Билол ибни Рабоҳ
Билол ибни Рабоҳ | |
---|---|
араб. ар. بلال بن رباح | |
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | саҳоба |
Таърихи таваллуд: | 580 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 642 ё 641[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Ҷанг: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
![]() |
![]() |
Билоли Ҳабашӣ (форсӣ: بلال حبشی, Билол ибни Рабоҳи Ҳабашӣ (ар. بلال بن رباح الحبشي; 592, Макка — 640, Димишқ) — яке аз аввалин гаравандагон ба дини ислом, аввалин муаззин ва саҳобаи пайғамбар Муҳаммад (с).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Роҷеъ ба зиндагии Билоли Ҳабашӣ то дини исломро пазируфтанаш маълумоти қазоие дар даст нест. Маъхазҳо ӯро аз қабилаи Банӣ Ҷумак ва исми модарашро Ҳамома номидаанд. Манбаъҳо ӯро Билол ибни Абурабоҳ ва падарашро аз ҷумлаи асирони ҳабашӣ хондаанд. Дар баъзе адабиёти динӣ Билоли Ҳабашӣ-ро бо номи модараш Билол ибни Ҳамома ба қалам додаанд. Роҷеъ ба кунияаш низ ихтилоф дида мешавад. Дар баъзе манбаъҳо Абуабдулло, дар баъзеи дигараш Абуабдулкарим омадааст.
Билоли Ҳабашӣ, вақте ки ба дини ислом рӯ овард, ба озору шиканҷаҳои зиёд гирифтор шуд, вале ӯро Абубакр ибни Абиқафоҳа харида аз ғуломӣ озод кард. Қабл аз ӯ Зайд ибни Ҳориса низ аз бардагоне буд, ки дини исломро пазируфта буд. Билоли Ҳабашӣ пас аз озодӣ ба пайғамбар пайваст ва ходиму хозини (корпардози) ӯ шуд. Ӯ нахустин муаззини ислом ба шумор мерафт. Муҳаммад (с) ба ӯ алоқаи хосса дошт ва Билоли Ҳабаширо сайиду сарвари ҳабашиён мешуморид. Дар тамоми ғазавот ҳамроҳи пайғамбар буд. Дар рӯзи фатҳи Макка ӯ ҳамроҳи Муҳаммад (с) вориди ин шаҳр шуд ва дар ин ҷо низ ӯ нахустин касе буд, ки азон гуфт.
Билоли Ҳабашӣ пас аз вафоти пайғамбар аз муаззинӣ даст кашид ва танҳо бо исрори дӯстон ҳангоми ба ҷиҳод рафтан ва ё дигар иқдомҳои муҳим азон мегуфт, дар чандин муҳорибаҳо, аз ҷумла футӯҳоти Шом ширкат карда буд. Дар Мадина Билоли Ҳабашӣ бо Абурувайҳи Хасмо аҳди бародарӣ барқарор карда буд. Ӯ ҳамчун коргузори Муҳаммад (с) ақида дошт, ки ғаниматҳои дар ҷанг бадастомада танҳо пас аз ҷудо кардани хумси он миёни ҷанговарон тақсим карда шавад. Маъхазҳо таъкид намудаанд, ки Билоли Ҳабашӣ дар байни шиаён низ мақоми баланд дошт ва Имом Алӣ ӯро аз ҷумлаи баргузидагони асҳоби пайғамбар медонад. Зиндагии ӯ дар замони хулафои рошидин маълум нест.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Али-заде А. Билал аль-Хабаши (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007. — С. 164. — ISBN 978-5-98443-025-8
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- ابن جوزی. تلبیس ابلیس. تهران، ۱۳۷۹؛
- دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج ۳. تهران ۱۳۸۳.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Билоли Ҳабашӣ / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.