафеди томирис ва ѓайра дучор мешаванд.

Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олими соҳа дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди растаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд растаниҳои хўроки чорво, 49 намуд растаниҳои техникӣ, 44 намуд растаниҳои дармонӣ, 10 намуд растаниҳои муфтхўр ва 22 намуд растаниҳои заҳрнок мебошанд.

Дар биёбони мамнуъгоҳ заѓоза, саксавул ва ҷулѓун вомехўранд. Дар атрофи кўлҳо ва резишгоҳи дарё намудҳои зиёди растаниҳо аз авлодҳои бед, сафедор, ангат, санҷид паҳн шудаанд. Дар туѓайзорҳо бошад най, найшакар, эриантус, лух, шутурхор ва дигар алафҳои баландпоя дида мешаванд. Аз ҷиҳати шакли зист асоси флораи мамнуъгоҳро растаниҳои алафӣ ташкил медиҳанд, ки миқдорашон ба 524 намуд мерасад.

Аз намудҳои нодир ва камшумори растаниҳо дар ҳудуди мамнуъгоҳ занбўруѓи даштӣ, усманияи поячааш дарози хам, лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ ва ғайра дида мешавад, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.[5]

Ҳифзи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»[вироиш]

Олами ҳайвоноту наботот чун як ҷузъи табиати зинда, яке аз манбаҳои муҳими зебогии он мебошад ва масъалаи муҳофизати табиат аз нуқтаи назари нигоҳ доштани намудҳои гуногуни ҳайвоноту наботот яке аз масъалаҳои мубрами рўз дар тамоми сатҳи рўйи Замин гаштааст. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он, ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ дар роҳи ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологии ин мамнуъгоҳ нақша-чорабиниҳои гуногунро амалӣ менамоянд, то ҳолати табиии мамнуъгоҳ ба стандартҳои байналмилалии ҳудудҳои ҳифзшаванда ҷавобгў бошад ва он статуси «мамнуъгоҳи биосферавӣ»-ро соҳиб шавад. Аз ин рў, муносибати оқилона ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа омилҳои асосие мебошанд, ки дар оянда ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории гуногунии биологӣ нақши муассир мегузоранд. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо на танҳо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист, балки тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаи кишвар низ муваззаф мебошанд. Соли 1998 вобаста ба таҷлили 60-солагии мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 1998 таҳти № 1037 «Оид ба беҳтар намудани фаъолияти мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ба тасвиб расид, ки дар заминаи он як қатор қарорҳои дахлдор ҷиҳати беҳдошти вазъи экологии мамнуъгоҳ қабул гардид. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ба Ташкилоти байналмиллалии ЮНЕСКО ҷиҳати ба мамнуъгоҳ додани статуси «мамнуъгоҳи биосферавӣ» муроҷиатнома пешниҳод намоянд. Инчунин, дар буҷаи давлатӣ ҷиҳати ба ҳолати меъёрҳои стандарти байналмилалии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ҷавобгў гардонидани ин мавзеъ ҷудо намудани маблаѓгузориро пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, ба Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки то 15 августи соли 1998 аз ҳудуди мамнуъгоҳ нуқтаҳои назорати ҳарбӣ берун бароварда шаванд. Қарорҳои қабулгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи табиат, гуногунии биологӣ ва кам кардани таъсири номатлуби фаъолияти инсон ба муҳити атроф тадбирҳои муассир меандешанд, то ин гўшаи нотакрори табиат ва олами ҳайвоноту набототи он ба наслҳои оянда низ боқӣ монад.[6]


Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Wikipedia contributors. "Tigrovaya Balka Nature Reserve." Wikipedia, The Free Encyclopedia. Wikipedia, The Free Encyclopedia, 6 Dec. 2013. Web. 20 Jan. 2014.
  2. Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012, с. 20.
  3. Мамнуъгоҳи-«бешаи палангон» ганҷинаи бебаҳои табиат
  4. Мамнуъгоҳи-«бешаи палангон» ганҷинаи бебаҳои табиат
  5. Мамнуъгоҳи-«бешаи палангон» ганҷинаи бебаҳои табиат
  6. Мамнуъгоҳи-«бешаи палангон» ганҷинаи бебаҳои табиат