Вилояти фақеҳ
Вилояти фақеҳ (ар. ولاية الفقيه, форсӣ: ولایت فقیه) — яке аз мафҳумҳои фиқҳии аҳли ташайюъ, ба маънии ҳокимияту раҳбарии сиёсии фақеҳ.
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳли ташайюъ муътақиданд, ки мебоист пас аз вафоти паёмбари ислом Муҳаммад (с) давраи вилояти имоми аввал Алӣ ибни Абутолиб ва ёздаҳ имоми баъди онҳо оғоз мешуд, вале чунин нашуд. Чун давраи имомати 12 имом бо ғайб задани Маҳдӣ анҷомид, дар давраи ғайбати имоми мазкур то зуҳури ӯ вилоят бояд аз тариқи вилояти фақеҳ идома ёбад. Барои вилояти фақеҳ ҷиҳати зимомдории ҳукумати исломӣ ду шарт ногузир аст: илм ба қонун ва адолат. Шахси раҳбари сиёсӣ бояд пеш аз ҳама қонундон (олими фиқҳ) ва адолатпеша бошад. Ба қавли Оятуллоҳ Хумайнӣ, «агар фарди лойиқе, ки дорои ин ду хислат бошад, ба по хост ва ташкили ҳукумат дод, ҳамон вилоятеро, ки ҳазрати Расули акрам (с) дар амри идораи ҷомеа дошт, доро мебошад ва ба ҳама мардум лозим аст, ки аз ӯ итоат кунанд». Ин на ба он маъност, ки фақеҳи воҷид (доранда)-и ду шарти мазкур мақоми Паёмбар (с) ва имомонро дорад, зеро вилояти фақеҳ дар фиқҳи шиъа вилояти эътиборӣ аст. Умур ё корҳои эътиборӣ дар баробари умури таквинӣ буда, умуреро гӯянд, ки бар фарз ва ҷаълу қарордод эҷод мешаванд ва онҳоро ба вазъкунандаашон нисбат медиҳанд. Чунонки, агар вазъкунандаи умур шореъ (қонунгузор), яъне, аз боби шариат бошад, онро «эътибори шаръӣ» меноманд, вале агар вазъкунандаи он мардум бошад, ки барои идораи умури зиндагии худ вазъ ва ҷаъл карда бошад, онро «эътибори ақлонӣ» мегӯянд.
Вилояти фақеҳ дар таълимоти ташайюъ на мақом, балки вазифа аст. Фақеҳони воҷиди шартҳои ногузир барои вилояти фақеҳ ба пояи имомон намерасанд, вале ҳамон вазифаи ташреъӣ — ба иҷро овардани шариати илоҳӣ ва ташкили ҳукумату давлати исломӣ, ахз (ситонидан)-и молиёт, закоту хумс, тақсими даромади байтулмоли муслимин барои ниёзҳои ҷомеаи исломӣ, танзими умури иҷтимоию иқтисодӣ ва низомию ҳарбӣ, раҳбарии маънавию мазҳабиро ба уҳда доранд.
Байни аҳли суннат ва ҷамоат ва аҳли ташайюъ дар мавриди вилояти фақеҳ ва умуман атрофи масъалаи вилоят ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Аҳли ташайюъ масъалаи вило- ятро бештар ба сиёсат вобаста намуда, онро ҳамчун рукни асосии имомат таъбир мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вилояти фақеҳ / Ш. Абдуллозода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.