Jump to content

Вакханалия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вакханалия (лот. Bakchanalia) — 1) ҷашни ойинӣ дар Руми Бостон, ки ба ифтихори ойини махфии Вакха баргузор мегардид. Вакханалияро дар ибтидо шабҳангом дар чакалаки Семел танҳо занҳо барпо мекарданд. Аз охири садаи III то м. Вакханалия дар сартосари Итолиё паҳн гардид ва мардон низ ба он роҳ дода шуданд. Вакханалия тадриҷан ба маросими айшу ишрат табдил ёфт, ки боиси заиф гардидани одобу русуми Рум шуда, барои давлат хатар эҷод мекард. Аз ин рӯ соли 186 бо декрети Сенати Рум фаъолияти он ҷиддан маҳдуд карда шуд. Ширкаткунандагони Вакханалияро дар Рум дар ифроти шаҳват, фисқу фасод, таҷовузи гурӯҳӣ ба номус ва заҳролудкунии ҷомеа муттаҳам мекарданд. Садҳо нафар (аз ҷумла бисёре аз намояндагони ашроф) ба қатл расонида, қисми зиёдашон ҳабс карда шуданд. Муаррихон ин озору азиятҳоро на танҳо аз ҷанбаи ахлоқӣ, балки ба маънои сиёсӣ низ баррасӣ менамоянд; 2) саҳнаҳои рақсӣ, эпизодҳо (лаҳзаҳо) ва ҳунарнамоиҳо дар опера ва балет, ки барангезиши шаҳвоният ва ҳиссиёти баландро намоиш медиҳанд. Асосгузори ин жанр Д. Штейбелт аст, ки барои фортепиано бо ҳамроҳии тамбурин (дафи бузург); дар толорҳои консертии Пориси охири садаи XVIII ба сифати сози мусиқии бадеҳаҳои рақсӣ садо медод) 12 Вакханалия навиштааст. Вакханалияро дар балет бори нахуст Л. Керубини («Ахилл дар Скирос», 1804) истифода кард. Машҳуртарин Вакханалияҳо: саҳнаи балет аз операи «Тайгензер»-и Р. Вагнер ва саҳнаи «Шаби Валпургиев» аз операи «Фауст»-и

  • Маяк И. Л. О запрещении вакханалий в Риме//Советская археология. Т. 28. — М., 1958;
  • Культура Древнего Рима. Т.1. — М., 1985;
  • Доддс Э. Вакханалии в культуре Древней Греции// Доддс Э. Р. Греки и иррациональное. — СПб., 2000.