Jump to content

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Навъ Ташкилоти ғаритиҷоратии ҷамъиятӣ
Таъсисёбӣ 23 декабри 1927
Бунёнгузорон Нусратулло Махсум
Макон  Тоҷикистон
Афроди калидӣ Қурбониён Баҳодур Бобоҷон (Котиби генералӣ) Саид Қурбонов (Президенти Ҷамъият)
Бахш emergency and relief[d]
Қисм Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ, 2 Филиали вилоятӣ ( Суғд ва ВМКБ ), 2 Филиали минтақавӣ ( Кӯлоб ва Бохтар ), 65 филиали шаҳриву ноҳиявӣ
Сайт redcrescent.tj

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон — созмони ғайридавлатӣ ва худидораи ғайритиҷоратӣ, ягона Ҷамъияти миллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрӣ ва узве аз Ҷунбиши байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон мебошад. [1]

 20 ноябри соли 1918 ҷаласаи умумии аъзоёни ҷамъияти Салиби Сурхи Русия баргузор гардид, ки дар он  Оинномаи нави ҷамъият қабул гардида Кумитаи Марказии Салиби Сурх интихоб шуд ва ин сана ҳамчун солрӯзи Салиби Сурхи Советӣ қабул гардид. Ин ҳачун яке аз аъзоёни ИҶШС ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таалуқ дошт ва метавон гуфт, ки таърихи пайдоиши ҶҲАТ аз ин сана чарчашма мегирад. [1]

Ҳамчун Ҷамъияти мустақил, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 23 декабри соли 1927 таъсис ёфтааст. Якумин роҳбари ҶҲАТ қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум интихоб карда мегардад. Он вақт дар назди ҶҲАТ як қатор вазифаҳои муҳим, дар мисоли:

  • Мубориза алайҳи касалиҳои сироятӣ
  • Масъалаи таъминоти тиббӣ, иҷтимоӣ
  • Беҳдошти тиббии фирориён аз Афғонистон (солҳои 1921-24 зиёда аз 30 000 оила ба Афғонистон гуреза шуда буданд)
  • Масъалаи безараргардонӣ (дезинфексия)
  • Паҳнкунии донишҳои тиббӣ ва ғайра гузошта шуд.

Соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶҲАТ-ро ба ҳайси ҷамъияти умумиҷумҳуриявии мустақил, ихтиёрӣ ва иҷтимоӣ пазируфт. [2] ҶҲАТ 06.11.1997 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эътироф шуда, аз 20.11.1997 аъзои Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошад.

Соли 2001 Қонуни ҶТ «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Соли 2010 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ба тасвиб расид. [1]

Фаъолият дар замони ҶБВ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замони ҶБВ аз тарафи ҶҲАТ 3300 дружинаҳои санитарии занона, 2000 ҳамшираҳои шафқат ва 5000 нафар санитаркаҳо омӯзонида шуданд. Аз тарафи бахши Суғдии ҶҲАТ соли 1942,  222 нафар ҳамшираҳои шафқат омӯзонида шуда 10 нафари онҳо ва 20 дружинаҳои санитарии занона ба ҷанг фиристода шуданд. [2]

Аз ҷумла аъзои ҶҲА Исоева А. аз санитаркаи қаторӣ то дараҷаи командири взвод гардида, танҳо дар 1 рӯзи ҷанг 57 нафар маҷрӯҳро аз майдони ҷанг баровардааст. [3]

Дар самти ҷамъоварии маблағи хайрия низ аъзоёни Ҷамъият фаъолияти назаррас доштанд. Аз ҷумла аъзоёни ҶҲА ноҳияи Уротеппа, ҳозира шаҳри Истаравшан дар ин давра бо маблағи ҳамон вақта 105 259 рубл ҷамъоварӣ намуданд. [3]

Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 504 аз 7.10.2011 «Оид ба тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола моҳи май моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст.[3]

Айни замон Котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Баҳодур Бобоҷон ва Приезиденти Ҷамъият Саид Курбонов мебошанд. [4]

Ин ҷамъият дар саросари кишвар 2 Филиали вилоятӣ (Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Филиали ҶҲАТ дар ВМКБ), 2 Филиали минтақавӣ (Бохтар ва Кӯлоб) ва 65 Филиалҳои шаҳриву ноҳиявӣ иборат буда ҳазорон нафар аъзо ва беш аз 12 000 волонтёр ё худ ихтиёрӣ дорад. [4]

Ҷамъият мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», Оиннома ва низомномаҳои тасдиқшуда фаъолият менамояд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷамъияти ихтиёрӣ эътироф гардидааст, мутобиқи Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрӯҳон ва беморон дар артишҳои амалкунанда, дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрӯҳон, беморон ва киштишикастагон аз ҳайати нерӯҳои мусаллаҳ дар баҳр, дар бораи муносибат бо асирони ҳарбӣ, дар бораи ҳимояи аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ ба мақомоти давлатӣ дар фаъолияти башардӯстона мусоидат менамояд. [5] Дар ин муддат Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон корҳои зиёди назаррас ва судмандро дар мавриди дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ, гузарондани нуқтаҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳое, ки ба он ниёз доранд, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ва хадамоти ҷустуҷӯ, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркида дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ, омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати забони русӣ, компютер ва маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва ғайраро ба роҳ мондааст. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикон дар Тоҷикистон, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқ афтода буд, ба шахсони эҳтиёҷманд ёриҳои башардӯстона расонда мешуд. Дар ин муддат тақрибан ба 200 ҳазор нафар, ки маҳалли зисти доимиашонро тарк карда, ба ёриву дастгирӣ эҳтиёҷ доштанд, маводи ғизоӣ, ғайриғизоӣ ва доруворӣ дастрас гардид. [6] Дар густариши самтҳои фаъолияти ҶҲАТ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» дар соли 2010 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 октябри 2011 № 594 «Дар бораи тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» аҳамияти махсус дошта нишони возеҳи дастгирии фаъолияти башардӯстона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.[6] Имрӯзҳо дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятӣ ва ғайрисироятӣ, расонидани ёрии аввал, кӯмакҳои иҷтимоӣ, гузаронидани нуқтаҳои оби нӯшокӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, пиронсолони яккаву танҳо, шахсони дорои маъюбиятдошта ва дигар ниёзмандони кишвар ба роҳ монда шудааст. [6]

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳам мустақилона ва ҳам бо ҳамкории мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд: [7]

— дар ташкили донории хун ва ҷузъҳои он дар давраи осоишта ва дар давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок намуда, тарғиботро дар байни аҳолӣ барои беподош додани хун ва ҷузъҳои он ҷиҳати табобат ба роҳ мемонад;

— дар расонидани кумаки табобатию пешгирӣ ва иҷтимоии шахсони ба он ниёзманд иштирок менамояд;

— баҳри дастрас шудани маводи зарурати нигоҳубини бемор тавассути шабакаҳои дорутаъминкунии Ҳилоли Аҳмар фаъолият карда, барои нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизмати тиббию иҷтимоии пулакӣ мерасонад; — барои расонидани кумак ба шахсони бехонумон, гурезаҳо ва табақаҳои дигари аҳолии ниёзманд хадамоти махсус ташкил мекунад;

— бо мақсади ҷустуҷӯи шахсони бе ному нишон гумгашта хадамоти ҷустуҷӯӣ ташкил мекунад, робитаи байни аъзои оилаҳоро, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ ҷудо шудаанд, барқарор месозад, барои пайваст намудани оилаҳо кумак мерасонад;

— қабул, нигоҳдорӣ ва тақсими кумаки башардӯстонаро, ки аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ва дигар манбаъҳо расонида мешавад, ба роҳ мемонад; — бо хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақомот ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба маҷрӯҳон ва беморони зарардидаи давраи задухӯрдҳои мусаллаҳона кумак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор ташкил менамояд;

— бо мақомот ва ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, кумак расонида, бо ҳамин мақсад хадамоти дахлдор созмон медиҳад;

— барои истифодаи аломати Ҳилоли Аҳмар ба сифати нишони фарқкунанда ва дар замони осоишта ба сифати нишони ҳимоят иҷозат медиҳад;

— ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ва ҷойгиронии қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда осеб дидаанд, кумак мерасонад;

— ба фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

— ба мақомоти давлатӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияҳои Женева (соли 1949) ва Протоколҳои иловагӣ (соли 1977) бармеоянд, мусоидат мекунад;

— таълимот дар бораи ҳуқуқи байналмилалӣ, принсипҳо ва идеалҳои Ҳаракатро паҳн менамояд;

— дар чорабиниҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бобати сабук кардани азияти инсон ва нигоҳубини табақаҳои гуногуни аҳолӣ, инчунин иҷрои барномаҳои худ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ иштирок мекунад;

— дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона буда, инчунин аз ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ зарар дидаанд, расонидани кумакро ташкил менамояд; — тавассути Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои хориҷӣ ба қурбониёни задухӯрдҳои мусаллаҳона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ва техногенӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ ҷабр дидаанд кумак мерасонад; [5]

Мақсаду мароми ҶҲАТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақсади асосии ҶҲАТ, ҳамчун сохтори мададгори мақомоти давлатӣ дар самти фаъолияти башардӯстона, ба аҳволи табақаҳои мӯҳтоҷтарини аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст ё имконияти минималии иҷтимоию иқтисодиашон ва шаъни инсониашон ҷабр дидааст, беҳбудӣ бахшидан мебошад.

Мароми ҶҲАТ сабук гардонидани азоби мардум сарфи назар аз макон ва бе ҳеҷгуна тафриқа мебошад. ҶҲАТ дар мавриди зарурӣ кӯмаки беғаразонаашро тавассути аъзоён ва волонтёрони ихтиёриёни худ дар асоси эҳтиёҷмандии аҳолӣ мерасонад. [4] Тибқи санадҳои танзимкунандаи фаъолият ҶҲАТ ҳамчун ниҳоди ёрирасони мақомотҳои давлатӣ дар самтҳои мухталиф аз қабили омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, расонидани кӯмакҳои амалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва ғайра фаъолият мебарад. [3]

Самтҳои асосии фаъолияти ҶҲАТ:

[вироиш | вироиши манбаъ]

Имрӯзҳо самтҳои асосии фаъолияти ҶҲАТ-ро чунин тасниф кардан мумкин аст:

  • Паҳн намудани донишҳо оид ба ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстӣ ва арзишҳои башардӯстии Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,
  • Тайёрӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ,
  • Ҳифзи саломатӣ,
  • Ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа,
  • Кӯмак шахсони ниёзманд ва гурӯҳҳои осебпазири ҷоме,
  • Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ,
  • Огоҳсозии аҳолӣ аз хатари мина ва дигар лавозимотҳои нотаркидаи ҷангӣ ва ва ғайраҳо. [8]

Сохторҳои давлатӣ аз қабили:


Ташкилотҳои берунӣ ва намояндагии онҳо дар кишвар:

  1. 1.0 1.1 1.2 Рустамбек Аҳмадзода. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. https://telegra.ph (22.12.2023).
  2. 2.0 2.1 Рустамбек Аҳмадзода. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. https://medium.com/@Rustambek_Ahmadzoda/ (22.12.2023).
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Рустамбек Аҳмадзода. Маълумотҳо вобаста ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (14.06.2022).
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. https://redcrescent.tj/ (27.08.2022).
  5. 5.0 5.1 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» (16.04.2017).
  6. 6.0 6.1 6.2 Нодир АМИНЗОДА,. Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар. Садои Мардум. Садои мардум (06.05.2022).
  7. МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. https://mmk.tj/ (12.01.2010).
  8. Рустамбек Аҳмадзода. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон. https://dzen.ru/id/64f6c8ad5a69cd24f0810efd (22.12.2023).