Jump to content

Биков, Васил Владимирович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Биков, Васил Владимирович
беларусӣ: Васіль Быкаў
Таърихи таваллуд: 19 июн 1924(1924-06-19)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 22 июн 2003(2003-06-22)[2][4][5] (79 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, филмноманавис, рӯзноманигор, сиёсатмадор
Солҳои эҷод: 19472003
Жанр: повест[d], қисса[d], рӯзноманигории эътиқодӣ[d], ҷустор ва румони кӯтоҳ
Забони осор: белорусӣ[8] ва русӣ[2][8][5]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Биков Васил Владимирович (беларусӣ: Васіль Уладзіміравіч Быкаў; 19 июни 1924 — 22 июни 2003) — нависандаи белорус ва шуравӣ, ходими ҷамъиятӣ. Нависандаи халқии ҶШС Белоруссия (1980). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984) буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Омӯзишгоҳи бадеии Витебск таҳсил кардааст. Дар ҶБВ (1941-45) иштирок карда, баъди он даҳ сол чун афсар хидматашро идома додааст. Мавзӯи асосии эҷодиёти Биков Васил Владимирович ҷанг аст, ки аз нахустин ҳикояҳояш ба забони белорусӣ — «Марги инсон», «Аробакаш» (ҳар ду-1955) ва повести «Садои турна» (1961) оғоз ёфтааст. Нашри повести «Ракетаи севум» (1962, ба забони русӣ) Биков Васил Владимирович-ро чун нависанда машҳур гардонид. Дар повестҳои «Қиссаи Алп» (1963) ва «Мурдаҳо дард намекашанд» (1966) воқеоти талхи замони ҷангро рӯшод тасвир намудааст. Дар повестҳои «Сотников» (1970), «Муҷассама» (1971), «Зиндагӣ то субҳ» (1973), «Сафари бебозгашт» (1978) аз рӯзгори дар деҳоти Белоруссия ва дастаҳои партизанӣ, дар «Аломати мусибат» (1982) аз фоҷиаҳои замони колхозсозӣ ҳикоят мекунад. Дар «Кони санг» (1986), «Ҳавои абролуд» (1987) масоили ахлоқӣ матраҳ гардидаанд. Мунаққидон барои вуқӯъгӯйи ашаддӣ будан ва таваҷҷуҳи бештар доштанаш ба ҷиҳатҳои манфии зиндагӣ танқидаш мекарданд.

Соли 1997 Биков Васил Владимирович аз Белоруссия муҳоҷират карда муддате дар Финландия, Олмон ва Чехия зиста, солҳои охири умрашро дар Минск гузарондааст. Дар асарҳои охиринаш «Роҳи тӯлонии бозгашт ба манзил» (2000), китоби ёддоштҳояш «Арзиши эътибор» (2001) мавзӯи ҷангро идома додааст.

Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1974), Мукофоти ленинӣ (1986). Ба забони тоҷикӣ ҳикояҳо ва повести «Сотников»-и Биков Васил Владимирович тарҷума шуда, ба табъ расидаанд.

  • Собрание сочинений в 4-х тт., М., 1986.
  • Ганченко М., Василь Быков. М., 2004.