Бӯгинак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бӯгинак

Бӯгинак (лот. Conyza canadensis))(собиқ Erigeron conadensus), як навъ гиёҳи худрӯст (то 2 м қад мекашад). Пояи росту сершохча, барги нештаршакли серпашмак, гули майдаи сафедтоб, хӯшагули сабадак дорад. Бӯгинак аслан аз Амрикои Шимолӣ буда, дар Урупо ва кишварҳои дигар паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон бӯгинак алафи бегона аст; моҳи май гул мекунад. Бӯгинак 0,3 – 0,6% равғани эфир (лимонен, дипетен, терпинеол), витамини С, каротин, моддаҳои даббоғию флавоноидӣ, намакҳои минералӣ, холин ва алкалоид дорад. Ҷӯшоби баргу пояи бӯгинак дар табобати илтиҳоби пешобдон, шуш, меъдаву рӯда ва бавосири хуншор истифода мешавад. Табибони халқӣ бо он тарбод, ниқрис (подагра), илтиҳоби гурда, шошадон, простатит, экземаро даво мебахшанд. Табибони украинӣ ҷӯшоби бӯгинакро давои исҳол меҳисобанд.

Нигористон[вироиш | вироиши манбаъ]




Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
  • Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;