Jump to content

Баҳор (шаҳрак)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бешкент)
Шаҳрак
Баҳор
Носири Хусрав
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Носири Хусрав
Ҷамоат Деҳоти Фирӯза
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4363 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3258
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Баҳоршаҳрак дар ҷамоати деҳоти Фирӯза ва маркази маъмурии ноҳияи Носири Хусрав. Аз Баҳор то маркази ҷамоат аз 1 км камтар; роҳ асфалтпӯш.

Аҳолиаш 5550 нафар (2009) ва 4363 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб, боғчаи кӯдакон, 4 ошхона, 4 нуқтаи савдои хусусӣ, дармонгоҳ, беморхона дорад.

Дар Баҳор пойгоҳи нақлиётӣ, шуъбаи маориф, идораи кишоварзӣ, идораи байторӣ, ситоди ҳолатҳои фавқулода, комиссариати ҳарбӣ, идораи суди ноҳиявӣ, прокуратура, идораи нозироти андоз, шуъбаи омор, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2