Ваҳдат (шаҳрак, н. Шуғнон)
Шаҳрак | |
37°21′00″ с. ш. 71°42′58″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
ноҳия | Шуғнон |
Ҷамоат | Деҳоти Поршнев |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Миденшаҳр |
Масоҳат | 0,52 км² |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2426 тан (2012) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Номи қавмӣ | шуғнониҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
|
Ваҳдат (то 2012 — Миденшор) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Ваҳдат то маркази вилоят 15 км, то шаҳри Душанбе 626 км; роҳ автомобилгард[1]. Масоҳаташ 0,52 км2.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолиаш 2426 нафар (2012), тоҷикон.
Сол | 2012 | 2022 |
Аҳолӣ, наф. |
2426 |
Маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ваҳдат мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, интернати наздимактабӣ, мактаби мусиқӣ, клуб, беморхонаи минтақавӣ, дармонгоҳ, дорухона, маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, маркази савдо ва 6 нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона, ошхона ва фабрикаи «Ҳаёти нав» мавҷуданд. Ташкилоти байналхалқии МСДСП-и Хазинаи Бунёди Оғохон ва як қатор филиали бонкҳо фаъолият мекунанд. Дар Ваҳдат чашмаи Носири Хусрав, осорхонаҳои инфиродии Носири Хусрав, Шириншо Шоҳтемур, Моёншо Назаршоев мавҷуданд.
Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, занбӯрпарварӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз Барчиддара обёрӣ мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.