Jump to content

Бортолди Феликс Менделсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бортолди Феликс Менделсон
олмонӣ: Felix Mendelssohn Bartholdy
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 3 феврал 1809(1809-02-03)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 ноябр 1847(1847-11-04)[1][2][3][…] (38 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 18261843
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, пиёнунавоз, арғунуннавоз, раҳбари мусиқӣ, мусиқишинос, омӯзгори мусиқӣ, устоди донишгоҳ, рассом, нависанда
Соз арғунун, фортепиано ва скрипка
Сабк опера, мусиқии килоссик[d] ва Мусиқии симфонӣ
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
mendelssohn-stiftung.de/…(олмонӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Менделсон Бортолди Феликс (1809-1847) — композитори барҷастаи олмонӣ, пианинавоз, дирижёр, омӯзгор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Менделсон аз 9-солагӣ чун пианинавоз дар саҳнаҳои консертӣ баромад кардааст ва дар ҳамин синусол эҷоди нахустин асараш оғоз ёфтааст. Дар сини 17-солагӣ яке аз асарҳои машҳури худ – увертюра ба комедияи Шекспир «Хоб дар шаби тобистон»-ро офарид. Ҳамчунин дар ҳамин давра миқдори зиёди асарҳояш пайдо шуданд: квартетҳо, симфонияҳо, пиесаҳои фортепианӣ. Дар мероси композитор силсилаи минётураҳои фортепиании «Сурудҳои бе матн» мавқеи муҳимро ишғол менамоянд, онҳо ба гунаи хелҳои махсуси «Романсҳои созӣ» мебошанд. Ба мусиқии симфонии офаридаи Менделсон – 5 симфония (беҳтаринашон «Шотландӣ» ва «Итолиёвӣ»), якчанд увертюра («Мағораи фингалӣ», «Рюи Блаз» ва ғайра), ҳамчунин ораторияҳо (аз он ҷумла барои скрипка) дохиланд. Менделсон муаллифи зиёда аз 20 ансамбли камеравӣ-созӣ, қариб 60 ансамбли вокалӣ, пиесаҳо барои созҳои гуногун, зиёда аз 80 суруд барои овоз бо фортепиано, хорҳо ва ғ. мебошад. Дар таърихи мусиқии Олмон Менделсон ҳамчун асосгузори аввалин консерватория дар Олмон (Лейпсиг, с. 1843) мебошад. Менделсон солҳои зиёд консертҳои симфонии Гевандхаузро дар Лейпсиг роҳбарӣ кард, чандин бор чун дирижёр дар бисёр мамлакатҳои Аврупо баромад кардааст.[5]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Felix Mendelssohn-Bartholdy (нидерл.)
  3. 3.0 3.1 Lockspeiser E. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  5. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.228. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)