Биҳии самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Биҳӣ

Биҳии самарқандӣ — навъе аз биҳӣ. Дарахташ косашакли баланд, дар 10—12-солагӣ 4,5-4,6 м қад мекашад.

Ғафсии танаш 40-45 см. Шохаҳояш паҳну парешон, дарозии шохаҳояш 3,3-3,5 м, баргаш байзашакл. Муғҷаҳои боровараш асосан дар навдаҳои яксола ҷой гирифтаанд. Аз ох апр. то авв. май гул мекунад; даври гулшукуфташ 10-12 рӯз. Мевааш калони нокмонанд, вазнаш 500—600 г (баъзан 800—850 г), сабзи зардтоб, мағзаш гулобӣ, хушбӯй, болаззат, таъмаш нордон; авв. окт. мепазад. Барои тар­хӯрӣ нобоб аст. Аз биҳии самарқандӣ консерв, шарбат, мураббо, меваоб тайёр мекунанд; барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ аст. Онро дар яхдон то моҳи март нигоҳ доштан мумкин. Ҳангоми пухтан мевааш 11,5-14,8 % қанд, 0,70-1,2 % туршӣ, 1,8 % моддаҳои пектинӣ, 32 % кислотаи аскорбинат, 45 % моддаҳои даббоғӣ ва рангдеҳ, 62 мг% катехин дорад. Ниҳоли Биҳии самарқанро дар заминҳои обҳои зеризаминиаш амиқ аз рӯйи тартиби 5 х 6 ё 6×4 м ба ҳар 4-5 м яктоӣ мешинонанд. Барои хуб гардолуд шудан онро якҷо бо навъҳои Серҳосил ва Совхозӣ бояд шинонд. Ниҳолаш пас аз 5 соли шинондан самар медиҳад. Давраи нашваш 240—245 рӯз. Навдаҳои зиёдатии биҳиро мебуранд. Каллак кардани дарахти 18-20-солааш барои серҳосил гаш­тани он таъсири хуб мерасонад. Ба сармо каму беш тобовар аст. Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон парвариш мекунанд. Аз касалии меватосак зарар мебинад.

Нигаред низ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Частное плодоводство. М., 1972;
  • Гулов С. М. Мевапарварӣ. Д., 2007.

Сарчашма[вироиш]