Jump to content

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Навъ Ташкилоти ҷамъиятӣ
Таъсисёбӣ 23 декабри 1927
Макон  Тоҷикистон
Афроди калидӣ Қурбониён Баҳодур Бобоҷон (Котиби генералӣ) Саид Қурбонов (Президенти Ҷамъият)
Бахш emergency and relief[d]
Сайт redcrescent.tj

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон — созмони ғайридавлатӣ ва худидораи ғайритиҷоратӣ, иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрӣ ва узве аз Ҷунбиши байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон. [1]

Таърих

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 23 декабри соли 1927 таъсис ёфтааст. Якумин роҳбари ҶҲАТ қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум мебошад. Соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶҲАТ-ро ба ҳайси ҷамъияти умумиҷумҳуриявии мустақил, ихтиёрӣ ва иҷтимоӣ пазируфт. [2] Соли 1997 ҶҲАТ узви Фидератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гардид. Соли 2001 Қонуни ҶТ «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Соли 2010 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ба тасвиб расид. [1]

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 504 аз 7.10.2011 «Оид ба тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» моҳи май моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст.[3] Ҳар сол моҳи май Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ, озмунҳо ва иқдомҳои хайриявию эҳсонкорӣ дар саросари кишвар барпо мегардад. Тибқи санадҳои танзимкунандаи фаъолият ҶҲАТ ҳамчун ниҳоди ёрирасони мақомотҳои давлатӣ дар самтҳои мухталиф аз қабили омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, расонидани кумакҳои амалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва ғайра фаъолият мебарад. [2]

Айни замон Котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Баҳодур Бобоҷон ва Приезиденти Ҷамъият Саид Курбонов мебошанд. [4]

Филиалҳо

Ин ҷамъият дар саросари кишвар 2 Филиали вилоятӣ (Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Филиали ҶҲАТ дар ВМКБ), 2 Филиали минтақавӣ (Бохтар ва Кӯлоб) ва 65 Филиалҳои шаҳриву ноҳиявӣ иборат буда ҳазорон нафар аъзо ва беш аз 12 000 волонтёр ё худ ихтиёрӣ дорад. [4]

Фаъолият

Ҷамъият мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», Оиннома ва низомномаҳои тасдиқшуда фаъолият менамояд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷамъияти ихтиёрӣ эътироф гардидааст, мутобиқи Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрӯҳон ва беморон дар артишҳои амалкунанда, дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрӯҳон, беморон ва киштишикастагон аз ҳайати нерӯҳои мусаллаҳ дар баҳр, дар бораи муносибат бо асирони ҳарбӣ, дар бораи ҳимояи аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ ба мақомоти давлатӣ дар фаъолияти башардӯстона мусоидат менамояд. [5]

Дар ин муддат Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон корҳои зиёди назаррас ва судмандро дар мавриди дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ, гузарондани нуқтаҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳое, ки ба он ниёз доранд, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ва хадамоти ҷустуҷӯ, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркида дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ, омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати забони русӣ, компютер ва маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва ғайраро ба роҳ мондааст. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикон дар Тоҷикистон, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқ афтода буд, ба шахсони эҳтиёҷманд ёриҳои башардӯстона расонда мешуд. Дар ин муддат тақрибан ба 200 ҳазор нафар, ки маҳалли зисти доимиашонро тарк карда, ба ёриву дастгирӣ эҳтиёҷ доштанд, маводи ғизоӣ, ғайриғизоӣ ва доруворӣ дастрас гардид. [6]

Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» дар соли 2010 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 октябри 2011 № 594 «Дар бораи тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» боиси дастгирии фаъолияти башардӯстона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.[6]

Имрӯзҳо дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятӣ ва ғайрисироятӣ, расонидани ёрии аввал, кӯмакҳои иҷтимоӣ, гузаронидани нуқтаҳои оби нӯшокӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, пиронсолони яккаву танҳо, шахсони дорои маъюбиятдошта ва дигар ниёзмандони кишвар ба роҳ монда шудааст. [6]

Вазифаҳо

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳам мустақилона ва ҳам бо ҳамкории мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд: [7]

— дар ташкили донории хун ва ҷузъҳои он дар давраи осоишта ва дар давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок намуда, тарғиботро дар байни аҳолӣ барои беподош додани хун ва ҷузъҳои он ҷиҳати табобат ба роҳ мемонад;

— дар расонидани кумаки табобатию пешгирӣ ва иҷтимоии шахсони ба он ниёзманд иштирок менамояд;

— баҳри дастрас шудани маводи зарурати нигоҳубини бемор тавассути шабакаҳои дорутаъминкунии Ҳилоли Аҳмар фаъолият карда, барои нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизмати тиббию иҷтимоии пулакӣ мерасонад;

— барои расонидани кумак ба шахсони бехонумон, гурезаҳо ва табақаҳои дигари аҳолии ниёзманд хадамоти махсус ташкил мекунад;

— бо мақсади ҷустуҷӯи шахсони бе ному нишон гумгашта хадамоти ҷустуҷӯӣ ташкил мекунад, робитаи байни аъзои оилаҳоро, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ ҷудо шудаанд, барқарор месозад, барои пайваст намудани оилаҳо кумак мерасонад;

— қабул, нигоҳдорӣ ва тақсими кумаки башардӯстонаро, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ва дигар манбаъҳо расонида мешавад, ба роҳ мемонад;

— бо хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақомот ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба маҷрӯҳон ва беморони зарардидаи давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона кумак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор ташкил менамояд;

— бо мақомот ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, кумак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор созмон медиҳад;

— барои истифодаи аломати Ҳилоли Аҳмар ба сифати нишони фарқкунанда ва дар замони осоишта ба сифати нишони ҳимоят иҷозат медиҳад;

— ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва ҷойгиронии қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда осеб дидаанд, кумак мерасонад;

— ба фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

— ба мақомоти давлатӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияҳои Женева (соли 1949) ва Протоколҳои иловагӣ (соли 1977) бармеоянд, мусоидат мекунад;

— таълимот дар бораи ҳуқуқи байналмилалӣ, принсипҳо ва идеалҳои Ҳаракатро паҳн менамояд;

— дар чорабиниҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бобати сабук кардани азияти инсон ва нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ, инчунин иҷрои барномаҳои худ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иштирок мекунад;

— дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона буда, инчунин аз ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ зарар дидаанд, расонидани кумакро ташкил менамояд;

— тавассути Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ба қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ ҷабр дидаанд кумак мерасонад; [5]

Мақсаду мароми ҶҲАТ

Мақсади асосии ҶҲАТ, ҳамчун сохтори мададгори мақомоти давлатӣ дар самти фаъолияти башардӯстона, ба аҳволи табақаҳои мӯҳтоҷтарини аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст ё имконияти минималии иҷтимоию иқтисодиашон ва шаъни инсониашон ҷабр дидааст, беҳбудӣ бахшидан мебошад.

Мароми ҶҲАТ сабук гардонидани азоби мардум сарфи назар аз макон ва бе ҳеҷгуна тафриқа мебошад. ҶҲАТ дар мавриди зарурӣ кӯмаки беғаразонаашро тавассути аъзоён ва волонтёрони ихтиёриёни худ дар асоси эҳтиёҷмандии аҳолӣ мерасонад. [4]

Тибқи санадҳои танзимкунандаи фаъолият ҶҲАТ ҳамчун ниҳоди ёрирасони мақомотҳои давлатӣ дар самтҳои мухталиф аз қабили омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, расонидани кӯмакҳои амалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва ғайра фаъолият мебарад. [3]

Самтҳои асосии фаъолияти ҶҲАТ:

  • Паҳн намудани донишҳо оид ба ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстӣ ва арзишҳои башардӯстии Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,
  • Тайёрӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда,
  • Ҳифзи саломатӣ,
  • Ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа,
  • Аёдати шахсони ниёзманд,
  • Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ,
  • Огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва ғайраҳо. [8]

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 Рустамбек Аҳмадзода. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. https://telegra.ph (22.12.2023).
  2. 2.0 2.1 Рустамбек Аҳмадзода. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. https://medium.com/@Rustambek_Ahmadzoda/ (22.12.2023).
  3. 3.0 3.1 Рустамбек Аҳмадзода. Маълумотҳо вобаста ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (14.06.1997).
  4. 4.0 4.1 4.2 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. https://redcrescent.tj/ (27.08.2022).
  5. 5.0 5.1 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» (16.04.2017).
  6. 6.0 6.1 6.2 Нодир АМИНЗОДА,. Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар. Садои Мардум. Садои мардум (06.05.2022).
  7. МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. https://mmk.tj/ (12.01.2010).
  8. Рустамбек Аҳмадзода. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. https://dzen.ru/id/64f6c8ad5a69cd24f0810efd (22.12.2023).

Пайвандҳо