Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/35
Дилшод Назаров (Назаров Дилшод Ҷамолиддинович) — гурзпартои тоҷик, чемпиони олимпӣ дар бозиҳои Рио-де-Жанейро, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001).
Зиндагинома
[вироиши манбаъ]Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад. Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст. Оиладор аст ва ду фарзанд дорад.
Иштирок дар Бозиҳои олимпӣ
[вироиши манбаъ]Иштирок дар мусобиқаҳои пешистодаи Бозиҳои олимпии ш. Рио-Дежанейрои Бразилия (соли 2016) барои Назаров бори чорум хоҳад буд. Бори нахуст ӯ дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар ш. Афина. Бори дуюм дар ш. Пекин соли 2008 (ҷойи 11 дар гурзандозӣ) ва бори сеюм дар Олимпиадаи Лондон иштирок варзида соҳиби ҷойи 10 дар гурзандозӣ гардидааст. Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Рӯзи 16 соли 2016 август рӯйхати варзишгароне, ки дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иштирок мекунанд, эълон шуд. Дилшод Назаров дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ дар гурӯҳи В гурзро ба масофаи 76 метру 39 сантиметр партофта, бо натиҷаи 76 метру 39 сантиметр дар ҷойи севум қарор гирифта ба даври ниҳоии сабқати гурзандозҳо дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро роҳ ёфт.Мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август соли 2016 ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ гардид.(бештар...)