Бойсунқур
Таваллуд |
16 сентябр 1397[1][2] |
---|---|
Даргузашт |
20 декабр 1433[1][2] (36 сол) |
Дудмон | дудмони Темурӣ |
Падар | Шоҳрух[d] |
Модар | Гавҳаршодбегим |
Фарзандон | Ala al-Dawla Mirza[d], Sultan Muhammad bin Baysonqor[d][3] ва Абулқосим Бобур[4] |
Эътиқод | ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ғёсуддин Бойсунқур (16 сентябр 1397[1][2], Ҳирот[1][2] — 20 декабр 1433[1][2], Ҳирот) — аз асилзодагони сулолаи Темуриён.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Писари Шоҳрух, набераи Темур, бародари Улуғбек, Ҳокими вил-ҳои Мозандарон, Астаробод ва Ҷурҷон (1414), баъд вазири падараш — Шоҳрух (1416-20) буд. Ҳокими Эрону Озарбойҷон (1420) ва Астаробод (1431). Ҳангоми сафарҳои Шоҳрух вазифаи муовинии ӯро адо мекард. Бойсунқур шахси маърифатнок, мухлиси ашъори форсӣ-тоҷикӣ буд. Замони вазириаш дар Ҳирот китобхона ташкил карда, хаттотону наққошон, мусаввирону саҳҳофон ва зарҳалгаронро ҷалб намуд. Солҳои 1425-26 котибони китобхона қариб 40 нусха «Шоҳнома»-и Фирдавсиро муқоиса карда, нусхаи интиқодии онро тартиб ва бо минётураҳои мактаби тасвирии Ҳирот, ки бо роҳбарии Бойсунқур таъсис ёфта буд, оро доданд. Худи Бойсунқур ба он муқаддима навиштааст. Соли 1423 бо супориши Бойсунқур Ҳофизи Абрӯ ба навиштани асари маъруфаш «Зубдату-т-таворих» шурӯъ кард. Бойсунқур дар Машҳад дар мақбараи Гавҳаршодбегим дафн шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 http://www.iranicaonline.org/articles/baysongor-gia-al-din-b
- ↑ https://referenceworks.brillonline.com/entries/encyclopaedia-of-islam-3/baysunghur-ghiyath-al-din-COM_23712?s.num=0&s.f.s2_parent=s.f.book.encyclopaedia-of-islam-3&s.q=baysunghur
- ↑ https://iranicaonline.org/articles/babor-abul-qasem-mirza
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бойсунқур / А. Мухторов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.