Боғи Парчами Миллӣ
Боғи Парчами Миллӣ — боғи фарҳангиву фароғатӣ дар Душанбе, дар маркази ш. Душанбе, рӯ ба рӯи «Амфитеатр» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон воқеъ аст.
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Боғ соли 2012 бунёд шуда, масоҳати он 16,68 га. аст. Боғ бо тарроҳӣ ва меъмориҳои вижааш аз дигар боғҳои шаҳр фарқ мекунад. Боғ ду дарвозаи мунаққаш дорад − яке аз самти «Қасри Миллат» ва дигаре аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ. Маркази боғро Парчами Миллӣ (баландиаш 165 м.) оро медиҳад. Дар ҳошияи Парчами Миллӣ кӯли бузургест, ки дар миёнҷояш буфету қаҳвахона дорад ва дар соҳилаш 10 қаиқча барои ҳавасмандони шиноварӣ омодааст. Дар атрофу дохили боғ, аз ҷумла, дар назди Парчами Миллӣ фаввораҳо сар мекашанд; дар атрофи парчам чароғҳои баландшиддат гузошта шудаанд, ки шабона тобиши ҷолибе доранд. Дар боғ майдони варзишие низ муҳайёст, ки дар миёнҷояш муҷассамаи уқоби болкушода устувор аст. Дар паҳлуи майдони варзишӣ барои саргармии наврасон 5 теппачаи бо ҳам васлшаванда ва 8 манораи кандакорӣ низ сохта шудааст. Барои баргузории мулоқотҳову бозиҳову ҷашнҳо дар боғ майдончаи мудаввар мавҷуд аст. Дар боғ беш аз 10 ҳазор бех (аз 50 намуд) дарахтони сояафкану гулбар шинонда шудааст. Роҳраву гулгаштҳои боғ то 4 км тӯл кашидаанд. Дар атрофи гулгашти бузурги боғ, дар назди Осорхонаи миллӣ 31 муҷассамаи номоварони таърихи миллат, ба монанди Куруши Кабир, Ҷамшед, Шоҳи Каёниён, Шоҳи Кушониён, Низомулмулк, Сарлашкари Суғд — Шоҳ Ҳусейн, Шоҳи Хатлон, Рӯдакӣ, Абуалии Сино, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва диг. қомат афрохтаанд. Барои сайругашти меҳмонон мошинҳои махсус омодаанд. Дар боғ 8 ҳавз мавҷуданд, ки дар миёнҷойи ҳар кадом қаҳвахона сохта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 DU pro. DU TJ Production. Душанбе - Мой любимый город.
- ↑ DU pro. DU TJ production. Душанбе - Мой любимый город.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боғи Парчами Миллӣ / А. Раҳмонқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.