Jump to content

Василий Абаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Василий Абаев
осет. Абайты Иваны фырт Васо
Таърихи таваллуд 2 (15) декабр 1900[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 март 2001(2001-03-18)[2][1][3] (100 сол) ё 12 март 2001(2001-03-12)[4] (100 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ филология, забоншиносӣ, эроншиносӣ, local history[d], решашиносӣ ва Педагогика
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Order "For Merit to the Fatherland" Order "For Merit to the Fatherland", 3rd class Order "For Merit to the Fatherland", 4th class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Medal "For the Defence of the Caucasus" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Ҷоизаи давлатии СССР Honored Scientist of the RSFSR
 Парвандаҳо дар Викианбор

Васи́лий Ива́нович Аба́ев (осет. Абайты Иваны фырт Васо; 2 (15) декабри 1900, деҳаи Коби, губернияи Тифлис, ҳозира Гурҷистон12 марти 2001, Маскав) — филолог, мутахассиси гурӯҳи забонҳои эронӣ. Миллаташ осетин. Доктори илмҳои филология (1962), професор (1969).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст (1925). Аз соли 1945 то охири умраш ходими илмии Институти забоншиносии АИ Россия буд. Бештар аз 270 асари ӯ доир ба назарияи этимология ва таърихи пажӯҳишҳои забоншиносӣ, забоншиносии эронӣ ва ҳиндуаврупоӣ, оид ба масъалаҳои забоншиносии умумӣ ба табъ расидаанд. Абаев забонро дар робита ба таърих, ҳаёти иҷтимоӣ, маданият, ақоиди фалсафию динӣ ва урфу одати халқ тадқиқ кардааст.

Ӯ Осиёи Марказиро нахустсарзамини мардуми ориёӣ шумурда, ҳампайвандии бевоситаи аланҳо ва дигар қавмҳои мардуми эронинажод ва скифҳоро нишон додааст Абаев мақолаҳои бунёдие дар бораи Зардушт («Ҳаёти маишии скифҳо ва ислоҳоти Зардушт») ва «Готҳо» («Устура ва таърих дар «Готҳо»-и Зардушт») нигоштааст. Дар таҳқиқоти дигари Абаев матнҳои Катибаи Бесутун тарҷума шуданд. Дар «Фарҳанги таърихию этимологии забони осетинӣ» (ҷилди 1 – 5, 1958 – 95) ном асараш ӯ таъриху этимологияи вожаҳои осетиниро дар заминаи маводи 190 забони дунё тадқиқ карда, робитаи забони осетиниро бо дигар забонҳо нишон додааст. Абаев муҳаққиқи фолклори осетинҳо (китоби «Забон ва фолклори осетинӣ», ҷилди 1, 1949), луғатшинос («Луғати русӣ-осетинӣ», нашри сеюм, 2000), адабиётшинос (мақолаҳо оид ба асосгузори адабиёти осетинӣ Коста Хетагуров) ва ғайра мебошад.

Дар Конгресси XVI шарқшиносони Германия (Ҳалле, 1958), Конгресси XXV байналхалқии шарқшиносон (Москва, 1960) иштирок кардааст.

Ҷоизаву ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ходими хизматнишондодаи илми Осетияи Шимолӣ (1957) ва Гурҷистон (1980), нахустин барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Коста Хетагуров (1966), барандаи Мукофоти давлатии СССР (1981) буд.

  • Исаев М. И. Василий Иванович Абаев (род. 15 декабря 1900 г.) // Отечественные лексикографы: XVIII—XX века / Под ред. Г. А. Богатовой. Институт русского языка им. В. В. Виноградова РАН; Лексикографический семинар; Кабинет «Славянский мир». — М.: Наука, 2000. — С. 399 - 417. — 512 с. — 1 000 экз. — ISBN 5-02-011750-1. (в пер.)