Википедиа:Мақолаи пешнаҳодӣ ҳафта/2015/37

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Эшони Алломаи Регарӣ (Абдушарифов Эшонҷон, 1 июли1947, деҳаи Чанор (маъруф ба «Деҳаи Эшонҳо»)-и водии Рашт, Тоҷикистон – 9 сентябри 2015ДушанбеТоҷикистон) — воиз ва донишманди муосири шинохтаи тоҷик.
Ӯ дар фиқҳ ҳанифимазҳаб асту дар тариқат пойбанди “Нақшбандия” ва дар ақида пайрави Абӯмансури Мотуридии Самарқандӣ мебошад. Аз сабаби дар шаҳри Турсунзода иқомат доштанаш номи нисбии Регариро низ ба номи ӯ меафзоянд - Мулло ё Эшони Алломаи Регарӣ. Эшони Аллома воиз ва донишманди муосири шинохтаи тоҷик буда, байни мардум бештар бо номи Мулло Аллома ва Эшони Аллома шинохта мешавад. Эшони Аллома донанди хуби забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ, қирғизӣ ва арабӣ буданд. Эшон 7 писар ва як духтар дорад. Эшони Алломаи Регарӣ субҳи 9-уми сентябри соли 2015 дар сини 68-солагӣ бар асари бемории қалб дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз олам даргузаштанд.
Силсилаи насабии Эшони Аллома аз ҷониби модарӣ ба эшонҳои Гулканд, ки аз Мадинаи Мунаввара омадаанд ва аз ҷониби падарӣ бошад, аз наберагони Эшони Абдулвосеъ мебошанд, ки шаҷараи он ба насаби Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мерасад ва унвони эшонии Аллома низ аз ҳамин ҷо реша мегирад. Падари Аллома Эшони Муҳаммадшариф, дар баробари эшонзода ва рӯҳонии шинохта будан, ба деҳқонӣ низ шуғл меварзидааст. бештар...