Jump to content

Абуҳурайра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуҳурайра
араб. ар. أبو هريرة
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис
Таърихи таваллуд: 1744[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 679[1]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Эътиқод: ислом
Модар: Maimoona binth Safeeh[d]
Ҳамсар Bisra bint Ghazwan[d][1]
Фарзандон: Muharrir ibn Abu Huraira[d], Abdurrahman ibn Abu Hudaida[d] ва Bilal ibn Abu Hurairah[d]
Шогирдон: Анас ибни Молик, Товус ибни Кайсан[d] ва Ibn Sirin[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Викигуфтовард
Вироиши Викидода

Абдурраҳмон ибни Сахри Давсии Яманӣ, маъруф ба Абуҳурайра (ар. أبو هريرة‎; 21 сол пеш аз ҳиҷ­рат/602 м., Давс, Яман — 58-59 ҳ./678-679 м., Мадина) — аз бузургони саҳоба ва серривояттарини онҳо дар ҳадис.

Давсӣ за­мони ҷанги Хайбар ба соли 6 ҳиҷрӣ (629 милодӣ) ба Мадина омад ва дар авоили соли 7-ум ислом овард, пас аз он ба суҳбати Паём­бар (с) мулоза­мат варзид ва ба саҳобагони аҳли Суффа шомил гардид. Чун боре гурбабачаи саҳрои (ҳурайра)-еро ёфт ва ба остинаш гирифт ё натиҷаи майл ва дилбастагие, ки ба гурбаҳо дошта, бо Абуҳурайра — падари гурбача мулаққаб гардид. Давсӣ мансуб ба қабилае бо ҳамин ном аст, ки дар сарзамини Яман дар навоҳии Ҳиҷоз ва Уммон сукунат дошта.

Абуҳурайра бинобар ҳофизаи неруманд ва мудовамате, ки бар сӯҳба­ти Паёмбар (с) дошт, 5374 ҳадис аз он Ҳазрат (с) ривоят кардааст, ки бештар аз ҳашт­сад тан са­ҳоба ва тобеӣ онҳоро аз вай ривоят ва ба наслҳои баъдӣ расонидаанд ва шуҳрати азими вай ба хотири бисёрии ривояти ҳадис аст. Бухорӣ ва Муслим дар сиҳоҳи худ 326 ҳадиси муштарак ва Бухорӣ 93 ва Муслим 98 ҳадиси ғайри муштарак аз вай ривоят кардаанд ва аҳодиси ривоятшуда аз вай 213 сафҳаи Муснади Аҳмад (ҷ. 2. — с. 228—541)-ро ба худ ихтисос додаанд.

Абуҳурайра дар замони Умар муддате волӣ ва коргузори Баҳрайн ва дар давраи Усмон қазои Маккаро ба уҳда доштааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 арабская Википедия — 2003.
  • Абдушариф Боқизода, Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011;
  • Алмавсуату-л-арабияту-л-оламия (الموسوعة العربیة العالمیة) [Global Arabic Encyclopedia]. Ривояти электронӣ. — Риёз. 2004.