Барсем
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Барсем | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | ВМКБ |
| Ноҳия | Шуғнон |
| Ҷамоат | Деҳоти Сучон |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1097 тан (2012) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 |
Барсем — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ, дар соҳили рости дарёи Ғунд, дар сари роҳи автомобилгарди Ӯш-Хоруғ ҷойгир аст. Аз Барсем то маркази ҷамоати деҳот 1 км, то шаҳри Хоруғ 19 км. Аҳолиаш 1097 нафар (2012), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, клуб, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва бунгоҳи тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Ғунд ва наҳри Барсемдара обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барсем // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.