Боғи Ғалаба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Боғи Ғалаба - дар ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе, дар теппаи шарқии пойтахт воқеъ аст. Боғ ва маҷмааи меъмориву ҳайкалтарошии ёдгорӣ дар теппаҳои шарқии ш. Душанбе соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ бунёд гардидааст (меъморон Б. А. Зуҳурдинов, А. М Шербинин, ҳайкалтарош Д. Б. Рябичев).

Таърих[вироиш]

Тибқи нақшаи асосии ш. Душанбе барои маҷмааи ёдгории «Модар-Ватан» (дар ҳуҷҷатҳо ҳамин тавр номида шудааст) дар қисми шим. шарқии ш. Душанбе минтақаи калон ҷудо карда шудааст, ки дар теппаҳои он бешабоғ ҷойгир аст. Даромадгоҳи асосии боғ ба сӯи ёдгориҳо аз кӯчаи «Дӯстии Халқҳо» сар шуда, ба воситаи кӯчабоғи зинапоядори сайругаштӣ ба маркази боғ – майдони намоиш ва оташи абадӣ мерасад. Барои осонтар ба болои теппа баромадан роҳи симтанобии овеза сохта шудааст. Сохтмони Б. Ғ. ҳоло пурра анҷом наёфтааст. Мас., дар лоиҳа сохтмони "Майдони Андӯҳ" бо "оташи абадӣ", "Гулгашти Қаҳрамонон" бо тасвирҳои муқарнасӣ ва муҷассамаи «Модар-Ватан» пешбинӣ шудааст, лекин муҷассама то ҳол бунёд нагардидааст. Тамоми ансамбл бо нуқтаҳои радио таъмин буда, силсилаи ҳавзҳо онро пурра мекунад. Ба композитсияи умумии маҷмаа зинапояҳо, суфачаҳо, майдончаҳои назоратӣ, сабзазорҳо, буттаҳои ороишӣ, силсилаи ҳавзҳо ва диг. унсурҳои ободонӣ дохил мешаванд. Муаллифон маҷмааро дар ҷойи ноҳамвор чунон моҳирона эҷод кардаанд, ки тамоми маҷмаа аз тарафи шаҳр, кӯчаҳо, майдонҳову минтақаҳои алоҳидаи он хеле хуб дида мешавад. Меъморон ҳангоми кашидани лоиҳа нақшаи аниқи ҳаракати тамошобинонро фикр кардаанд. Шахс ҳангоми ҳаракат қаҳрамониҳои падарону бобоёнро, ки барои ояндаи насли наврас ҷонашонро қурбон кардаанд, дарк менамояд. Тамошобинон бо зинапоя аз Майдони Андӯҳ гузашта, ба майдончаи назоратӣ мерасанд, ки аз он ҷо "Гулгашти Қаҳрамонон" (Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ) ибтидо меёбад. Аз хати намо қад-қади майдонча ва зинапоя тахтасангҳои болои қабр бо нақшҳои муқарнасӣ гузошта шудаанд. Болотар аз он майдончаи меҳмонон воқеъ аст, ки дар девори мармариаш ба шарафи ҷанговарон ба ҳарфҳои зарҳалӣ «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» навишта шудааст.

Тавсиф[вироиш]

Боғи Ғалаба, ҳамчун компплекси меъмори соли 1975 (ба бузургдошти ҷашни 30-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ) аз рӯи лоиҳаи гуруҳи лоиҳакашони институти Гипрогор (меъморон Б. Зуҳурдинов, В. Щердинин, ҳайкалтарош Д. Рябичев) бунёд шудааст. Даромадгоҳи боғ аз кучаи «Дӯстии халқҳо» сар шуда то теппа зинапояҳои васеъ дорад. Инчунин, барои зиёраткунандагон то теппа роҳи ҳавоии «хати катора» (меъмор М. Исмоилов, конструктор Р. Хурсандов) сохта шудааст. Дар майдони боғ дарахту буттаҳои гуногун ҷамъ оварда шудаанд. Дар маҷмаа маводи ороишӣ – сангҳои табиии гуногунҷинс, мармар, тахтаҳои оҳану бетонӣ, металл ва ғ. истифода шудаанд. Маҷмааи Боғи Ғалаба бо зебоии меъморӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст ва дар тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда дорад. Дар ин ҷо ҳар сол 9 май намоиши паради ҳарбӣ баргузор мешавад, наваскарон қасами ҳарбӣ ёд мекунанд ва навхонадорон барои сайру тамошо ба ин боғ меоянд. Боғи Ғалаба ҷойи дӯстдоштаи сокинони ш. Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он мебошад.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). – Душанбе, 2008, с. 173 -174